Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Имлои ҳамсадоҳо

1.Ҳарфи ж дар oғoз, байн ва охири калима навишта мешавад: жола, жарф, жулида, аждар, нажод, пажуҳиш, аждаҳо, лағжидан, каждум, бож, диж, жанр, жаргон ва амсоли инҳо. 2.Ҳарфи й дар мавридҳои зерин навишта мешавад: а) дар аввал, мобайн ва охири калима: йигит, йўрға, ҷой, вай, чой, кай, рой, кайҳон, майдон, айвон, айём, айёрИмлои ҳамсадоҳо
1.Ҳарфи ж дар oғoз, байн ва охири калима навишта мешавад: жола, жарф, жулида, аждар, нажод, пажуҳиш, аждаҳо, лағжидан, каждум, бож, диж, жанр, жаргон ва амсоли инҳо.
2.Ҳарфи й дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) дар аввал, мобайн ва охири калима: йигит, йўрға, ҷой, вай, чой, кай, рой, кайҳон, майдон, айвон, айём, айёр.
б) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, у, о, е ояд, дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф (ётбарсар) навишта мешавад:
й+а=я, й+у=ю, й+о=ё, й+э=е: якҷоя, Юсуф, дарё, чою нон, ёру бародар, рўи дилкаш ва ғайра.
в) дар мобайн ва охири калима дар байни садонокҳо дар талаффуз ҳамсадои и афзоиш ёбад ҳам, навишта намешавад: барои, сабзае навруста, олуе ширин, хонаи нав, чораи бечорагон, моҳии тилло, шўрои деҳа, орзуи дерина ва ғайра. Вале калимаҳое, ки таърихан дар таркибашон ҳамсадои й мавчуд аст, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи кабуд), пой (пойи рост), мӯй (мӯйи сафед), рӯй (рӯйи зебо) ва ғайра.
3. Ҳамсадои н пеш аз ҳамсадои б, м талаффуз шавад ҳам, ҳарфи н навишта мешавад: шанбе, анбар, анбор, занбар, санбуса, занбўр, анбўр, пунба, сунбул, танбал, танбур ва ғайра.
4. Дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷои ҳарфи ц харфи с (пеш аз садонок дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва тс (дар дохили калима, дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, Сезар, сиклон, консерт, лексия, дотсент, конститутсия ва ғайрa.
5. Ҳарфи ъ дар дохил ва охири калимаҳои иқтибосии арабӣ ба ҷои айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, масъул, масъала, мўъмин, байъ, матбўь ва ғайра.
Калимаҳои бо ҳамсадои ъ анҷом ёфта, бандаки изофӣ ё пайвандак қабул кунад ҳам, ҳарфи ъ нигоҳ дошта мешавад: байъи кор,ҷамъи мардум, табъу нашр ва ғайра.
Вале дар байни ду садонок ҳарфи ъ навишта намешавад: мавзўи баҳс, тулўи офтоб, шурўи кор, маҷмўи ашъор ва ғайра.
Калимаҳои фаъолият ва таъин аз ин қоида истисноанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.