Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Калимаҳои кӯҳнашуда ва неологизмҳо. таъбироти халқӣ ва одоби муошират

Дар забони тоҷикӣ калимаҳое, ки аз ҷиҳати хусусияти забонии худ аз дигар гурӯҳҳои лексикӣ, аз калимаҳои умумии серистеъмоли муосир фарқ мекунад, хеле бисёранд. Як гурӯҳи калимаҳоро калимаҳои таърихӣ ташкил медиҳанд. Калимаҳои таърихӣ предмету мафҳумҳоеро ифода мекунанд, ки манбаи маводии онҳо барҳам хӯрдаастКАЛИМАҲОИ КӮҲНАШУДА ВА НЕОЛОГИЗМҲО. ТАЪБИРОТИ ХАЛҚӢ ВА ОДОБИ МУОШИРАТ.

Калимаҳои кӯҳнашуда ва нав (архаистӣ ва неологизмҳо)
Дар забони тоҷикӣ калимаҳое, ки аз ҷиҳати хусусияти забонии худ аз дигар гурӯҳҳои лексикӣ, аз калимаҳои умумии серистеъмоли муосир фарқ мекунад, хеле бисёранд. Як гурӯҳи калимаҳоро калимаҳои таърихӣ ташкил медиҳанд.
Калимаҳои таърихӣ предмету мафҳумҳоеро ифода мекунанд, ки манбаи маводии онҳо барҳам хӯрдааст.
Масалан: қозӣ, амир, амлокдор, миршаб, корвонбошӣ, чоряккор, батрак, бунак ва ғайра. Гурӯҳи калимаҳои кӯҳнашударо архаизмҳо ташкил мекунанд. Масалан, архаизмҳо бошанд ҷои худро ба калимаҳои дигар додаанд. Мисол: видоъ- падруд, қосид- пайк,қалъа- диж, деҳқон- кишоварз, хурд- кеҳ, тахт- авранг, насиҳат- панду андарз, онҳо- эшон.
Калимаҳои кӯҳнашуда бисёр калимаҳои хоси замонҳои гузашта, муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамон давраро ифода мекунанд. Масалан: камина- худ, махдум – арбоб, маликушшуаро- шоҳи шоирон, боҷ- андоз…
Калимаҳои нав ( неологизмҳо)
Ҳар як предмет мафҳум ё ҳодисаи нав ба воситаи калимаву ибораҳои нав ном бурда мешаванд. Пас аз Инқилоби Октябр ба забони тоҷикӣ бисёр калимаҳои нав дохил шудаанд: колхоз, совхоз, комсомол, трактор, револютсия, сотсиализм, коммунизм…
Калимаҳои нав бо ду роҳ пайдо шудаанд:
1. Барои номбар кардани предмет, ҳодиса ва сифати нави воқеият: космос, космодром, радифи маснӯъ, васеъэкран, бригада ва ғайра.
2. Барои аз нав номбар кардани предмет, ҳодиса ва сифати вокеият, ки пеш аз ин ҳам дар забон ном доштанд.
Мисол: солдат – аскар, армия – лашкар , аптека – дорухона, блок – созиш, поэма – достон, самолёт – тайёра.
Дар асри 21 ба забони тоҷикӣ калимаҳои нав (махсусан англисӣ) фаровон дохил шуда истодаанд: информатика, компютер, технология, менеҷмент, менеҷер,бизнес, инвеститсия, кредит…

Лексикаи соҳавӣ
Ҳар як касбу ҳунар, ки хусусияти фаъолияти меҳнатии одамонро муайян мекунад, ба лексикаи хоси худ соҳиб аст. Лексикаи ҳар як касбу ҳунар бештар дар доираи худи ҳамон касбу ҳунар аз тарафи намояндагони он истеъмол мешавад.
Лексикаи касбҳои гуногун, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ ва ғайра бо забони умумихалқӣ муносибати ҳамешагӣ доранд, вале бо хусусиятҳои махсуси худ байни ҳам ва забони умумихалқӣ фарқ карда меистанд. Луғати ин ё он соҳа, барои ҳамаи намояндагони ҳамин соҳа фаҳмо аст ва аз тарафи онҳо каму беш истеъмол мешаванд. Аз тарафи дигар, дар байни луғати касбӣ лексикаи махсуси маҳдуд ва лексикаи ҳамафаҳми то як андоза умумишуда мушоҳида мегардад. Масалан, аз касби бофандагӣ: алоча, бахмал, беқасаб, моку, найча, аз касби оҳангарӣ, мисгарӣ ва тунукасозӣ, кура, чарх, дам, сандон, қайчӣ, болға, анбӯр барин калимаҳо ҳамафаҳм шудаанд, вале баъзе калимаҳои соҳавӣ бештар ба намояндагони худи ҳамон соҳаҳо маълуманд ва аз ин ҷиҳат лексикаи махсуси маҳдудро ташкил медиҳанд. Лексикаи касбу ҳунар дар забони тоҷикӣ ҳам аз ҷиҳати тараққиёти техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати инкишоф ва тағйироти имрӯзааш мавқеи алоҳидаеро ишғол менамояд. Бисёр лексикаи касбиро мушоҳида менамоем, ки ҳоло аз байн рафтаанд ё рафта истодаанд ва қисми дигар ба андозаи мавҷудияти соҳаҳои касбу ҳунар ё пайдоиши навъҳои дигари он дар истеъмоланд. Бинобар ин лексикаи касбӣ ҳамчун калимаҳои ифодакунандаи соҳаҳои гуногуни касбу кор, ки гурӯҳи муайяни лексикаи забони тоҷикиро ташкил медиҳанд, барои омӯхтану равшан намудани ҳодисаҳои лексикӣ ва грамматикии забон аҳамияти калон дорад.
Лексикаи соҳавӣ ҳамчун калимаҳои махсуси соҳаҳои гуногуни касбу ҳунар пештар дар нутқи гуфтугӯии намояндагони ҳамин соҳаҳо истеъмол мешудаанд ва як навъ истилоҳоти хоси онҳо ба шумор мераванд. Аз ин ҷиҳат, лексикаи касбиро терминҳои халқии соҳаи касбу ҳунар номидан беҳтар аст.

Таъбироти халқӣ ва одоби муошират
Ҳамарӯза дар муносибати байниҳамдигарии инсонҳо истифода аз таъбироти халқӣ ба мушоҳида мерасад. Одамон ба хотири танзими муносибатҳо аз одоби муошират ва тарзҳои анъанавии салому падруд истифода мебаранд.
Таъбироти халқӣ маърифати суханвар ва ахлоқи неки ӯро инъикос менамоянд. Ҳар рӯз дар фосилаи салому падруд инсонҳо дар муошират аз таъбирот ва калимаҳои зиёд истифод мебаранд. Воқеан ҳусни инсон ва фарҳанги ӯ дар тарзи ифодаи матлаб ва баёни андеша, муносибати ӯ бо дигарон ифода меёбад.

Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кунад морро.

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.

Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.

Ҷуз рост набояд гуфт ва ҳар рост нашояд гуфт.
Таъбирҳои халқӣ дар ҳар лаҳзаи ҳаёти мо истифода мешавад. Яке аз фазилатҳои хуби инсонӣ меҳмоннавозӣ ва одоби салом аст, ки мо дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ истифода мебарем. Дар бораи одоби меҳмондорӣ мегӯянд:

Андар он ки меҳмон дорӣ,
Ҳурмати меҳмон бояд дошт.
Бар лаби чӯйбори меҳмони,
Ҷуз ниҳоли карам нашояд кошт.

Одоби салом
Гузаштагони ҳаётдидаи бошарафи мо саломро алифбои одоб номидаанд. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳамаи хурду калон, шиносу ношинос салом медоданду саломро қарзи Худо меҳисобиданд. Аслан изҳори хайрхоҳӣ, оромӣ, саломатӣ ва самимияти байни одамон буда, ба чо овардани одоби салом аломати маданиятнокии ҳар як шахс мебошад. Аксарияти мусулмонон дар вақти вохӯрӣ “Ассалому алейкум “ мегӯянд, ки маънояш “Саломат ва тинҷ бошед “ мебошад. “Ваалейкум ассалом “- мегӯяд шахси дигар, ки маънояш “Шумо ҳам саломат бошед “ гуфтан аст. Яъне салом кардан саломат ва осудагии ҳамдигарро хостан, ба ҳамдигар тинчию амонӣ, сулҳу осоиштагӣ орзу намудан аст. Аз ин рӯ, одам бояд ба хурду калон, шиносу ношинос бояд салом гӯяд. Агар ба ягон чамъомаде равед, ба ҳама салом гӯед. Дар вақти ба касе салом гуфтан бояд чеҳрахандон бошед. Бо қавоқи гирифта ба касе салом гуфтан ё алейк гирифтан аз рӯи одоб нест. Бо имову ишора салому алейк кардан низ камоли беҳурматист. Дар вақти салому алейк ҳолпурсӣ кардан ва саломатии аҳли хонадонро пурсидан лозим аст. Бо кибру ғурур ба касе салом нагӯед, ки он шахс аз шумо меранҷад. Ҳама гуна вохӯрӣ ва мулоқоти одамон бо салом оғоз меёбад, бинобар ин саломро калиди муносибатҳои инсонӣ номидаанд. Салом маданиятнокии одамонро нишон медиҳад. Маънои салом додан изҳори хайрхоҳӣ аст. Салом доданро фаромӯш накунед.
Дигар намуди одоби муошират муомила бо падару модар аст. Ҳангоми муомила бо падару модар бояд хушмуомила бошед.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Андар таҳи пои модарон аст.
Кошифӣ
Бо модари худ меҳрубон бош,
Омодаи хидматаш ба чон бош
Бо чашми адаб нигар падарро.
Аз гуфтаи ӯ мапеч сарро.
Э. Мирзо


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.