Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Забон донӣ – ҷаҳон донӣ!

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рузмарраи ҳаёт огаҳгардад. Донистани забони ғайр донистани вокеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣдонемЗАБОН ДОНИ – ЧАҲОН ДОНИ

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рузмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани вокеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои хаёти худро омухта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомада.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ.
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ.
То наафтад бар замин қадри сухан.

Президенти кишварамон Э.Раҳмон оиди манзалати забони модарӣ чунин гуфта:
«Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, киммату манзалати забони миллати гайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин ру бисер мебояд чахд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагй аз худ кард. Дар катори омухтани забони миллати хеш омухтани забонхои дигар низ бе манфиат нахохад буд. Дар мавриди донистани забони гайр кас метавонад бе ягон душворй бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду дог ва бурду бохти ин миллат чизе омузад. Рӯзномаву мачалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ хангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо ру ба ру нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эҳсос намояд.

Агар сесад забон дони, фузун нест,
Ҳамарузе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонй надорад оқибат суд.

Имрузҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабхои миёнаву муассисахои илмии кишвар забонхои гуногуни чахонй омухта мешавад. Имрузхо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатхои хорича рафта, тахсили илм мекунанд, сохибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми точик манфиати хуб меорад.

Имрузхо дар чумхурии азизамон сафоратхонахои зиёди давлатхои дунё арзи хастй доранд, ки хамкорихои байналхалкии Точикистонро бо дигар давлатхо чонибдорй мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонй ва робитахои зиёди давлатхо огахй медихад.

Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Забондонист, ки имрузхо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитахои дустй дорад. Ба сафархо мебарояд. Мусикии мардуми точикро чахониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати точик кормандони бузурги давлатхои таракдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони точик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабхои онон таълиму тарбия мегиранд. Имруз дар гуфтор мардуми точикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест махол. Фарди точик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди точик бо забонхои англисй, немисй, руссй, чехи озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати точику Точикистониён аст.
Хулоса, забондонй – чахондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзахои хаёт чи гаму дард ва чи хушию шодмонй инсонро ёвару мададгор, дилбардору эхсосгар аст. Донистани забони гайр миллатро ба бузургй, фардро ба воломақомй ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад.

Забондонй ба волой расонад,
Зи гумрохию нодонй рахонад.
Касе к-у беш омузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту хеч гох дар ягон маврид дар намемонад.
Забондонй дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахохад буд. Он хамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва мачлисорой хамаи анчуманхоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.