Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Ҷумлаҳои мураккаб (тобеъ, пайваст, омехта)

Дар нутқ на танҳо ҷумлаи сода, балки ҷумлаҳои мураккаб низ истифода мебаранд. Мо ба воситаи ҷумлаҳо фикрҳои нисбатан бо ҳам вобаста ва мукаммалро истифода мекунем. Ҷумлае, ки аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода таркиб ёфта, аз ҷиҳати маъно ва интонатсия ягонаанд, ҷумлаҳои мураккаб номида мешаванд: Орзуи мардуми тамоми ҷаҳон ин аст, ки дар ҷаҳон сулҳ пойдор бошадҶУМЛАҲОИ МУРАККАБ (ТОБЕЪ, ПАЙВАСТ, ОМЕХТА)

Дар нутқ на танҳо ҷумлаи сода, балки ҷумлаҳои мураккаб низ истифода мебаранд. Мо ба воситаи ҷумлаҳо фикрҳои нисбатан бо ҳам вобаста ва мукаммалро истифода мекунем. Ҷумлае, ки аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода таркиб ёфта, аз ҷиҳати маъно ва интонатсия ягонаанд, ҷумлаҳои мураккаб номида мешаванд: Орзуи мардуми тамоми ҷаҳон ин аст, ки дар ҷаҳон сулҳ пойдор бошад.

Ҷумлаи мураккаб аз ҷиҳати сохт, маъно ва воситаҳои алоқа аз ҷумлаҳои сода фарқ мекунанд. Ҷумлаи мураккаб ду хел мешавад:

1. Ҷумлаҳои мураккаби пайвандакдор, ки ба воситаи интонатсия ва пайвандакҳои пайвасту тобеъ таркиб меёбанд: Вай ҳамеша хушҳол буд ва табассуми латифе дар лабонаш мешукуфт.

2. Ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак, ки фақат ба воситаи интонатсия ифода меёбад. Рўз торик шудан гирифт, Ҳабиба чароғро даргиронд. Кор кунӣ, нон мехурӣ.

Ҷумлаҳои мураккаби пайвандакдор ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

1) Ҷумлаи мураккаби пайваст
2) Ҷумлаи мураккаби тобеъ

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ҷумлаҳои содаи маънои баробархукук дошта, ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда таркиб меёбад: Аҳмадҷон маънои калимаҳои нафаҳмидаашро ё аз фарҳанг меёфт ё бародараш ба ў шарҳ медод.

Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳое таркиб меёбанд, ки яке дигареро шарҳ дода, ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда алоқаманд мешаванд:

Вақте ки ман асарро хондам, ба санъати нависанда қоил шудам.

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст вобаста ба пайвандакҳояшон аз ҷиҳати тобиши маъно ба се гурўҳ чудо мешаванд: Ҷумлаи мураккаби пайвасти паиҳам ба воситаи пайвандакҳои ва, -у (-ю) таркиб ёфта, барои ифодаи муносибатҳои зерин хизмат мекунанд:

а) Ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ки дар онҳо ҳодисаю воқеаҳо дар як вақт ба амал омадаанд: Чашми падару писар аз дар канда намешуд ва гўши онҳо мунтазири шарфаи по буд (Р.Ҷалил)

б) Ҷумлаи мураккаби пайваст, ки дар онҳо ҳодисаю воқеаҳо пасиҳам воқеъ шудаанд: Чой омад, дастурхон паҳн гардид ва ҳама ба тановули хўрок шурўъ намуданд.

Ҷумлаи пайрав яке аз аъзоҳо, ё ки тамоми сарҷумларо эзоҳ медиҳад. Ҷумлаи пайрав бо сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда (ки, то ки, азбаски, ба шарте ки, модоме ки…) алоқаманд мегарданд. Пайвандакҳо ҳамеша бо ҷумлаи пайрав меоянд:

Хонаи Шамсия дар бинои бузурги серошёна , ки бо зебоӣ ва тарзи нави меъмории худ аз дигар биноҳои шаҳр фарқ мекард,ҷойгир буд (Ҷ.И.)

Ҷумлаи мураккаби омехта
Ҷумлаи мураккаби сертаркиба низ ҳастанд, ки ҷумлаҳои содаи таркибии онҳо бо ду роҳ: пайвасту тобеъ алоқаманд шудаанд. Аммо онҳо аз ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки ҷумлаҳои пайрави тобеъ доранду дар ин ҷо ҳам тарзи алоқа дида мешавад, фарқ доранд. Дар ҷумлаҳои мураккаби омехта алоқа на дар байни ҷумлаҳои пайрав, балки дар байни ҷумлаҳои содаи мустақил мушоҳида мешаванд. Ҷумлаҳои содаи баробархуқуқ, ки ҷумлаи мураккаби пайвастро ташкил мекунанд, дар айни замон ҷумлаҳои пайравро ба худ тобеъ менамоянд, ки ҷумлаи мураккаби омехта ба амал меояд :

Дар ҳолате ки обу арақ сару рўяшонро зер карда, аз ҳавлӣ баромаданд ва ман ҳис кардам, ки шикорашон барор нагирифтааст (С. Айнӣ)

Аломати китобатӣ дар ҷумлаҳои мураккаби омехта мувофиқи қоидаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ гузошта мешаванд. Аммо дар як таркиби синтаксисӣ омадани якчанд хели ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба мумкин аст. Дар ин гуна мавридҳо ҷумлаҳо ба гўруҳҳои синтаксисӣ тақсим ва аз ҳамдигар бо нуқта – вергул ҷудо карда мешаванд.

Мисол: Шодӣ акнун сесола шуда бошад ҳам, калонворона рафтор мекунад, ў аз як тараф, худро аъзои соҳибҳуқуқи хонадон донад, аз тарафи дигар, худро соҳиби вазифа ҳам медонист, ў акнун ба корҳои модараш ҳам ёрӣ мерасонад. Агар модараш бузҳоро ҷўшониданӣ шавад, бузғолаҳоро нигоҳ медошт, агар модараш шир пухтанӣ шавад, ҳезумро ба сари оташдон меовард.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.