Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Имлои шумораҳо

Шумора ҳиссаи мустақили нутқ буда, миқдор ва тартиби предметро бо адад ифода менамояд.Шумора ба саволҳои чанд, чандум,чандто,чӣ қадар? ҷавоб медиҳад. Шумораҳо дар ҷумла асосан муайянкунанда шуда меоянд. Шумораҳо аз ҷихати сохт чор хел мешаванд: сода (ду, даҳ, сад), сохта (якум, сеюм), мураккаб (чордаҳ, дусад), таркибӣ (бисту панҷ, дусаду сию ду)Имлои шумораҳо

Шумора ҳиссаи мустақили нутқ буда, миқдор ва тартиби предметро бо адад ифода менамояд.Шумора ба саволҳои чанд, чандум,чандто,чӣ қадар? ҷавоб медиҳад.
Шумораҳо дар ҷумла асосан муайянкунанда шуда меоянд.
Шумораҳо аз ҷихати сохт чор хел мешаванд: сода (ду, даҳ, сад), сохта (якум, сеюм), мураккаб (чордаҳ, дусад), таркибӣ (бисту панҷ, дусаду сию ду).
Шумораҳо аз ҷиҳати маъно ва вазифаашон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: микдорӣ ва тартибӣ.
Шумораҳои миқдорӣ адади предметҳоро мефаҳмонанд ва ададҳои алоҳидаро номбар мекунанд: даҳ китоб, панҷ кас…
Шумораҳои миқдорӣ се хел мешаванд: аслӣ,тахминӣ ва касрӣ.
Шумораҳои аслӣ дар забони тоҷикӣ ҳамагӣ 20 калима аст:
як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, нўҳ, даҳ, бист, сӣ, чил, панҷоҳ, шаст, ҳафтод, ҳаштод, навад, сад, ҳазор.Ададҳои дигар аз ин шумораҳо таркиб ёфтаанд.
Шумораҳои тахминӣ: се-чор, сӣ-чил…
Шумораҳои касрӣ: сеяк, шашяк, даҳяк…
Шумораҳои тартибӣ тартиби предметро бо адад ифода мекунад.
Онҳо аз шумораҳои аслӣ бо ҳамроҳ кардани пасванди -ум,-юм,
-умин сохта мешаванд.

Тарзи навишти шумораҳо
Якҷоя навишта мешаванд:
а) пасванди шумораи тартибӣ – ум (-юм) бо шумора: чорум, даҳум, сеюм, дуюм, шасту сеюм, бисту дуюм ва ғайра;
б) шумораҳои мураккаб аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нўҳсад: дувоздаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, ҳаштсад ва ғайра.
Шумораҳои миқдорӣ ва тартибии зерин ду шакли навишт доранд: дусад-дувист, чор-чаҳор, чил-чиҳил, дуюм-дувум, сеюм-савум, чорум-чаҳорум;
в) шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғайра.
Агар шумораи касрӣ бо пешоянди аз ояд, ҷудо навишта мешавад: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғайра;
г) нумеративи – то ( – та) бо шумораи миқдорӣ : дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғайра.

Бо дефис навишта мешаванд:
а) шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ- понздаҳ, сӣ-чил, ҳазор-дуҳазор ва ғайра;
б) нумеративи – то ( – та) ва шуморае, ки бо рақам ифода ёфтааст; 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғайра;
в) пасванди шумораи тартибӣ – ум (-юм) ва рақам; 5-ум, 12-ум, 30-юм, 2-юм ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:
а) шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ву, -ю) сурат гирифтаанд: бисту як, сиву (сию) се, панҷоҳу панҷ, ҳазору сиву шаш ва ғайра;
б) шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву (дую) ним, дуву (дую) чоряк ва ғайра;
в) нумеративҳои дона, сар, нафар, даста, бех, ҷуфт ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар ва ғайра;
г) фоиз ба тариқи зайл навишта мешавад: 5 фоиз, сад фоиз, як саду даҳ фоиз ва ғайра. Калимаи фоиз дар таркиби дар сад низ истифода мешавад: панч дар сад, сад дар сад…

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Шумора чиро ифода мекунад?
2. Шумора чанд хел мешавад?
3. Шумора аз ҷиҳати сохт чанд хел мешавад?
4. Шумораҳои миқдорӣ кадомҳоянд?
5. Пасванди шумораи тартибӣ кадом аст?
6. Кадом хели шумора бо пасванди –ум, -юм меояд?
7. Кадом шумораҳо якҷоя навишта мешаванд?
8. Тарзи навишти шумораҳои тахминӣ чӣ хел аст?
9. Кадом хели шумораҳо ҷудо навишта мешаванд?
10. Шумораҳои мураккабро номбар кунед.
11. Кадом шумораҳо ду шакли навишт доранд?
22. Нумеративҳоро номбар кунед .


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.