Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Душанбе – хонаи осоиши дил

Душанбе маркази Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дусташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофароғат аст
Душанбе хонаи осоиши дил,
Маро дурӣ зи ту корест мушкил.
Чу пайвандаст ҷонашро маконат,
Ки пайванданд бо ҳам обу ҳам гил.

Душанбе маркази Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дусташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофароғат аст.

Душанбе маркази дунёи точик бустони ту,
Ҷахони хуррамиву шабчароғи тоҷикони ту.
Ту маъвои диливу маъҳази кони равони ту,
Душанбе мулки шоирзодаиву достони ту.

Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, марказу умеду армон аст. Даме, ки дар кучахои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехурем, беихтиёр нидо мекунем:
Назар кардам зи руи меҳру шавқ,ат руи оламро,
Душанбе ҳастиву ҷону тавони ту.
Ҳама дороият рухи равон бахшад бузургонат,
Макони сад бузургу паҳлавони ту.

Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубха, мафтункунанда. Душанбе шахрест зебову дилоро ва макони мардумони мехмоннавоз, олихиммат ва сарбаланду номдор:
Эй дуст, биё бахри томошои Душанбе,
Бешубха, ту хам мешавй шайдои Душанбе.

Имруз хамчун бошандаи кучаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургихояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеханест, ки дилу дидахоро карину барчост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машхуру дилорост. Бинохои серошёна, қасру толорхои бархаво, театру донишкадахои бузург, бинохои маъмуриву фархангй, илова бар хамаи ин маркази сиёсию фархангй ва иктисодй буданаш Душанберо дахчанд зебову овозадор мегардонад.
Душанбе фахри. даврони хар як бошандаи баору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эчодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин богшахри дилкушоро мутолиа менамоем, беихгиёр метавон гуфт, ки Душанбе дахчанди ин ситоишхову фузунтар аз хамаи арзишхост, зеботар аз хамаи зебогихои олам аст, ки акли бинандаро мафтун мегардонад.

Хуршед мекашад сар аз шонаи Душанбе,
Нуру зиё бирезад бар хонаи Душанбе.
Шехрест пурфасона ин богшахри зебо,
Дилро барад хамеша афсонаи Душанбе.

Душанбе дар калби точикону точикисгониён монанди нигинест, ки дар хар нигох шуълапошй мекунад. Пиру барной ин сарзамини хамешабахор мисоли парвона гирди шабчароги ягонаи ин шахри дилоро дар гардишанд. Дархои мехмонхонахои бузурги Душанбешахр хамчун кошонаи умеду армон хамеша ба суи мехмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёй бо хусну шавкати каёнй онро хусни шохона мебахшанд.

Ин шахр шахри бахт аст, ин шахри точу тахт аст,
З-ин ру хамеша гуем, шукронай Душанбе.

Оре, шукронаи Душанбе, ки мо бошандаи ин макони гулбасарем. Шукронаи мардуми фархангии он, ки ифтихори миллати бузурги точиканд. Фарзандони чахонгарди ин богшахри дилкушо хамеша аз дурихои дур васфи кишвари махбуб карда, озодагии обу хаво, гулу гиёххои онро дар дил мепарваранд:

Дар дил хаваси оби Душанбе бошад.
Дил моили Варзоби Душанбе бошад.
Оинаи хушнамои шабхои висол,
Оинаи махтоби Душанбе бошад.

Боиси ифтихор ба тамоми ситоишхо ин богшахри дилкушо ва макони санъатхои во лову мардону занони химматбаланд мо, точикони асилро ватан гардида. Аз дилу чон бо тамоми хастиву зуру тавон мебояд хар як гулу гиёх ва сангу обу хоки онро парастиш кард.
Хулоса, Душанбе хамчун маркази бузурги Точикистони азизу сохибистиклол, хар рузу хар соат дар айни шукуфтанхост ва руз то руз онро ободу зебо, бофарогату дилнишин дидан метавон. Кист он бузургдиле, ки аз обу хавою дилнишинихои ин макони азалй бебахра монд? Кист он родмарде, ки кудрати бузурги ин сарзаминро бо мардумони баору иомусаш дастгир набуд? Нест нафаре, нест точике, ки бузургии ин макони шахдрезро эхсос накарда бошад.
Нест лахзае, ки буи атромези Душанбеи дилнишин калби саршор аз мехру мухаббат ва машоми муаттари димоги мардумашро шефта нагардонда.

Туй номусу нангу номи миллат,
Нишоне аз ниёгонй – Душанбе.
Касе, ки бо ту созад, дар намонад?
Дилат ёбад ба осонй Душанбе!


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.