Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Имлои садонокҳо

Овози ӣ бо ду ҳарф ифода мешавад; и ва ӣ (ӣ-и заданок)Имлои садонокҳо
Овози ӣ бо ду ҳарф ифода мешавад; и ва ӣ (ӣ-и заданок). Ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад;
а) дар аввал ва мобайни калима; ибо, идора, иншо, гирифтан, давидан, хандид, китоб, Амриддин, Фазлиддин, Нуриддин ва гайра;
б) дар охири пешоянд, пайвандак ва ҳиссачаҳои ки, чи ва калимаҳои мураккабу таркибии дар заминаи онҳо сохташуда; аз сабаби, ҳангоми, мувофиқи, мисли, балки, азбаски, кошки, ҳарчи, вақте ки, ҳангоме ки, чи шумову чи ман, равем-чи, cap кунед-чи ва амсоли инҳо;
в) дар охири калимаи муайяншаванда чун бандаки изофӣ: гули бодом, насими кўҳсор, панди марди фозил, бародари дўсти наздики ман ва ғайра.
Дар калимаҳои навъи зайл садоноки и ба тамдиди бештар (дароз, раҳим, азиз, басир, шарик, таҳлил, такмил…) дучор мегардад.
3. Ҳарфи ӣ (ӣ-и заданок) дар охири калима дар мавриҳои зайл навишта мешавад:
а) дар калимаҳое, ки ҳиҷои охирашон заданок аст:
шоҳӣ, моҳӣ, олӣ, даштӣ, обӣ, хуҷандӣ, аскарӣ, навсозӣ, таксӣ, туфлӣ, хусусӣ, Тбилисӣ, Батумӣ ва ғайра;
б) бандакҳои феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо безада бошад ҳам, барои фарқ, кардани онҳо аз бандаки изофӣ бо ӣ навишта мешаванд: ту омадӣ, ту гирифтӣ ва омадӣ, ту коргарӣ ва ғайра;
4.Ҳарфи у дар чунин мавридҳо навишта мешавад:
а) дар oғoз, байн ва охири калима: устувор, устухон, бузург, дуруст, ту, бону, зону, дору, орзу, олу ва ғайра;
б) калимаҳои зер аз рўи анъана бо ҳарфи у навишта мешаванд: тарҷума, хусравонӣ, Хусрав ва ғайра;
в) пеш аз ҳамсадои артикли калимаҳои мураккаби иқтибосии арабӣ у навишта мешавад: Абдуллоҳ, Абдумалик, Абдуманнон, Мантиқуттайр, Равзатуссафо, Мовароуннаҳр, Маликушшуаро ва ғайра.
Дар калимаҳои навъи зер садоноки у дароз талаффуз шавад ҳам, ҳарфи у навишта мешавад: дуд, дур, хун, дун, оҳу, олу, бону, дарун, берун ва ғайра.
5.Ҳарфи ў (ў-и маҷҳул) дар аввал, мобайн ва охири калима навишта мешавад: ўгай, ўймок, зўр, дўст, сўхтан, гулў, бў(й), мў(й) ва ғайра.
6.Овози э бо ду ҳарф ифода мешавад: э ва е.
а) ҳарфи э дар аввали калима навишта мешавад: эдар, эй, элак, Эргаш, эб, эҷод, эълон, эҳсон, эзоҳ ва ғайра.
Дар калимасозӣ қоидаи боло риоя мешавад: беэзох, беэътибор, беэҳтиёт, беэътимод, беэҳтиром, симэлак ва ғайра;
б) ҳарфи е дар дохил ва охири калима навишта мешавад: сер, бел, сафед, шамшер, беда, шанбе, меҳр, меҳнат ва ғайра.
в) асосҳои замони ҳозираи феълҳои додан ва ниҳодан бо ҳарфи е (деҳ, неҳ), вале шаклхои тасрифии онхо бо ҳарфи и навишта мешаванд: медиҳам, мениҳам, мениҳодам.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.