Четверг, Февраль 20Вместе создадим светлое будущее!


Ба пири хизмати модар – падар кун

Оғоз созам зӣ ибтидо ман боби бисмиллоҳро,
Дар дил занам дар ҳар нафас он ҳамзаи Аллоҳро.
Аввал зӣ ҷону дил бигӯ ҳамду санои Эзидӣ,
Бе ёди Ӯ чун пай барам сарманзили ин роҳро.
*          *          *
Шуд бадбахт ҳар кӣ озорад падар,
Ё кӣ бо модар сухан гӯяд ба қаҳр…

Падару модар дарахти сабзи низоми хилқатанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онон, заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад. Чуноне, ки қайд кардаанд: “Ҳар инсоне, ки падару модари хешро ҳурмату эҳтиром мекунад, фазилаташ аз ҳаҷҷи акбар волотар аст”.
Дар Қуръони Маҷид, ҳудуди нуздаҳ бор аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое аст, ки пас аз тавҳид ва парастиши Парвардигор, некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованди Мутаол аст. Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузории Худованди Мутаол ёд шудааст.
Ошноӣ бо мақом ва каромати падару модар ва фарогирии равиши эҳсон ва некӣ ба онон, дар ҳақиқат нишондиҳандаи каромат ва бузургвории инсон ва дастёбӣ ба рамзи мувафаққият дар дунё ва охират мебошад, ки қасд дорем бо истифода аз оёти Қуръони Маҷид ва ривоёт дар ин маврид баҳс кунем.
Ин эҳсос дар вуҷуди тамоми одамиён нуҳуфтааст. Эҳсон ба падару модар посухи ночиз дар баробари заҳамоти тоқатфарсои онҳо қабл аз таваллуд то ҳангоми рушду булуғ ва пас аз он аст. Қуръон мефармояд: “Мо ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Модараш ӯро бо сахтӣ ва нороҳатӣ бор мекашад ва бо нороҳатӣ ӯро вониҳодааст ва даврони ҳамл ва аз шир гирифтанаш сӣ моҳ аст, то замоне, ки ба камоли қудрат ва рушд бирасад”.
Аз ин ояи шарифа ба хубӣ ошкор мешавад, ки виҷдони тамоми инсонҳо, дар ҳамаи давронҳо пазирои супориши Худованд дар бораи эҳсон ба падару модар мебошад. Аз ин рӯ падару модар дар гардани мо ҳаққу ҳуқуқе доранд, ки ба бархе аз онҳо ишора хоҳем намуд.
Ҳуқуқи падару модар
Шукргузорӣ, дӯст доштан, бо эҳтиром садо задан, бо нармӣ ва некӯ сухан гуфтан, хашмгин нашудан, хушнуд намудан, итоат кардан, адами ҷудоӣ, дуо ва талаби мағфират намудан, ба зиёраташон рафтан, кӯмак намудан ба он чизе, ки эҳтиёҷ доранд, тавозӯъ ва фурӯтанӣ намудан дар баробари онҳо ва ғайра бахше аз ҳаққи онҳост. Бо тавфиқи Илоҳӣ қасд дорем намунаҳое аз ҳуқуқи волидайнро пешкаши шумо гардонем.
Аз сӯи дигар, дар ҳангоми пирӣ, ниёзи падару модар ба фарзандон бештар аст ва дархостҳо ва интизороти фаровоне доранд, аз инрӯ Худованди Мутаол супориши махсусе дар бораи ин даврон кардааст ва фарзандонро аз камтарин изҳори нороҳатию хашму тундӣ, барҳазар доштааст: “Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беэҳтиромӣ ба онҳо раво мадор ва ба сари онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу бузургворона ба онҳо дошта бош”.
Некӣ ва расидагии фарзандон ба падару модар, нишонаи қадршиносии онон ва бозтоби хидматҳои падару модар дар даврони кӯдакии фарзандон мебошад.
Дар мавриди чигунагии эҳсон ва инфоқ ба падару модар, ду нуқтаи муҳим қобили таваҷҷӯҳ аст:
-Нахуст он, ки фарзандон қабл аз дархости падару модар, ниёзҳои ононро бароварда кунанд то эҳтироми онон ба таври комил ҳифз шавад.
-Дуввум он, ки ҳамон гуна, ки падару модар дар оғӯши худ фарзандонро парвариш доданд ва бевосита тарбият ва рушду назофати кӯдаконро ба ӯҳда доштанд, фарзандон низ шоиста аст аз наздик ва ба дасти худ эҳсон ва инфоқ ба падару модарро анҷом диҳанд. Худованд бо ибораи гуё ва бе қайду шарт мефармояд: “Ва ба падару модар некӣ кунед”, ки чунин рафтори писандидае баракоти фаровоне дар дунё ва охират барои фарзанд хоҳад дошт, махсусан ҳангоме, ки фарзанд ба қудрат расида бошад.
Дуо барои падару модар
Дуо нуқтаи авҷи розгуӣ ва ниёзхоҳии одамӣ бо Худост ва ошкоркунандаи эҳсосоти дарунӣ ва дархостҳои ботинӣ дар қолиби калимот аст. Махсусан дуои фарзанд барои падару модар, ки нишондиҳандаи муҳаббати қалбӣ, зинда будани ёди онҳо дар дили фарзандон,
қадршиносӣ ва вафодории фарзандон нисбат ба падару модар дар замони ҳаёт ва пас аз он мебошад. Худованд фармудааст: “Бигӯ Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар кӯдакӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ”.
Дӯст доштани падару модар
Яке аз ҳуқуқи падару модар дӯст доштани онҳо ба хотири Худо ва фароҳам кардани асбоби роҳатӣ ва шодӣ ва бартараф намудани сабаби ҳузни онҳост. Ҳатто ба хотири адои эҳтиром, дӯстони волидайнашонро низ дӯст бидорад. Магар ин ки падару модар кофир бошанд, ки дар ин сурат бояд бо онҳо ба маъруф рафтор намуда ва эҳсон намояд, аммо дӯст надорад. Худованд фармуд: “Эй касоне, ки имон овардед! Падарон ва бародарони худро дар сурате, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд дӯст нагиред”.
Итоати падару модар
Имом Содиқ(а) фармуд: Марде назди Паёмбар(с) омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ(с) маро насиҳат кун. Паёмбар(с) фармуд: ”Ба Худо ширк наёр агарчӣ дар оташ бисузӣ ва азоб шавӣ ва падару модаратро итоат ва ба онҳо некӣ кун, хоҳ зинда бошанд ва ё на. Агар туро амр карданд, ки аҳлу молатро раҳо кунӣ чунон кун, зеро ки он аз имон аст”.
Осори эҳсон ва некӣ ба падару модар
Худованди Мутаол илова бар он ки дар дунё шароити рушд, пешрафту кушоиши рӯзиро барои касоне, ки ба падару модари хеш эҳсон мекунанд, фароҳам месозад дар охират низ аз гуноҳон ва корҳои зишти онон мегузарад. Амалашонро мепазирад ва ононро дар миёни биҳиштиён ҷой медиҳад.
Аммо касоне, ки аз падару модари боимони хеш руйгардонӣ мекунанд ва ба онон беэҳтиромӣ мекунанд, илова бар он ки аз пандҳои хирадмандонаи онҳо бебаҳра мешаванд, гирифтори азоби Илоҳӣ ва аз зиёнкорон мешаванд. Паёмбари Акрам(с) фармуд: Худованд чаҳор чизро дар чаҳор чиз қарор дод, баракати илмро дар таъзими устод, бақои имонро дар таъзими Худованд, наҷот аз оташро дар тарки озори халқ ва лаззати зиндагиро дар некии ба падару модар. Ҳазрати Паёмбар(с) фармуд: ”Ҳар дафъае, ки фарзанде ба падару модараш бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад Худованд барояш савоби як ҳаҷҷи мабрур менависад”. Асҳоб гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Агар ҳар рӯзе сад бор бингарад чӣ? Ҳазрат фармуд: Худованд бузургтар ва поктар аз ин аст.
Яке аз балоҳои охири замон нодида гирифтани ҳуқуқи падару модар аст. Дар ҳоле, ки дар Ислом баъд аз ҳуқуқи Худованди Мутаол ва анбиё(а) ҳеҷ ҳаққе бар инсон болотар аз ҳуқуқи волидайн нест ва хеле ба он таъкид шуда ва тарки он хилофи таълимоти Илоҳӣ дониста шудааст.
Қиссаи Увайси Қаранӣ бо модараш
Увайси Қаранӣ шутурбонӣ мекард ва аз музди он харҷи модарашро таъмин менамуд. Ҳангоме ки шавқи зиёрати Паёмбар(с) ба сараш афтод, аз модараш иҷоза хост, ки барои зиёрати Паёмбар(с) ба Мадина биравад. Модараш гуфт: Ба шарте рухсат медиҳам, ки беш аз нисфи рӯз намонӣ. Увайс қабул кард ва раҳсипор шуд ва ба Мадина расиду ба хонаи Паёмбар(с) рафт. Иттифоқан он ҳазрат дар хона набуд. Увайс муддате истод. Нисфи рӯз гузашт. Ба хотири ваъдае, ки ба модар дода буд Паёмбар(с)-ро надида баргашт. Вақте Паёмбар(с) омад фармуд: Ин нури кист, ки дар хона мебинам? Гуфтанд: Шутурбоне бо номи Увайс омаду рафт. Паёмбар дар васфи Увайс фармуд: ”Биҳишт аз ҳубоби Қаран ба сӯят мевазад эй Увайси Қаранӣ ва ҳамоно равҳи Раҳмонро аз тарафи Яман меёбам”.
Аз он чӣ гуфта шуд равшан гардид, ки Ислом барои падару модар ҷойгоҳи махсусе қоил аст ва мо ба унвони мусулмон бояд ба ин таълимот амал намоем. Аз Худованд мехоҳем, ки моро дар анҷоми ин вазифа муваффақ кунад.
Носири Хусрав фармудааст:

Ба пири хидмати модар-падар кун,
Ҷавониву ҷунун аз сар бадар кун…
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёбӣ замон гарди ту ҳам пир.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат ( ғамхор, парастор).

Зеро онҳо фарзандро бо ранҷи зиёд ба камол расонда умед доранд, ки дар пиронсолӣ дастгиру такягоҳ, мушфиқу ғамгусорашон бошанд. Вале имрӯз фарзандони ноқобиле ҳастанд, ки қарзи фарзандии худро фаромӯш кардаанд. Волидайн аз бемеҳрии дили онҳо дар ба дар шуда, ниҳоят ҷои худро дар хонаи пиронсолон меёбанд. Ва шукр мегӯянд, ки ҳарчанд фарзандон аз онҳо рӯ гардонда бошанд ҳам, Ҳукумати кишвар барояшон сарпаноҳи беминнат дода, як гурӯҳаш хоси меҳрубон хизматгору муттакои онҳоянд.
Дар Душанбе муассисае бо номи Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон фаъолият дорад.
Дар ду макони пирон ва маъюбон эҳсос намудам, ки бо вуҷуди ғамхории давлат онҳо маъюсу дил озурдаанд. Эшон дар ҳасрати дидори фарзанду набера, падару модар, бародарон ва хешу пайвандон мебошанд. Нигоҳи ҳасратборашон дили бинандаро об мекунад. Гиряи пири мубтало аз ноодамии фарзанду набераҳо, бемеҳрии хешу ақрабо, ҷигарбандони волидайн ба андешаат водор месозад.
Хизмат ба волидайн қарзи фарзандист, фармони Худовандист.
Пас бояд коре кунем, ки падару модари мо дар бари мо, сарвари мо бошанд. Дуои некашонро гирем ва эҳтиромашонро ба ҷо орем. То хонадони мо аз вуҷуди онҳо махзани файзу сахо, нуру зиё ва меҳру муҳаббату вафо гардад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хар як баромади худ дар бораи ҷавонон суханронӣ мекунанд, ин бесабаб нест, чунки ҷавонон қувваи бузурге дар хар як давру замон ва дар ҳар як давлату миллат мебошанд. Ҷавонон ҷунон қуввае доранд, ки ба ҳама кор қодиранд ва метавонанд дар синни ҷавони обрӯву эътибори худро дар байни ҷомеа пайдо намоянд. Ин албатта аз дониш ва сатҳи маънавиёти онҳо вобастагии калон дорад. Мо ҷавонон бояд ҳамарӯза дар паи омузиши илм, донишандузӣ ва ихтирооту кашфиёт бошем, то ин ки барои пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта тавонем ва дар паҳлӯи Президентамон истода, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён боз ҳам шинохтатар гардонем!


4 Комментарии

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.