Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Калима ҳамчун воҳиди луғавӣ

Лексикология калимаи юнони буда (лексис-луғат, калима ва монолог-илм, таълимот), илм дар бораи калимаҳо мебошад. Калима воҳиди конкретии забон аст. Забон ҳамчун воситаҳои муомила пеш аз ҳама воситаи каломи буда, аз калимаҳо иборат аст. Лексикология калимаро ҳамчун воҳиди лексики ва ҳамчун воҳиди таркибии луғавии забон меомўзадКАЛИМА ҲАМЧУН ВОҲИДИ ЛУҒАВӢ

Лексикология калимаи юнони буда (лексис-луғат, калима ва монолог-илм, таълимот), илм дар бораи калимаҳо мебошад. Калима воҳиди конкретии забон аст. Забон ҳамчун воситаҳои муомила пеш аз ҳама воситаи каломи буда, аз калимаҳо иборат аст.
Лексикология калимаро ҳамчун воҳиди лексики ва ҳамчун воҳиди таркибии луғавии забон меомўзад. Аз ин рў дар қатори «калимаҳои чудогона» лексикология таркибҳоеро меомўзад, ки аз чиҳати маъно бо як калима баробаранд (таркибҳои лексики, воҳидҳои фразеологи-идиомаҳо).
Калима аз як морфема иборат шуда метавонад (калимаҳои якморфемаги: ин, он, санг, бисёр, ана, ва, аммо). Масалан: баҳор, зимистон, шаб ва мисли инҳо.
Калимаҳо номи чизҳо, ҳодисаҳо, воқеаҳо, аломат, амалу ҳолатҳо мебошанд. Аммо азбаски калимаҳо аз морфемаҳо иборатанд ва морфемаҳоро ифода мекунанд, пас худи калимаҳо ҳам ба ин ё он дарача ифодакунандаи мафҳум мебошанд. Морфема ва калима дар бобати ифодаи мафҳум аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Морфема ифодакунандаи мафҳуми абстракт буда, калима мафҳумро конкрети гардонида, онҳоро бо номи чизҳо, ҳодисаҳо вобаста менамоянд. Калима номро ифода карда истода, гурўҳи чизҳо, ашёҳоро ҳам ифода карда метавонанд. Масалан калимаҳои китоб, харбуза, себ ва ғайра ҳам ифодакунандаи як ашьё ва ҳам гурўҳи ашьёҳо шуда метавонанд. Ҳатто исмҳои хос ҳам ба ифодаи муносибатҳои ягонаги маҳдуд намешаванд. Масалан Карим, Зулфия. Ин номҳо на ин ки танҳо ба Кариму Зулфия дахл доранд, балки садҳо нафар соҳиби ин гуна ном ҳастанд ва ин номҳо ба ҳамаи онҳо мансубанд.
Ҳамин тавр калима воҳиди мустақили маънодори забон буда, вазифаи асосии он иборат аз номифодакуни мебошанд: калима аз морфема (воҳиди хурдтарини маънодори забон) бо он фарқ мекунанд, ки вай мустақилият дорад, мувофиқи қонуни ин ё он забон аз чиҳати грамматики шакл гирифтааст ва на танҳо дорои маънои лексики, балки дорои маънои грамматики низ мебошанд. Аксаран калима аз чумла бо он фарқ мекунад, ки чумла хусусияти хабардиҳи дорад, вале на ҳамаи калимаҳо ба ин хусусият соҳиб мешаванд. Дар забони типи гуногуни калимаҳо мавчуданд. На ҳамаи калимаҳои дар таркиби луғавии забон буда дар сохтани калима ва шаклҳои нав ба монанди калимаҳои мустақилмаъно иштирок мекунанд. Ҳамаи калимахои таркиби луғавии забонро аз чиҳати қобили ифода кардани ном, маъно ва аъзои чумла шуданашон ба чунин типҳо чудо кардан лозим аст:
1.Калимаҳои мустақилмаъно (исм, сифат, зарф, феъл)
2.Калимаҳои чонишини
3.Калимаҳои шуморави
4.Калимаҳои ёридиҳанда
5.Калимаи нидои
Дар ҳақиқат, типи калимаҳои боло аз чиҳати лексики гуногун мебошанд. Калимаҳои мустақилмаъно (ғайр аз исми хос) дар таркиби луғави калимаҳои комилҳукук мебошанд: онҳо ҳам ифодакунандаи ном ҳам мафҳум ва ҳам асоси чумла мебошанд, ҳамчун аъзои чумла ба вазифаи мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол меоянд (хона, об, баҳор, имруз, сафед, зебо, бисер, зуд).
Калимаҳои чонишини бевосита ном набуда ,танҳо чонишини ном, ивазкунандаи ном мебошанд.
Чонишинҳо калимаҳоеанд, ки маънои онҳо танҳо аз вазъияти шароити нутқ маълум мегардад.
Чонишинҳо калимаҳои дуюминдарача буда, дар нутқ барои кўтоҳбаёни, мухтасарии ифода ва такрор накардани калимаҳо ёрии калон мерасонанд. Шумораҳо мафҳумро ифода кунанд ҳам, мафҳуми махсус буда, он мафҳум ва чизҳои реалии бевосита нест. Мафҳуми шумур аз миқдори муқаррарӣ бакулли фарқ мекунанд, зеро мафҳуми муқаррари албатта, ду ё се аломату хусусияти асоси дошта метавонад, вале мафҳуми шумур ва миқдор (се, чор, шаш) танҳо бо як хусусияту аломати асосии худ маҳдуд буда, фақат як миқдори шумораро аз дигар фарқ мекунаду халос. Дар матнҳо шумораҳо мустақилона аъзои чумла шуда наметавонанд, онҳо бо исмҳо омада, мубтадои таркиби ва пуркунандаи таркибиро ташкил медиҳанд. Мисол, ду бародар бо ҳам мусобиқа бастанд. Аз як даст садо намебарояд.
Калимаҳои ёридиҳанда дар таркиби луғат мавқеи махсус дорад (пешояндҳо, пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо, артиклҳо, феълҳои ёридиҳанда, бандакҳои феъли) ин гуруҳи калимаҳо мустақил нестанд. Онҳо бо калимаҳои мустақилмаъно омада барои ифодаи муносибати гуногуни грамматики хизмат мекунанд. Калимаҳои ёридиҳанда ифодакунандаи мафҳумҳои муносибатҳои замони ,сабаби ,мақсади,шарти, хилофи, пайвасткуни, қувватдиҳи, таъкиди-муайянкуни ва ғайра мебошанд. Калимаҳои нидои дар нутқ роли хос доранд. Онҳо ҳамчун аломати ҳиссиёти ва сигнали майлҳои иродави хизмат мекунанд. Онҳо номро ифода намекунанд, ва мафҳум надоранд, аъзои чумла шуда, наметавонанд. Лексикология ба нидоҳо каму беш машғул мешаванд. Вазифаи асосии лексикология омўхтани калимаҳои мустақилона аст.
Калимаҳои мустақилмаъно асоси лексикаи ҳар як забонро ташкил дода, дар тараққиёт ва тағироти маъно роли калон мебозад. Онҳо калимаҳои комилҳуқуқи лексика буда, маъною мафҳум, номи ашёи воқеиро ифода намуда, асоси чумла (аъзои чумла) шуда меоянд.
Дар системаи семантикаи забон маъниҳо нисбат ба миқдори калимаҳо зиёданд. Бо ибораи дигар гўем, калимаҳо сермаъноянд. Оддитарин сермаъногии калимаҳо худи калимаи забон мебошад-маъноҳои гуногун дорад. Аз як тараф мо онро ҳамчун узви инсон ҳисоб мекунем, аз тарафи дигар ҳамчун қобилияти гап задан, ифода намудани фикр тасаввур менамоем. Ба ҳамин маънӣ сермаъногии калимаро ба ҳамгунаҳо, муродифҳо чудо мекунанд.

1. Савлат – а) тези, тунди, ҳамла бо хашм, хашмгини б) ҳайбату салобат в) зуру кувват
2. Шамоил – а) хислати нек б) афту башара
3. Сарфа – а) фоида, манфиат б) танги дар харч кардан иқтисод
4. Маърифат – а) илм, дониш б) биншин, фахм в) шинохтан г) шиносои ошнои


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.