Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Навъҳои ибора

Навъҳои ибора 1. Ибораҳои исмӣ: (исмҳо) соати тилло, оби чашм, (сифат) гули сурх, оби ширин, (шумора) соати даҳ, асри бист, (ҷонишин) китоби ман, ҳамин мактаб, (феъл) мақолаи чопшуда, оби нўшиданӣ, сабаби омадан, муддати хондан… 2. Ибораҳои сифатӣ: (исм) кузаи об, аз гул нозук, аз санг сахт, (сифат) сурхи баланд, пири хирадманд, (зарф) басе зебо, хеле бузург… 3Навъҳои ибора

1. Ибораҳои исмӣ: (исмҳо) соати тилло, оби чашм, (сифат) гули сурх, оби ширин, (шумора) соати даҳ, асри бист, (ҷонишин) китоби ман, ҳамин мактаб, (феъл) мақолаи чопшуда, оби нўшиданӣ, сабаби омадан, муддати хондан…

2. Ибораҳои сифатӣ: (исм) кузаи об, аз гул нозук, аз санг сахт, (сифат) сурхи баланд, пири хирадманд, (зарф) басе зебо, хеле бузург…

3. Ибораҳои шуморагӣ: иморати якум, дуи дигар, панҷуми онҳо…

4. Ибораҳои ҷонишинӣ: мани бечора, баъзеи онҳо, шумои ҷавон…

5. Ибораҳои зарфӣ: ниҳоят далерона, андаке сусттар, хеле оромона…

6. Ибораҳои феълӣ: аз китоб омўхтан, шаб омадан, хўрок хурдан, донишгоҳ рафтан, барвақт дидан, нишаста хондан, тез омадан…

Сохти иборахо

Ибораҳо аз ҷиҳати сохт ду хел мешаванд: сода ва мураккаб.

1. Ибораҳое, ки бо ёрии яке аз воситаҳои грамматикӣ аз калимаи мустақилмаъно ташкил ёфтаанд, ибораҳои сода номида мешаванд:

ҳавзи калон, зуд рафтан, соати деворӣ…

2. Ибораҳое, ки аз се ё бештар калимаҳои мустақилмаъно сохта шудаанд, ибораҳои мураккаб номида мешаванд:

косаи чинии қадима, барҷастатарин осори маъмурӣ, симои бисёр бузург…

Саволҳо аз рӯи мавзӯъ:

1. Ибора чист?

2. Роҳҳо ва воситаҳои сохтани ибораҳоро гўед.

3. Доир ба сохт ва шакли ибораҳо маълумот диҳед.

4. Кадом навъҳои ибораро медонед?

5. Дар ибора кадом навъҳои воситаи алоқа ба мушоҳида мерасад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.