Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Усули созмони ибора

Хусусиятҳои ибора чунин мебошад: 1) Ибора асосан аз ду калимаи мустақил, ки ҳар кадом дорои маънои алоҳидаи лексикӣ буда, яке ба дигаре тобеъ аст, ташкил меёбад. 2) Калимаҳо дар ибора, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати маънӣ ва хосияти грамматикӣ алоқаманд мегардандУсули созмони ибора

Хусусиятҳои ибора чунин мебошад:
1) Ибора асосан аз ду калимаи мустақил, ки ҳар кадом дорои маънои алоҳидаи лексикӣ буда, яке ба дигаре тобеъ аст, ташкил меёбад.
2) Калимаҳо дар ибора, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати маънӣ ва хосияти грамматикӣ алоқаманд мегарданд.
3) Азбаски ибораҳо дар натиҷаи ба ҳам пайванд шудани ду ё зиёда калимаҳо ташкил меёбанд, бар акси калимаҳо, мафҳумҳои зиёдтар, яъне мафҳуми мураккабро ифода мекунанд.
Ду ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно, ки бо ёрии воситаҳои грамматикӣ бо ҳам пайванд шуда, мафҳуми мураккабро ифода мекунанд, ибора номида мешаванд.

Калимаҳое, ки ба ҳайати ибора дохил мешаванд, байни худ муносибатҳои гуногуни маъноӣ-синтаксисӣ доранд:
1. Муносибати муайянкунандагӣ. Хусусияти ин гурўҳ чунин аст, ки ҷузъҳои тобеъ сифат ва хосияти тобеъкунандаҳои худро шарҳу эзоҳ дода, муайян менамояд: насими баҳор, нони Самарқанд…
2. Муносибати пуркунандагӣ. Ин муносибат дар хусуси муносибати амали феълӣ ба объекти ҷумла баҳс мекунад: ба дарс омадан, муаллимро дидан, асар хондан…
3. Муносибатҳои ҳолӣ, замонӣ, масоҳатӣ, сабаб, мақсад, миқдорӣ ва ғайраро фаро мегирад: дар баҳор шукуфтан, аз синф баромадан, барои хондан рафтан…

Шарти асосии ташкили ибора, яъне алоқаи тобеъ дар забони тоҷикӣ бо ёрии воситаҳои зерин сурат меёбад:
1) Ба воситаи бандаки изофи (-и), барои ташкили ибораҳои номии изофӣ хизмат мекунад: дусти ман, гули зебо, шахси хоксор…
2) Ба воситаи пешояндҳо, ки асосан дар сохтани ибораҳои феълӣ иштирок мекунанд: ба кор рафтан, дар ҳавлӣ истодан, дар тирамоҳ пухтан, вохўрӣ дар донишгоҳ…
3) Ба воситаи пасояндҳо (-ро, барин, боз…): занро ном, мардро акида, тир барин рафтан, пахта барин сафед, дер боз набудан, чанд вақт боз надидан…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.