Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Услубҳои забони тоҷикӣ. Услуби бадеӣ, публитсистӣ

Услуби бадеӣ асарҳои мансур ва манзумро дар бар мегирад. Услуби бадеӣ чунин хусусиятҳои ба худ хосро дорад: образнокии калом, тахайюлоти бадеӣ (бофта, фантазия), дорои қаҳрамонон ва персонажҳо, сужет ва композитсия, инчунин санъатҳои бадеӣ (маҷоз, истиора, ташбеҳ, ташхис, муболиға… ) мебошад. Услуби бадеӣ хоси адабиёти бадеистУслубҳои забони тоҷикӣ. Услуби бадеӣ, публитсистӣ.

Услуби бадеӣ

Услубшиносӣ яке аз соҳаҳои илми забоншиносӣ буда, услубҳои нутқро меомўзад.

Услуби бадеӣ асарҳои мансур ва манзумро дар бар мегирад. Услуби бадеӣ чунин хусусиятҳои ба худ хосро дорад: образнокии калом, тахайюлоти бадеӣ (бофта, фантазия), дорои қаҳрамонон ва персонажҳо, сужет ва композитсия, инчунин санъатҳои бадеӣ (маҷоз, истиора, ташбеҳ, ташхис, муболиға… ) мебошад.

Услуби бадеӣ хоси адабиёти бадеист. Воситаҳои забон ҳама якҷоя барои эҷод ва офаридани образи бадеӣ хизмат мекунанд. Гарчанде ки дар услуби бадеӣ ду ҷиҳати муҳими забон-ҷиҳати иртиботӣ (коммуникативӣ) ва эстетикӣ якҷоя амал намоянд ҳам, вале ҷабҳаи эстетикӣ доимо ҷабҳаи асосӣ буда, бар ҷиҳати иртиботӣ имтиёз дорад. Услуби бадеӣ бо услубҳои дигари нутқ баробарҳуқуқ буда, соҳаи истифодаи худро дорост. Ин соҳа адабиёти бадеӣ мебошад, ки аз воситаҳои эҳсосӣ ва муассири сухан саршор аст.

Фарқи услуби бадеӣ аз шохаҳои дигари услубӣ дар ин аст, ки дар он ба замми воситаҳои меъёрӣ унсурҳои ғайримеъёрӣ, аз қабили калима ва шаклу воситаҳои грамматикии омиёна, археологӣ, маҳаллӣ ва ғайра фаровон истифода мешаванд.

Забони адабиёти бадеӣ ва ҷумла муҳимтарин омилҳои тағйир ва такмили меъёрҳои адабист. Унсурҳои забони умумихалқӣ бештар тавассути меҳнати арбобони адаб сайқал ёфта, ранги адабӣ касб мекунад. Зотан адабиёти бадеӣ озмунгоҳест, ки меъёри забони адабӣ сари дастгоҳи он аз санҷиш мегузарад. Аз ин рў, забони адабиёти бадеӣ сармашқ ва маҳзари нашъунамои меъёрҳои адабӣ, ҷои намунаест, ки мардум барои дуруст ва беҳтар кор бурдани воситаҳои сухан аз он ибрат мегиранд.

Услуби публитсистӣ
Кори ходимони рўзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион, ки мақсад маълумотдиҳӣ ва тарбияи аъзоёни ҷамъият аст, услуби публитсистиро ба вуҷуд овардааст. Ба ин услуб очерк , мақола, ҳаҷв, намоиш ва барномаҳои радиову телевизион дохил мешаванд.

Ҳамаи маводи маълумотдиҳандаи рўзномаву маҷаллаҳо ва радиову талевизион, аз қабили эълонҳо, табрикот ва таъзияҳо, реклама, барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ, иқтисодӣ ва ғайраи телевизион мебошанд. Очерк низ ба услуби публитсистӣ тааллуқ дорад.

Очерк яке аз намудҳои ҷинси эпикӣ буда, дар он ҳодисаву шахсҳои воқеӣ тасвир меёбанд. Дар он чунин воқеаву одамоне тасвир меёбанд, ки онҳо ҳақиқатан дар ҳаёт вуҷуд доранд. Дар очерк бофтаи хаёлӣ хеле кам аст. Очеркнависони машҳури адабиёти мо С.Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Ш. Ҳаниф ва боз дигарон мебошанд. Масалан: Аскари қатории гвардия Авазов Шер, тирандози дастаи тўпчиёни батареяи 7-ум аз январи соли 1943 худро чун ҷанговари далеру ҷасур нишон дод. У ба медали “Барои шуҷоат” сарфароз шудааст…(очерк)

Услуби публитсистӣ дар навиштаҳои иҷтимоию сиёсӣ, дар матбуот (рўзномаю маҷаллаҳо) гуфтори шифоҳии арбобони сиёсию давлатӣ ва илму адаб дар назди омма истифода мешаванд. Воситаҳои забонӣ дар ин услуби нутқ ду вазифаи муҳимро, ки бо ҳам алоқаи мустаҳкам доранд, адо мекунанд. Аз як тараф, онҳо ба вазифаи иттилоъ (хабаррасонӣ) воқеъ гашта, оммаро аз руйдодҳои зиндагӣ огоҳ созанд, аз тарафи дигар, вазифаи ташвиқотро ба ўҳда гирифта, бо роҳи ташвиқу тарғиб мардумро барои иҷрои ҳарчи зудтари қарору дастурҳои ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайраҳо роҳнамун месозад. Аз ин ҷиҳат, публитсистика ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, ҷараёнҳои сиёсӣ ва руйдодҳои иҷтимоии замонро, ки ҳар рўзу ҳар соат ба амал меоянд, зуд ба фаврӣ акс менамоянд. Забони публитсистика бояд забони сода, ҳамафаҳм ва таъсирбахш бошад. Ин талаб бештар аз ҳама ба рўзнома, ки аз муҳимтарин шохаҳои услуби публитистӣ аст, дахл дорад.

Хусусияти тарғиботии услуби публитсистӣ, аз ҷумла рўзнома тақозо дорад, ки дар он воситаҳои муассири сухан – маҷоз, тавсиф, ташбеҳ, ташхис ва ғайра фаровон истифода шаванд. Ин аст, ки дар ин услуби нутқ воситаҳои ақлӣ (интелектуаллӣ) ва бадеӣ (эҳсосӣ) якҷоя воқеъ мегарданд.

Муҳимтарин аломатҳои забони рўзномаро бо таври зайл номбар кардан мумкин аст:

1. Сарфаи воситаҳои забонӣ ва ғунҷоиш додани мазмуни васеъ дар суханҳои мухтасар.
2. Истифодаи калима ва таъбирҳое, ки барои омма фаҳмо ва дастрасанд.
3. Корбурди силсилаи калима ва ибораҳои тайёру қолабӣ, ки барои ҳамин услуби нутқ хосанд (амсоли исмҳои хоси марбут ба маҳал, сарлавҳаҳои якранги умумӣ…)
4.Фоида бурдан аз сермаъногии калимаҳо, захираҳои калимасозӣ, корбурда, калимаҳои нав ва муассир.
5. Омўзиши аломатҳои услубҳои дигар (илмӣ, бадеӣ, гуфтугўӣ) бо аломатҳои услуби публитсистӣ зери талаби мавзўъ ва риштаҳои ин услуб. Ин хусусият дар очерк, фелетон, мусоҳиба равшан зоҳир мегардад.

Истифодаи фаровони санъатҳои бадеӣ: ташбеҳ, тавсиф, муболиға, киноя ва монанди инҳо. Ин аломатҳо дар шохаҳои услуби публитсистӣ вобаста ба талаботи мавзўъ бо тарзи гуногун падид меоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.