Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Имлои ҳиссача ва нидо

Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонад. Онҳо барои таъкиду тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд. Аз ҷиҳати сохт сода (ана, ҳа, кани), сохта (мабодо, рафту) ва таркибӣ (гуё ки, на он ки, ҳа ана) мешаванд. Ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳорро ифода мекунад, нидо номида мешавадИМЛОИ ҲИССАЧА ВА НИДО
Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонад. Онҳо барои таъкиду тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд. Аз ҷиҳати сохт сода (ана, ҳа, кани), сохта (мабодо, рафту) ва таркибӣ (гуё ки, на он ки, ҳа ана) мешаванд.
Ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳорро ифода мекунад, нидо номида мешавад. Нидо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:
1. Нидои ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон : э, а, о, и, эҳ, оҳ, уф…
2. Нидоҳои ифодагари ирода (нидоҳои амр) : эй, ой, ҳой, аммо, аё, диққат…

Имлои ҳиссача
Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин якҷоя навишта мешаванд: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор, рафту (раваду) ва ғайра.
Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а пас аз калима ояд бо дефис навишта мешаванд: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а ва ғайра.
Ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гўё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои пешинаву баъдина ҷудо навишта мешаванд : На омадед ва на пайғом фиристодед. Дар ин ҷо маро фақат ту мешиносӣ. Ин гапро танҳо як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё ин кор барои шумо вазнин нест? Меҳмон ҳам бо мо меравад ва ғайра.
Ҳиссача ва калимаҳои модалии таркибӣ ҷудо навишта мешаванд: биё мон, биёед монед, гуё ки, ҳо бале, шояд ки, бояд ки, равад ки ва ғайра.

Имлои нидо
Нидоҳо ва калимаҳои модалии рехтаи зерин якҷоя навишта мешаванд: дареғо, илоҳо, худоё, ҳайфо, аллаё, раве, хезе, гурезе ва ғайра.
Нидоҳои такрор бо дефис навишта мешаванд: бай-бай, баҳ-баҳ, вой-вой, ҳай-ҳай, беҳ-беҳ, куч-куч, хиш-хиш, кош-кош, худ-худ ғайра.
Ҷузъҳои нидоҳои таркибӣ ва калимаҳои модалӣ ҷудо навишта мешаванд: сад дареғ, сад афсўс, ҳай дареғ, бисёр афсўс, сад ҳайф, ҳазор тавба; во дареғо, э вой, салому алейкум, ҳа офарин, сабил монад ва ғайра.

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Ҳисачаҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
2. Ҳиссачаҳои ишорӣ кадомҳоянд?
3. Ҳиссачаҳои маҳдудӣ кадомҳоянд?
4. Ҳиссачаҳои таькидӣ кадомҳоянд?
5. Ҳиссачаҳои тасдиқӣ кадомҳоянд?
6. Ҳиссачаҳои инкорӣ кадомҳоянд?
7. Ҳиссачаҳои саволӣ кадомҳоянд?
8. Ҳиссачаҳои модалӣ кадомҳоянд?
9. Ҳиссачаҳои модалӣ-иродавӣ кадомҳоянд?
10. Нидоҳо ба чанд гурўҳ ҷудо мешаванд?
11. Кадом нидоҳо ҳиссиёту ҳаяҷонро ифода мекунанд?
12. Нидоҳои ифодагари ирода кадомҳоянд?
13. Кадом нидоҳо талаби риояи хомўшӣ ва итоат карданро ифода менамоянд?
14. Байни кадом нидоҳо аломати тире гузошта мешавад?

Ҳикоят
Каждуме ногоҳ ба лаби обе расид хушк набуд.Фурўъ монд, на пои рафтан ва на роҳи бозгаштан. Сангпуште ин маъниро аз вай мушоҳида кард, ба вай тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор кард ва худро дар об андохта шинокунон рў ба ҷониби дигар ниҳод ва дар он асно овозе ба гўшаш расид ва дид, ки каждум чизе бар пушти вай мезад. Пурсид, ки ин чӣ овоз аст? Каждум ҷавоб дод, ки ин овози неши ман аст бар пушти ту. Ҳарчанд медонам, ки бар он коргар намеояд, аммо одоби худро наметавонам гузошт, чунончи гуфтаанд:
Неши ақраб на аз раҳи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Сангпушт бо худ гуфт, ки ҳеҷ беҳ аз ин нест, ки ин бадсириштро аз ин хўи бад бираҳонам ва некўсиратонро аз осеби вай халосӣ диҳам. Ба об фурў рафт ва каждумро мавҷ бурд.
Абдураҳмони Ҷомӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.