Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Мавқеи муродифҳо, мутазод, калимаҳои сермаъно ва ҳамгунҳо

Калимаҳои таркибии забон аз ҷиҳати ифодаи маъно гуногун мешаванд. Як гурўҳ калимаҳо як маъноро ифода мекунанд. Бисёр калимаҳои таркиби луғавии забон якчанд маъноро ифода карда метавонад: забон – забони одам, забони тоҷикӣ, забон як кардан, забон гирифтан, забон хондан, забон харидан… Сермаъногӣ як воситаи инкишофёбии маъноҳои калимаҳо мебошадМАВҚЕИ МУРОДИФҲО, МУТАЗОД, КАЛИМАҲОИ СЕРМАЪНО ВА ҲАМГУНҲО

Калимаҳои таркибии забон аз ҷиҳати ифодаи маъно гуногун мешаванд. Як гурўҳ калимаҳо як маъноро ифода мекунанд. Бисёр калимаҳои таркиби луғавии забон якчанд маъноро ифода карда метавонад: забон – забони одам, забони тоҷикӣ, забон як кардан, забон гирифтан, забон хондан, забон харидан…
Сермаъногӣ як воситаи инкишофёбии маъноҳои калимаҳо мебошад.
Муродифҳо калимаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик буда, аз ҷиҳати таркиби овозиашон ҳархела мебошанд.
Ҷасур – далер – нотарс – шуҷоъ
Рўй – чеҳра- қиёфа – афт- башара – симо – лиқо
Офтоб – хуршед – шед- шамс
Интизор – умедвор – нигарон
Ҳамгунаҳо калимаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати таркиби овозиашон якхела буда, маъноҳои тамоман гуногунро ифода мекунанд.
Масалан: Шона – асбобе, ки барои ба тартиб овардани муйсар истифода бурда мешавад. Шона — як кисми бадани одам, шона — ғунчаи шукуфтаи пахта…
Чанг – асбоби мусиқӣ
Чанг – ғубор – чангу хок
Дор – исм, асбоби қатлкунӣ
Дор – аз феъли доштан, асоси замони хозира

Мутазод (антонимҳо) калимаҳои муқобилмаъно мебошанд. Антоним муносибати маъноии калимаҳоро дар бар мегирад, ки он муносибати ба мафҳуми муқобилгузорӣ асос ёфтааст. Антонимҳои оддитарин бо ёрии аффиксҳо ҳосил мешаванд: хуб – нохуб, дуруст – нодуруст, бино – нобино, боақл – беақл, масъулиятнок – бемасъулият, нек – бад, тез – суст, кам – бисёр…
Мутазодҳоро мувофиқи маъно ба чунин гурўҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:
1. Мутазодҳое, ки хусусияти аломат, вазъият ва ҳолати шахсҳо ва ашёҳоро мефаҳмонанд: ҷавон – пир, ҷавонӣ – пирӣ, равшан – торик, гарм – хунук…
2. Мутазодҳое, ки ифодакунандаи номи ҳодисаҳои табиат мебошанд: гармӣ – хунукӣ, гармо – сармо, равшан – торик…
3. Мутазодхое, ки вақту замон, макону масофа ва фаслхоро ифода мекунанд: тобистон – зимистон, баҳор – хазон, барвақт – бевақт, боло- поён…
4. Мутазодҳое, ки ҳаҷму миқдор ва сифати ашёро мефаҳмонанд: хурд – калон, паст – баланд…
Мутазодҳо аз ҷиҳати сохти худ асосан се хел мешаванд: сода, сохта, мураккаб. Дар забони тоҷикӣ ҷуфтҳои мутазод ҳастанд, ки бо пайвандаки -у(-ю) алоқаманд шуда, асосан ба як маънӣ далолат мекунанд: шому саҳар, тунду тез, хурду калон…

Муродифҳо ва мутазод
Синонимҳо калимаҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар монанд ё наздик, вале аз ҷиҳати таркибии овозиашон ҳархела мебошанд:
Офтоб- хуршед. Интизор- умедвор

Синонимхо бо роҳҳои зерин ба вуҷуд меоянд:
1. Бо роҳи калимасозӣ: Тағйирот- дигаргунӣ, мардӣ- шуҷоат.
2. Аз ҳисоби шеваю лаҳҷа: Бол- қанот, пул- купрўк, шикорчӣ- сайёд, сабзӣ- бехӣ…
3. Бо роҳи иқтибос аз дигар забонҳо: деҳа- қишлоқ, арўс- келин, дил- қалб.
4. Бо роҳи истифодаи маҷоз: Танбал- гарданғафс, шайтон- фиребгар.

Синонимҳо аз ҷиҳати сохт:
1. Синонимҳои сода: дунё – ҷаҳон, гетӣ, даҳр, калон- бузург, азим.
2. Синонимҳои сохта: пагоҳӣ – саҳарӣ, некӣ- хубӣ, шодӣ- хурсандӣ.
3. Синонимҳои мураккаб: Хафа шудан- ғамгин шудан, ба ғазаб омадан- хашмгин шудан.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.