Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рузмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани вокеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои хаёти худро омухта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.

Президенти кишварамон Эмолалӣ Раҳмон оиди манзалати забони модарӣ чунин гуфтаанд:
“Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, киммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард”. Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омухтани забони миллати хеш омухтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омузад. Рӯзномаву мачалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо ру ба ру нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳамарузе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Имрузҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабхои миёнаву муассисахои илмии кишвар забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омухта мешавад. Имрузҳо тифли дилбанди фарди тоҷик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.
Имрузҳо дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медиҳад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Забондонист, ки имрузҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дустӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гуш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тараққикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Русия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Имруз дар гуфтор мардуми тоҷикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест махол. Фарди тоҷик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод қариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, чехӣ озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст.
Хулоса, забондонӣ – ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумрохию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеҷ гоҳ дар ягон маврид дар намемонад.
Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва маҷлисороӣ ҳамаи анҷуманҳоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.