Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 5)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Дар кадом гурӯҳ овозҳои садонок дуруст ҷойгир шудаанд?
А) а, о, у, б, в, г;
Б) а, о, и, е, ю, д;
В) а, о, у, ӯ, и, э;
Г) е, ё, ю, я, а, и;

2. Ҳиссаҳои нутқ чист?
А) чорто;
Б) дуто;
В) даҳто;
Г) шашто;

3. Дар кадом гурӯҳ калимаи мактаб ба ҳиҷо ҷудо шудааст?
А) мак – таб;
Б) макт – аб;
В) ма – ктаб;
Г) мактаб;

4. Калимаи модар кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат;
Б) феъл;
В) исм;
Г) ҷонишин;

5. Дар кадом гурӯҳ саръазои ҷумла дуруст ҷойгир шудаанд?
А) мубтадо, ҳол;
Б) хабар, пуркунанда, ҳол;
В) мубтадо, хабар;
Г) муайянкунанда, пуркунанда;

6. Калимаи ҳамсӯҳбат кадом навъи исм аст?
А) исми сода;
Б) исми сохта;
В) исми мураккаб;
В) исми таркибӣ;

7. Шайх Саъдӣ ғазалу таронаҳои зиёде навиштааст.
Ин ҷумла аз ҷиҳати ифодаи мақсад ва оҳанг ба кадом хели ҷумлаҳо таалуқ дорад?
А) ҷумлаи хабарӣ;
Б) ҷумлаи саволӣ;
В) ҷумлаи амрӣ;
Г) ҷумлаи хитобӣ;

8. Дар ҷумлаи Борон борид калимаи борид кадом аъзои ҷумла аст?
А) мубтадо;
Б) хабар;
В) пуркунанда;
Г) ҳол;

9. Калимаи Ватан аз чанд ҳиҷо иборат аст?
А) як ҳиҷо;
Б) се ҳиҷо;
В) ду ҳиҷо;
Г) ба ҳиҷо ҷудо намешавад;

10. Калимаи ман кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм;
Б) сифат;
В) ҷонишин;
Г) феъл;

11. Муродифҳои калимаи ҷаҳон – ро муайян кунед?
А) нодон, сода, гул, гумроҳ;
Б) хона, кулба, ошён;
В) дунё, гетӣ, даҳр;
Г) ором, осуда, сокит, хомӯш;

12. Дар кадом гурӯҳ мустазодҳо дуруст омадаанд?
А) талх – ширин;
Б) калон – бузург, азим;
В) тор – торик, тор – нахи ресмон;
Г) қанд, ширин;

13. Феъл чанд замон дорад?
А) ду замон;
Б) се замон;
В) як замон;
Г) замон надорад;

14. Феъли рафт аз рӯйи сохт ба кадом намуди феъл таалуқ дорад?
А) феъли сода;
Б) феъли сохта;
В) феъли таркибӣ;
Г) феъли таркибии феълӣ;

15. Дар кадом гурӯҳ ҳамсадоҳои ҷарангнок дуруст ҷойгир шудаанд?
А) қ, ҳ, р, л, м, н, ӣ;
Б) п, т, к, ч, с, ш, х, ф;
В) б, д, г, ҷ, з, в, г, ч, ф, т;
Г) б, в, г, ғ, д, ж, з, й, к, л, м, н, р, ҷ;

16. Сифат чанд дараҷа дорад?
А) як дараҷа;
Б) ду дараҷа;
В) дараҷа надорад;
Г) се дараҷа;

17. Ёдбарсарҳоро дуруст муайян кунед?
А) е, э, о, а;
Б) е, ё, ю, я;
В) у, о, ӯ, я;
Г) ю, ё, у, о;

18. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст?
А) 39 ҳарф;
Б) 33 ҳарф;
В) 35 ҳарф;
Г) 28 ҳарф;

19. Феъли хонда истодаам кадом замони феъл аст?
А) замони гузашта;
Б) замони ҳозира;
В) замони оянда;
Г) замони ҳозира – оянда;

20. Калимаи панҷум кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат;
Б) ҷонишин;
В) шумора;
Г) исм;

21. Калимаи Тоҷикистон кадом навъи исм аст?
А) ҷондор;
Б) беҷон;
В) хос;
Г) ҷинс;

22. Калимаҳои хона, модар, гул мактаб кадом навъи калимаҳо ҳастанд?
А) калимаҳои сода;
Б) калимаҳои сохта;
В) калимаҳои мураккаб;
Г) калимае, ки бо пасванд омадааст;

23. Ба ҷумлаи зерин феъли мувофиқ гузошта пурра намоед:
Падарам аз сафар …
А) мераванд;
Б) омаданд;
В) рафтанд;
Г) рафта истодаанд;

24. Борон борид. Ин ҷумла ба кадом хели ҷумла маҳсуб аст?
А) ҷумлаи яктаркиба;
Б) ҷумлаи чидааъзо;
В) ҷумлаи хуллас;
Г) ҷумлаи тафсилӣ;

25. Овозҳои садонок чандтоянд?
А) дуто;
Б) шашто;
В) чорто;
Г) даҳто;

26. Ҳиссаҳои ёридаҳанда ё номустақили нутқро муайян кунед:
А) исм, сифат, пайвандакҳо, ҳиссача, нидо;
Б) феъл, ҷонишин;
В) пешоянду пасояндҳо, ҳиссача, нидо;
Г) феъл, зарф, нидо;

27. Калима ё иборае, ки муроҷиатро мефаҳмонад, чӣ номида мешавад?
А) ибора;
Б) ҷумла;
В) мухотаб;
Г) ҷумлаи хитобӣ;

28. Ҳиссаи нутқе, ки номи ашёро мефаҳмонад, чӣ номида мешавад?
А) исм;
Б) ҷонишин;
В) сифат;
Г) феъл;

29. Кадом ҳиссаи нутқ ба саволҳои кӣ? киҳо? чӣ? чиҳо? ҷавоб мешавад?
А) феъл;
Б) зарф;
В) сифат;
Г) исм;

30. Аъзоҳои ҷумла чандтоянд?
А) дуто;
Б) сето;
В) панҷто;
Г) даҳто;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.