Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


“Вобаста ба” бояд навишт ё “вобаста аз”?

Хирадро кору боре чун сухан нест,
Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест…
Гаҳе лабро нишоти ханда орад,
Гаҳе аз дида нами андӯҳ борад.

Оре, ҳақ ба ҷониби гуфтаҳои ин шоири борикбину нуктасанҷ аст. Як сухани ғалат ё бад метавонад дунёро чаппа кунад, чеҳраҳои хандонро ба ғам мубаддал созад ва ё як сухан метавонад боиси хушнудии гӯянда гардад, дилҳоро тасхир намояд. Бесабаб нест, ки дар мардум гӯянд: як сухан 365 паҳлӯ дорад. Сухандонону сухансанҷони каломи бадеъ беҷо нагуфтаанд: “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад”. Яъне ҳар сухан ҷо ва мавриди корбасти худро дорад. Чунин суханонро инҷо зикр кадан ба маврид аст: сухан гаронбаҳотарин сарвати фарзанди одам аст, ки сухандонон бад – он дар таърихи инсоният номашонро сабт намудаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки забон низ мисли дигар мавҷудоти зиндаи табиат доимо дар рушду инкишоф ва тағйироту дигаргунист. Инкишоф ва ғизогирии забон, дар натиҷаи омезиш бо дигар забон ба вуҷуд меояд. Имрӯз дигаргуниҳои куллие дар забони матбуоти даврӣ, радио ва телевизион ба назар мерасад. Дар натиҷаи омезиш як забон ба забони дигар таъсири худро амиқ ҳам нарасонад, вале ҳадалимкон истифодаи калимаҳои худро ба он ҷорӣ менамояд. Тарҷумаи асар аз як забон ба забони дигар аз манфиат холӣ нест, вале иҷрои ин кор тарҷумони хушсалиқаи пухтакорро мепазирад, на ҳар як донандаи забони аҷнабиро ва ногуфта намонад, тарҷумаи асар аз забон бар забони дигар аз тарҷумон таҳаммул ва бурдбориро тақозо намуда, баҳри ноил гардидан ба ин мақсад хизмати миёншиканеро металабад. Ҳамин аст, ки аз бемасъулиятии бархе аз тарҷумонҳои кӯтоҳандеш ғалатҳо ва калимаҳои ноошное дар либоси ошно ба забони беш аз ҳазорсолаи тоҷик доғ оварда, нӯги забони мардуми замон гардида, ба меъёри забони адабии муосири тоҷик лакнат ворид намудааст. Аз ин вабои рӯз ВАО (Васоити ахбори омма) низ бенасиб намондааст. Имрӯзҳо чӣ дар матбуоти ҷорӣ, чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион нигарем, ғалат ва бемавқеъ ба кор бурдани калимаҳоро метавон бармало мушоҳида намуд. Ҳарчанд саромадони сухану нуқтадонони забонамон аз зумраи устод Садриддин Айнӣ дар мақолаҳои илмиашон, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китобашон – “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад” ва профессор Б. Камолиддинов“Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” ва китоби дигарашон “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” борҳо такрор ба такрор дар бораи шево ва гуворо нигоҳ доштани забон, поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳар гуна калимаҳои номаҳфуми ноошнои урён ва иқтибосҳои ҳазмнашавандаи ба меъёри забони адабӣ, сухан гуфта бошанд ҳам, гӯё он суханҳо ба касе рабт надошта бошад, боз ғалатҳои зиёде ба назар мерасанд. Дар ҷомеаи кунунӣ аз китобҳои бадеӣ дида матбуоти даврӣ ва дигар ВАО (Васоити ахбори омма) ба ҷамъият таъсири бештар доранд. Ҳанӯз дар асри XIX сарлашкари франсуз Наполеон дар бораи таъсири рӯзнома ба ҷамъият гуфта буд: “Чор рӯзнома ба душман он қадар зарба мезанад, ки аз нерӯи артиши садҳазорнафара бештар аст”. Чуноне, ки дар боло дар бораи ғалат ба кор бурдани калимаҳо дар ВАО (Васоити ахбори омма) сухан рондем, барои он ки хонанда ба бовар кунад, мисолҳои аз матбуоти даврӣ ва дигар ВАО (Васоити ахбори омма)-ро ки пешоянди “аз” ба ҷойи пешоянди “ба” бо калимаи “вобаста” ифода шудааст, ҷамъ овардаамонро ин ҷо зикр намуданашонро зарур мешуморам:
-Бонуи тоҷик дар ин сол бори дигар дарк намуд, ки дар ҳақиқат, пайдоиши давлат аз саҳми ӯ вобастагӣ дорад, солимии оила бошад, аз зани дурандеш ва марди некбину хирадманд вобастагии калон дорад (Паёми Душанбе, 25 ноябри 2015);
-Аз 76 намуди маҳсулоти муҳимтарини саноати дар соли 2015 истеҳсоли 45 номгӯй афзуда, новобаста аз ин истеҳсоли 26 номгӯй кам гардидааст…;
-Новобаста аз ин Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш ин пеш аз ҳама, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатсайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии харакат дар роҳҳо мебошад… (Мароми Пойтахт, 27. 01. 2016);
-Яъне ваҳшати мо аз тааллуқ (вобастагӣ) хеле зиёд аст ва ҳамин зиёдии ваҳшат сабаб шуда, ки акси мо монанди об барои худ оинаро қаъри чоҳ медонад (Ганҷи Забон, январи соли 2016); -Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон аст, ки Ҳукумат барои зарардидаҳо новобаста аз мавҷудияти суғурта манзил месозанд: “Дар ҷаҳон ин хел нест, танҳо дар Тоҷикистон. Дар дигар кишваҳо агар хона хароб шуд, омада мебинанд агар суғурта дошта бошӣ, бо ту гап мезананд, набошад, не” (Чархи Гардун, 27. 01. 2016);
-Албатта, зикр кардан айни муддаост, ки агар мо ду баробари дигар мутавоҷеҳ ба ин соҳа шавем ва корҳои зиёд ва барномаҳои мушаххасеро роҳандози намоем ҳам, кам аст, зеро ояндаи давлату миллат ва насли навраси мо аз маориф вобастагии амиқ дорад (Мароми Пойтахт, 21.07. 2016);
-Ин ҳама аз доварони барнома вобаста буд (ТВБ, “Шоу Парвин” 30. 01. 2016);
-Президенти кишвар ба ин сабаб изҳори нигарони кард, ки “Даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад” (“Адабиёт ва Санъат”, 28 – январи соли 2016 );
-Имсол тӯю маросим камтар буд. Мардум дар паи бӯҳрон мушкил доранд ва кори мо ҳам аз онҳо вобаста аст (“Нигоҳ”, 3. 02. 2016);
-“Муайянкунӣ”- и шуур аз фард, сифати шуури миллӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ, инчунин санъати кор бо чунин шуур, аз бозингарони геополитикӣ вобастагӣ дорад (Тоҷикистон, 27. 01. 2016 ); –Новобаста аз мансаб, боигарӣ, ҷоҳу ҷалол манфиати миллии ин гурӯҳ дар вобастагии кул ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ – динӣ мемонанд (Тоҷикистон, 27. 01. 2016);
-Рафторҳои иҷтимоӣ аз онҳо вобастагӣ пайдо мекунанд;
… аз бозе, ки асбобе бо номи радио, баъдан телевизион, ҳам акнун васоити ахбор ва алоқаи электронӣ пайдо гаштааст, шаклгирии ҷузъиёти шуури рӯзмарра мансуб ба онест, ки маблағҳои ҳангуфти нафту газ ва ононе, ки аз ин хазинаҳо дар ҳарду шакл бархурдоранд, вобастагӣ дорад;
… мо, омӯзгорони ҷавон, бояд новобаста аз равияи фанни таълимамон бо забони хориҷӣ озодона гуфтугӯ карда тавонем;
… зеро дар оянда бурду бохти ҷумҳурии азизамон аз онҳо вобастааст (Омӯзгори ҷавон, 6. 02. 2016).
Шояд хонандаи хушзавқу нуқтафаҳми мо пас аз хондани мисолҳои зикршуда ба худ чунин савол дода бошад: Чаро истифодаи пешоянди таркибии “вобаста аз” нодуруст аст? Аз чӣ сабаб пешоянди таркибии “новобаста аз” нодуруст аст? Охир, мо дар гуфтугӯи ҳаррӯза аз ин ифодаҳо бемалол истифода мекунем ва ҳаррӯз аз тариқи радио ва телевизион садо медиҳанд-ку? Бигзор, рӯзномаҳо, радио ва телевизионро ба назар нагирем, охир ин калимаҳо (вобаста аз, новобаста аз) дар асарҳои бадеии нависандагон аҳён – аҳён ба чашм мерасанд-ку? Пас, чаро имрӯз истифодаи ин калимаҳо (вобаста аз, новобаста аз) ғалат бошанд? Бале, хонандаи гиромӣ, гапи шумо ҳам ҳақ аст. Имрӯзҳо чӣ дар гуфтугӯи байни одамон, чӣ дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ гӯш диҳем, истифодаи пешояндҳои таркибии “вобаста аз” ва “новобаста аз”– ро мешунавем ва ҳамарӯза аз рӯзномаҳо мехонем ва ҳамчунон аз радиову телевизион садо медиҳанд. Ин ифодаҳо дар китобҳои бадеӣ ва забони ВАО (Васоити ахбори омма) ҳазм шуда, ба забони гуфтугӯӣ низ бетаъсир намондааст. Ин пешояндҳои таркибӣ “вобаста аз” ва “новобаста аз” дар миёни қаламкашон ва мардуми оддӣ чунон таъсири худро гузоштааст, ки ҳатто баъзеҳо ба ғалат будани онҳо бовар надоранд. Хонандаи азиз, аз чӣ сабаб истифодаи калимаҳои “вобаста аз” ва “новобаста аз” ғалатанд, мо ба шумо аз устодони бузург далеле хоҳем овард ва дар ҳамин хусус шайх Муслиҳиддин Саъди Шерозӣ хеле ҳам бамаврид гуфтаанд:

Ногуфта надорад, касе бо ту кор,
Валекин чу гуфтӣ далелаш биёр.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китобашон – “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад” дар бораи ғалат ба кор бурдани пешоянди таркибии “вобаста ба” сухан ронда навиштаанд: “Бояд гуфт, ки … бо пешоянди “ба” омадани вобаста дуруст аст, аммо бо пешоянди “аз” омадани онро дуруст шумурдан ҳаргиз мумкин нест. Чаро кӣ вобаста аз феъли бастан аст ва ҳол он, ки бастан ба тоҷикӣ пешоянди “ба” талаб дорад: одатан чизеро ба чизе мебанданд, аммо чизеро аз чизе бастан дар забони мо нест (Нашри 2005, саҳ. 248 – 249). Бояд қайд кард, ки калимаи “новобаста” аз решаи калимаи “вобаста” гирифта шуда, хилофи иҷрои амалеро мефаҳмонад. Модом, ки калимаи “новобаста” аз решаи калимаи “вобаста” гирифта шуда бошад, пас, он ҳам бояд пешоянди “ба” қабул кунанд, ба монанди “новобаста ба” на ин ки “новобаста аз”. Шояд хонандаи хушзавқи мо пас аз хондани сатрҳои дар боло зикршуда боз савол диҳад, ки: ин пешояндҳои таркибии “вобаста аз” ва “новобаста аз” аз куҷо пайдо шудаанд? Оё онҳоро касе ихтироъ кардааст? Ин ғалатҳо аз куҷо об мехӯрда бошанд? Оё ин пешояндҳои таркибӣ “вобаста аз” ва “новобаста аз” дар осори гузаштагони мо вомехӯранд ё не? Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ низ тарзи нодуруст ба кор бурдани пешоянди таркибии “вобаста ба” (яъне “вобаста аз”) – ро таҳқиқ намуда, ба худ савол гузошта, дар китобашон чунин овардаанд: “Пас ин ҳама “вобаста аз” – ҳо дар забони имрӯз аз куҷо пайдо шуд? Сарчашмаи онҳо ибораи русии зависит от мебошад. Дар русӣ феъли зависит ба маънои вобаста будан пешоянди “от” талаб мекунад: Это зависит от него. Азбаски пешоянди “от” ба тоҷикӣ бо “аз” ифода меёбад, тарҷумонҳо қолиби “вобаста аз” – ро ихтироъ карданд. Ин ихтироъ аз тарафи тақлидкорони онҳо хуш истиқбол шуд ва рафта – рафта хеле паҳн гардид. Яъне вобаста аз дар натиҷаи ин ки аз ибораи русӣ ба таври механикӣ нусха бардоштанд, пайдо шуд. Онҳое, ки ин қолибро истифода менамоянд, фаромӯш мекунанд, ки дар ибораи тоҷикӣ пешояндро бояд феъли тоҷикӣ муайян кунад, на феъли русӣ. Модом, ки ибораи тоҷикӣ аз феъли бастан гирифта шудааст, пас пешоянди он ҳам бояд мувофиқи ин феъл бошад. Ногуфта намонад, ки дар “Луғати русӣ – тоҷикӣ”А. Деҳотӣ ва Н. Ершов (1949) пешоянди феълҳои русӣ ва тоҷикӣ нишон дода нашуда бошад ҳам (ва инро яке аз камбудиҳои калони ҳар як луғат бояд донист), ба ҳар ҳол ҷумлаи “Это от меня не зависит” чунин тарҷума гардидааст: ин ба ман дахлдор нест, ин ба ман вобаста нест. Яъне А. Деҳотӣ рашану возеҳ ишора кардааст, ки дар ин маврид ба тоҷикӣ пешоянди “аз” не, балки “ба” даркор аст” (Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. – Душанбе: Ирфон, 2005, саҳ. 248 – 249). Пас модом, ки ифодаи “вобаста аз” нодуруст ва “вобаста ба” кӣ дуруст бошад, ҷумлаҳои болоро ба ин таз бояд ислоҳ намуд:
-Бонуи тоҷик дар ин сол бори дигар дарк намуд, ки дар ҳақиқат пайдоиши давлат ба саҳми ӯ вобастагӣ дорад, солимии оила бошад, ба зани дурандеш ва марди некбину хирадманд вобастагии калон дорад (Паёми Душанбе, 25 ноябри 2015);
-Аз 76 намуди маҳсулоти муҳимтарини саноати дар соли 2015 истеҳсоли 45 номгӯй афзуда, новобаста ба ин истеҳсоли 26 номгӯй кам гардидааст (Мароми Пойтахт, 27. 01. 2016)…
Нуқтаи муҳимеро бояд зикр намуд, ки рӯзномаро ҳар рӯз мехонем, радиоро ҳар рӯз гӯш мекунем ва телевизионро ҳар рӯз тамошо мекунем ва ин табиист, ки ба мо аз асарҳои бадеӣ дида таъсири бештар мерасонанд. Дар охирсухан ҳаминро ба хонандаи гиромӣ расониданиам, ки мо соҳибони забон ва наберагони суханпарварони гузашта, бояд соҳиби забони худ бошем, онро аз ҳар гуна алфози қабеҳ ва ғалат муҳофиз бошем. Зеро ягон шахсе аз мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва Русия омада онро аз ғалат пок намесозад ва табиист, ки дар хонаи ҳар кадоми мо агар коре ба монанди побели замин афтад, замини моро ҳамсоя омада побел намекунад. Аз ҳамин сабаб бояд ҳар кадоми мо дар ҳифз ва ҳимояи забон, миллат, мавзеҳои таърихӣ, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва модари худ бетараф набошем ва аз як гиребон сар бароварда баҳри пойдории забони модарии худ кӯшиш намоем.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.