Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Имлои феълҳо

Феъл ҳиссаи мустақили нутқ буда, амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад.Ҳамаи шаклҳои феълӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: 1. Феълҳои тасрифӣ (аз рўи 3 шахсу 2 шумора ва бандакҳои феъливу хабарӣ(-ам,-ӣ,-ад,-ем,-ед, -анд) тасриф мешаванд. 2. Феълҳои ғайритасрифӣ (масдар,сифати феълӣ,феъли ҳол) Феълҳо се замон дорад: гузашта, ҳозира ва ояндаИмлои феълҳо

Феъл ҳиссаи мустақили нутқ буда, амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад.Ҳамаи шаклҳои феълӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:
1. Феълҳои тасрифӣ (аз рўи 3 шахсу 2 шумора ва бандакҳои феъливу хабарӣ(-ам,-ӣ,-ад,-ем,-ед, -анд) тасриф мешаванд.
2. Феълҳои ғайритасрифӣ (масдар,сифати феълӣ,феъли ҳол)
Феълҳо се замон дорад: гузашта, ҳозира ва оянда.
Феълҳо ду асос дорад: асоси замони гузашта ва замони ҳозира.
Феълҳо чор сиға дорад: сиғаи хабарӣ;сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ; сиғаи
амрӣ; сиғаи эҳтимолӣ.

Тарзи навишти феълҳо

Якҷоя навишта мешаванд:
а) пешвандҳои феълсози дар-, бар-, фур- (фар-), во-, боз- бо феъл: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фуромадан (фаромадан), вохўрдан, бозгаштан, бозгуфтан ва ғайра.
Вале во ва боз чун калимаи мустақил бо маънои боз (воз), кушода ояд, аз феъл ҷудо навишта мешавад: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғайра;
б) пешвандҳои шаклсози би- (бу-), на- (ма:), ме-, ҳаме- бо феъли тасрифӣ: бишкуфт, нахост, марав, меравад, медавид, дарнамегирад, барнахост, намеояд ва ғайра.
Аммо пешванди на- ихтисор ёбад(дар назм), бо дефис навишта мешавад: н-омўхт, н-омад, н-осояд ва ғайра;
в) бандакҳои феълӣ (-ам, – ӣ, – ем, – ед, – анд) ва хабарӣ (-ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд) бо калимаи пешина: хондам, хондӣ, хондем, хонданд, коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғайра;
г) бандаки хабарии шахси сеюми танҳо аст бо сифати феълӣ (феълии нақлӣ, давомдор) ҳамроҳ (хондааст, гуфтааст, дидааст), вале аз ҳиссаҳои номии нутқ, ҷудо навишта мешавад;
коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғайра.
Бандаки аст дар шакли -ст бо калимаи пешина ҳамроҳ навишта мешавад: мардест, шахсест, хонданист, рафтанист ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҷузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), сафед кардан (шудан), хафа кардан (шудан), хонда истодан, сурх шудан, як шудан ва ғайра;
б) ҷузъҳои феъли таркибии номии пешояндор: аз бар кардан, ба
ҷо овардан, ба амал овардан, дар ғазаб шудан, ба шўр омадан, умр ба сар бурдан ва ғайра;
в) ҷузъҳои феъли таркибӣ, ки маъноҳои мухталифи дастурӣ ва модалиро ифода мекунанд: хонда буд, хоҳад хонд, рафта исто-да буд, ташкил карда метавонад, бояд иҷро кунад, шояд дер монда бошад ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.