Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Забони модариям

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳануз тифле, ки нав ба олами хастӣчашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣсурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофарогат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣмекашад, то ба ин лафзи поку муқаддасҳарфе бишнавад
Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин ру асли ҷон аст асли ҷон аст.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳануз тифле, ки нав ба олами хастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофарогат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида. ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он махбубу карин ва меҳрафзост. Ачаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва карини дилҳост. Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил карин аст забони модари бузург.
Забони баландхиммате, ки Саъдию Хрфизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини хаёт, бо он харф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лохути, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоик номдораш гардонидаанд, ки имруз аз хастии бузургаш меболем.
Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имруз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ хамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомузанд. Инро дидаву шунида. мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он хамаруза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рузгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо сайқал гузоред.

Вазифаи хар як точикзабон пеш аз хама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орй аз камбудиву нуксонхои гайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарй хеш сахмгузор бошем. Хар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз хама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Вокеан, агар кас забони худро донад, омухтани дигар забонхо барояш осон мегардад:

Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Дониспгани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имруз хам ашъори Рудакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулохиза метавон гуфт, ки забони точикй чун лафзи фасеху равон, содаву фахмо, хануз дар замонхои зиндагии Рудакии бузург бо сухани бузург вучуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии точикй у сахми босазое гузоштааст. У эътикоди хамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабй тагйир дод ва назари илму адаби замонашро ба суй забони модарй нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рудакй нишон медихад, ки у дар таърихи забону адабиёти мо хакикатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори у садхо бузургони хирад дар баркарор гардидани забони точикй хидмати босазое намудаанд.

Забони точикй аз давраи ташаккули худ то ,ба имруз аз чихати лугат ва сохтори нахвию услубй кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз хамин лихоз, дар байни дигар забонхо ягона забонест, ки такрибан вазъи беш аз хазорсолаи хешро нигох доштааст.
Мо насли имруз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кухан ва ганчинаи бебахост. Бо карори Созмони Миллали Муттахид 21 феврали соли 2002 рузи байналмиллалии забони модарй эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо карори Шурой Олии Чумхурии Точикистон забони давлатй – забони точикй -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Конун дар бораи забон бори дигар кабул гардид, ки ватъи хуқуқии забонро муайян мекуиад. Мувофики ин карор коргузории тамоми корхонаву муассисахо ва мактаб ва тамоми сохахо бо забони давлатй сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мухтарам Э.Рахмон: «Забони точикй поянда аст, то даме, ки миллати точик хаст, забони у низ пойдор хохад буд».
Мо, точикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем. Намегузорем, ки эхтироми ин забони бузург. лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарй ба мо забондорон вобастагй дорад.

Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сархади точик забони точик аст.
То забон дорад, ватандор аст у,
То забондор аст, бисер аст у.

– гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллй шиори бузурги забондустон медонем.

Хулоса, забони модарй, шахди хает аст, ки мо точиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва магзи устухону чон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, точиконро болу пар бахшидааст.

Имруз фарди точик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозхои баланд аст, зеро ин забонро чахониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз хама ширинтарй ту,
Ба Синову Хайёмат сачда орам


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.