Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳодисаҳои савтӣ

Азбаски овозҳои нутқ на дар алоҳидагӣ, балки дар силсилаи овозии нутқ алоқаманд талаффуз карда мешаванд, бинобар ин онҳо, махсусан овозҳои ҳампаҳлў, ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Чунин таъсиррасонӣ ҳодисаҳои фонетикиро ба вуҷуд овардааст. Ҳодисаҳои фонетикӣ қисми муҳими боби савтиётро ташкил медиҳанд. Ҳодисаҳои фонетикӣ ҳам ба забони гуфтугўӣ ва ҳам адабии китобӣ дахл дорадҲодисаҳои савтӣ

Азбаски овозҳои нутқ на дар алоҳидагӣ, балки дар силсилаи овозии нутқ алоқаманд талаффуз карда мешаванд, бинобар ин онҳо, махсусан овозҳои ҳампаҳлў, ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Чунин таъсиррасонӣ ҳодисаҳои фонетикиро ба вуҷуд овардааст. Ҳодисаҳои фонетикӣ қисми муҳими боби савтиётро ташкил медиҳанд.
Ҳодисаҳои фонетикӣ ҳам ба забони гуфтугўӣ ва ҳам адабии китобӣ дахл дорад. Онҳо яке аз воситаҳое мебошанд, ки ба забон шаклҳои нави калимаҳоро дохил мекунанд. Ҳодисаи фонетикӣ инҳоянд:
1. Афтидан ва ихтисоршавӣ
2. Ҷойивазкунии овозҳо
3. Ассимилятсия
4. Диссимилятсия
5. Мувофиқатии овозҳо
6. Дигаршавии овозҳо
Афтидан ва ихтисоршавии овозҳо
Дар забони адабӣ ва дар шеваҳо аз калимаҳои ҷудогона афтида мондани баъзе овозҳо, бештар ҳамсадои ҷарангнок мушоҳида мешавад, аммо ин ҳол ба фаҳмидани маъно халал намерасонад. Ин гуна ҳодисаро дар савтиёт афтидан ва ихтисоршавии овозҳо меноманд.
Дар забони тоҷикӣ афтидан ва ихтисоршавии овозҳо аз рўи дараҷаи паҳншавии ин ҳодиса ва дар орфография ҳуқуқи пурра ва нопурра доштани он ду хел мешавад:
1.Ба забони адабӣ таъсир карда, дар орфография таъсир кардани он:
а) дар аввали калима: агар – гар – ар, ки аст – кист, чи аст – чист, мо аст – мост, аз ин – з-ин, аз он – з-он, ва ин – в-ин, ва он – в-он
б) дар охири калима: манро – маро, рўй – рў, бўй – бў, пой – по, ҷой – ҷо, ки ў – к-ў, к ин – к-ин
б) дар байни калимҳо: чиндан – чидан, бинишин – биншин, бинигар – бингар, бинавоз – бинвоз, нанавоз – нанвоз, бобоам, бобоат, бобоаш – бобом, бобот, бобош
2. Афтидан ва ихтисоршавии овозҳо бештар дар гуфтугў ва лаҳҷаҳо мавҷуд буда, ба орфография таъсир накардааст: хонда истодааст, хонсос, рафта истодааст- рафсос, меравам – мерам, метавонам – метонам…

Ҷойивазкунии овозҳо
Ҷойивазкунӣ ҳам бештар дар гуфтугў ва лаҳҷаҳо воқеъ мегардад. Вай ҳодисаи фонетикиест, ки дар калима баъзе овозҳо ҷои худро иваз мекунанд. Ин гуна ҳодиса дар забони тоҷикӣ дар ду ҳолат дида мешавад:
1.Ҷойивазкуние, ки ба орфография таъсир накарда, танҳо дар гуфтугўи баъзеҳо (дар лаҳҷаҳо) дучор меояд: ҳалво – ҳавло, аҳвол – авҳол, бурё – буйро, арвоҳ – авроҳ…
2.Ҷойивазкуние, ки ба забони адабӣ дохил шуда, дар орфография низ инъикос ёфтааст: қуфл – қулф, китф – кифт…

Ассимилятсия (монандшавӣ)
Монандшавӣ чунин ҳодисаест, ки баъзе овозҳо ҳангоми талаффуз аз ҷиҳати ҳаракати органҳои нутқ ба ҳамдигар мувофиқшавиро талаб мекунад, яъне дар вақти гуфтан як овоз пеш аз худ ё баъд аз худ овозеро талаб мекунад, ки вай ба худаш ё аз ҷиҳати ташкилёбӣ ё аз ҷиҳати махраҷ ҳамҷинс бошад: қасдан – қастан. Дар ин ҷо овози «д» ва «т» дар як ҷо ҳосил мешавад, овози «с» талаб кардааст, ки дар ҷои «д» овози «т» ояд. Мисли ҳамин калимаҳои декча – дегча, асбоб – асбоп, танбўр – тамбўр, занбар – замбар, анбор – амбор…мебошад.

Диссимилятсия (ҷудошавӣ)
Ҷудошавӣ баръакси монандшавӣ аст. Агар дар гуфтугў яке аз овозҳо овози дигарро аз ҳамҷинси худ дур кунад, диссимилятсия номида мешавад: каҷдум – каждум, иҷтимоӣ – иштимоӣ, иқбол – ихбол, вақт – вахт…

Мувофиқати овозҳо
Ин ҳодисаест, ки дар дар забони адабӣ ва шеваҳо, дар калимаҳо овозҳои гуногун ба ҳамдигар мувофиқат мекунанд, ба таври дигар гўем, дар калимаҳо ба ҷои як овоз кор фармуда шудани овози дигар дида мешавад: маҳ – моҳ, раҳ – роҳ, даҳан – даҳон…

Дигаршавии овозҳо
Бо таъсири ҳамдигарии овозҳои ҷарангнок ва беҷаранг тағйироти овозӣ ба вуҷуд омада, ба ҷои ҷарангнок беҷаранг ва ба ҷои беҷаранг ҷарангнок меояд. Ин ҳодисаи фонетикӣ, асосан дар нутқи гуфтугўӣ мавҷуд бошад ҳам, баъзан ба меъёри орфографӣ низ таъсири худро мерасонад.
Дар ин ҳолат бадалшавии овозҳои г – к, б – п, д – т, з – с, в – ф, ғ – қ , ч – ҷ дида мешавад.
Рафти дигаршавӣ ё бадалшавии овозҳо аз инҳо иборат аст:
1.Дар охири калима беҷаранг талаффуз шудани ҷарангнокҳо: барг – барк, об – оп, актив – актиф;
2.Бо илова шудани ҳиссаҳои морфологӣ беҷаранг талаффуз шудани ҷарангнокҳо: хурд – хуртар, хуб – хуптар, чароғ – чароқ, боғ – бохча…
3.Бадалшавии овозҳо ва ба орфография таъсир кардани он дар ҷумла, дар сифатҳои таъкидӣ пеш аз ҷумла, дар сифатҳои таъкидӣ пеш аз беҷаранги «п»: зард – заб – зард, калон – кап – калон…
4.Дар охири калима ҷарангнок талаффуз карда шудани беҷаранг ва баръакс: гап – габ, чап – чаб, хушомад – хушомат…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.