Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Имлои ҷонишинҳо

Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, ба предмет, аломат ва миқдори он ишорат мекунад. Ҷонишин ба ҷои исм, сифат ва шумора меоядИмлои ҷонишинҳо

Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, ба предмет, аломат ва миқдори он ишорат мекунад.
Ҷонишин ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд.
Ҷонишин ба гурўҳи предметӣ: ман, ту, мо, шумо, вай, кӣ, ҳеҷ кӣ, ҳеҷ чӣ, баъзе, худ, ин, он, ҳамин, ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳама, ким-кӣ, ким-чӣ…
сифатӣ: ин хел, он хел, ин гуна, чунин, чунон, чӣ хел, чӣ гуна…
шуморавӣ: чанд, чандум, чандин, чӣ кадар, ин қадар, ҳамин қадар…
ҷудо мешавад.
Ҷонишин дар ҷумла ба вазифаи мубтадо, хабар, муайянкунанда, ҳол ва пуркунанда меояд.
Ҷонишин аз ҷиҳати маъно ба хелҳои зерин ҷудо мешавад:
1. Ҷонишинҳои шахсӣ: ман, ту, вай, мо, шумо, онҳо…
2. Ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидӣ: худ(худам, худат, худаш), хеш, хештан.
3. Ҷонишинҳои саволӣ: кӣ,киҳо,чӣ,чиҳо,чӣ хел,чӣ гуна,кадом,чанд,
чӣ қадар,чандум…
4. Ҷонишинҳои ишоратӣ: ин,он,ҳамин,ҳамон,чунин,чунон,ин гуна,он
гуна,ин хел,он хел…
5. Ҷонишинҳои таъинӣ: ҳама,ҳар(ҳар кӣ,ҳар чӣ,ҳар кас,ҳар кадом,
ҳар як)
6. Ҷонишинҳои манфӣ(инкорӣ): ҳеҷ(ҳеҷ кӣ,ҳеҷ чӣ,ҳеҷ кас,ҳеҷ чиз,
ҳеҷ як,ҳеҷ кадом)
7. Ҷонишинҳои номуайянӣ: кадом,баъзе,ягон,якчанд,фалон,фало-
нӣ,ким-кӣ,ким-чӣ,ким-кадом
8. Ҷонишинҳои муштарак: якдигар,ҳамдигар

Тарзи навишти ҷонишинҳо
Ҷонишиҳое, ки якҷоя навишта мешаванд:
а) бандакҷонишинҳо (-ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон) бо исм ва калимаҳои дигар: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон ва ғайра.
Агар бандакҷонишин дар шакли кўтоҳ (дар назм) ояд, аз исмҳо бо дефис ҷудо карда мешавад: писар-м, писар-т, писар-ш ва ғайра;
б) ҷонишини мураккаб: ҳамин, ҳамон, инчунин, ончунон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар ва ғайра.

Ҷонишиҳое, ки ҷудо навишта мешаванд:
Ҷузъҳои ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳеҷ як, ҳар қадар, чӣ гуна, чӣ хел, чӣ қадар, чӣ навъ ва ғайра ҷудо навишта мешаванд.
Пурсишҷонишинҳои кӣ ва чӣ дар алоҳидагӣ ва дар дохили ҷонишинҳои таркибӣ ҷудо навишта мешаванд: ҳар кӣ, ҳар чӣ, чӣ тавр, чӣ хел, чӣ қадар ва ғайра.
Пурсишҷонишинҳои кӣ ва чӣ ( дар дохили ҷонишинҳои таркибӣ низ) бо ӣ (ӣ-и заданок) навишта мешаванд.

Саволҳо аз рӯи мавзӯъ:
1. Ҷонишинҳо ба ҷои кадом ҳиссаҳои нутқ меоянд?
2. Ҷонишинҳо аз рўи маъно чанд хел мешавад?
3. Кадом ҷонишинҳо шахсӣ аст?
4. Кадом ҷонишинҳо таъинӣ мебошанд?
5. Ҷонишинҳои муштарак кадомҳоянд?
6. Ҷонишинҳои нафсӣ –таъкидӣ кадомҳоянд?
7. Ҷонишинҳои саволӣ кадомҳоянд?
8. Ҷонишин аз ҷиҳати сохт чанд хел мешавад?
9. Дар байти зерин кадом хели ҷонишин омадааст?
Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад,
Омўхтани сад забон осон гардад.
10.Ҷонишинҳои мураккаб кадомҳоянд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.