Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Имлои сифатҳо

Сифат ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, хусусият ва чигунагии предмет, ашё ва мафҳумотро мефаҳмонад. Сифат ба саволҳои чӣ хел, чӣ гуна, кадом? чавоб мешавад. Сифат дорои чунин хусусиятҳо мебошад: 1. Се дараҷа дорад: оддӣ, қиёсӣ, олӣ ( нишонаҳои дараҷаи сифат пасвандҳои -тар ва -тарин аст). 2. Пешванд ва пасвандҳои махсуси калимасоз дорад. 3Имлои сифатҳо

Сифат ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, хусусият ва чигунагии предмет, ашё ва мафҳумотро мефаҳмонад. Сифат ба саволҳои чӣ хел, чӣ гуна, кадом? чавоб мешавад.
Сифат дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
1. Се дараҷа дорад: оддӣ, қиёсӣ, олӣ ( нишонаҳои дараҷаи сифат пасвандҳои -тар ва -тарин аст).
2. Пешванд ва пасвандҳои махсуси калимасоз дорад.
3. Сифат дар ҷумла муайянкунанда шуда меояд.
Сифат аз рўи маъно ва вазифааш ба ду гурўҳ ҷудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ.
Сифатҳои аслӣ аломат, хосият ва чигунагии ашёро мефаҳмонад. Онҳо ранг, бўй, ҳаҷм, маза, вазн, ҳарорат, устуворӣ ва дигар хосиятҳои предметро ифода менамояд. Сифатҳои аслӣ дараҷа ва антоним доранд:
сурх-сурхак-сурхча-сурхтар-сурхтарин, сиёҳ-сиёҳча-сиёҳтар…
Сифатҳои нисбӣ аломатро аз ҷиҳати нисбат доштани он ба предметҳои дигар ва ҳодисаҳо нишон медиҳад. Чунончи, нисбат ба одамон: меҳри падарӣ, забони модарӣ: нисбат ба предметҳо: дарвозаи чўбин, кўпруки оҳанин: нисбат ба макон: биноҳои аврупоӣ, нони самарқандӣ…

Тарзи навишти сифатҳо
Якҷоя навишта мешаванд:
а) пешвандҳои сифатсози ба -, бар-, дар -, бе -, бо -, но -, то – бо реша ва асоси калима: ҷавони бофаросат, кори бомаслиҳат, писари баркамол, ақидаи бебунёд, духтари ноком, давраи тоалифбо ва ғайра;
б) сифатҳое, ки аз такрори калима ва миёнвандҳои – ба -, -дар – иборатанд: талоши танбатан, сўҳбати рўбарў, Ҳамсояи дарбадар, такрори пайдарпай ва ғайра;
в) сифатҳое, ки аз вожаҳои мухталиф бо миёнвандҳои – ба -, – бар-, -дар – сурат гирифтаанд: духтари рўмолбасар, одами зиндадаргўр, марди кулоҳбасар, матои нестандарҷаҳон ва ғайра;
г) сифатҳое, ки аз ибораҳои гуногуни исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд; кори дусоата, танаффуси нисфирўзӣ, райъпурсии умумихалқӣ, озмуни байниноҳиявӣ ва ғайра;
ғ) сифатҳои мураккаб: хушзеҳн, солхўрда, сербаҳра, некандеш, бадхашм, тезгард, пешқадам ва ғайра;
д) сифатҳои мураккабе, ки аз такрори калима сохта шудаанд: қоғази рахрах, риши тортор, гиребони парпар, либоси ҳил-ҳил ва ғайра;
е) сифатҳое, ки аз ибораи исмии изофӣ ва асоси замони ҳозираи феъл (-парвар, -пўш, -тарош, -хўр) сохта шудаанд; марди занбўриасалпарвар, устои сангиосиётарош ва ғайра.

Бо дефис навишта мешаванд:
а) сифатҳое, ки аз шумораву исм ва пасвандҳои – а, – ӣ (-гӣ),- ина сохта шудаанд: санги 50-граммӣ, нони 2-сомонӣ ва ғайра:
б) сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, суп-сурх, сап-сафед, тип-торик, лўб-лўнда, каппа-калон ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:
а) сифатҳои муродифиву мустазодӣ ва гуногунмаъное, ки бо пайвандаки – у (-ю, – ву) омадаанд: гулҳои сурху сафед, гапҳои пасту баланд, суханҳои волою зебо, масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, моддиву маънавӣ, корҳои илмиву техникӣ ва ғайра;
б) сифатҳои ҷуфте, ки бо унсурҳои муштараки ба -, бе -, сер -, пур -, хуш , на- ва пайван¬даки – у омадаанд: дашти бедолу дарахт, одами боақлу хирад, марди хушқаду қомат, водии пургулу райҳон ва ғайра;
в) сифатҳои ҷуфте, ки аз таркибҳои исмӣ ба воситаи пасванди – нок ва асоси замони ҳозираи феълии доштан (-дор) сохта шудаанд: амали хавфу хатарнок, одами ғаму дарднок, одами пушту паноҳдор, хешу табордор ва ғайра.

Саволхо аз рўи мавзўъ:
1. Сифат чиро мефаҳмонад?
2. Сифат ба кадом саволҳо ҷавоб медиҳад?
3. Сифат аз рўи маъно чанд хел мешавад?
4. Сифат аз рўи мазмун чанд хел мешавад?
5. Сифат чанд дараҷа дорад?
6. Дараҷаҳои сифат кадомҳоянд?
7. Пешвандҳои сифатсоз кадомҳоянд?
8. Сифат асоси кадом санъти бадеӣ мебошад?
9. Сифат аз ҷихати сохт чанд хел мешавад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.