Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 6)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст?
А) 39;
Б) 35;
В) 30;
Г) 28;

2. Овози нутқ кадомҳоянд?
А) садонок;
Б) ҳамсадо;
В) йотбарсар;
Г) ҳамсадою садонок;

3. Садонокҳо чандтоянд?
А) 6 – то;
Б) 9 – то;
В) 7 – то;
Г) 5 – то;

4. Он қисми калима, ки маънои асосӣ дар он аст, чӣ ном дорад?
А) пасванд;
Б) пешванд;
В) реша;
Г) бандак;

5. Ҳиҷо чанд хел мешавад ва чандтоянд?
А) як хел мешавад: баста;
Б) ду хел мешавад: кушода, баста;
В) се хел мешавад: кушода, баста, зада
Г) як хел мешавад: кушода;

6. Хурдтарин воҳиди забонро чӣ меноманд?
А) ҳиҷо;
Б) ҷумла;
В) калима;
Г) ибора;

7. Воситаи алоқа дар ибора кадом аст?
А) бандаки феълӣ;
Б) бандаки хабарӣ;
В) бандаки изофии «и»;
Г) бандакҷонишин;

8. Фикри тамомшударо чӣ мегӯянд?
А) калима;
Б) ҷумла;
В) ибора;
Г) матн;

9. Ёдбарсарҳо кадомҳоянд?
А) е, ё, ю, я;
Б) о, а, ӯ, у;
В) э, и, й, ӣ;
Г) а, о, и, ӯ;

10. Ҳиссаҳои калима кадомҳоянд?
А) овоз;
Б) ҳарф;
В) реша, пасванд, пешванд, асос ва бандак;
Г) ҳиҷо;

11. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ мавҷуд аст?
А) 6 – то;
Б) 10 – то;
В) 4 – то;
Г) 8 – то;

12. Ҳиссаҳои нутқ чанд хел мешаванд?
А) ду хел мешаванд: мустақил ва ёридиҳанда;
Б) як хел мешаванд;
В) шаш хел мешаванд;
Г) чор хел мешаванд;

13. Ҳиссаҳои мустақили нутқ кадомҳоянд?
А) пешоянду пасоянд;
Б) исм, сифат, шумора, феъл, зарф, ҷонишин;
В) пайвандак, ҳиссача;
Г) нидо, сифат, шумора;

14. Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ кадомҳоянд?
А) исм, сифат, пешоянд;
Б) зарф, пасоянд, феъл;
В) пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача, нидо;
Г) шумора, зарф;

15. Исм чиро мефаҳмонад?
А) номи ашёро;
Б) аломати ашёро;
В) ҳаракати ашёро;
Г) амалу аломати ашёро;

16. Кадом исмҳоро бо ҳарфи калон менависанд?
А) исмҳои ҷондорро;
Б) исмҳои шахсро;
В) исмҳои ҷинсро;
Г) исмҳои хосро;

17. Он ҳиссаи нутқ, ки аломати ашёро фаҳмонда, ба саволҳои чӣ хел? Чӣ гуна? ҷавоб мешаванд, чӣ ном дорад?
А) исм;
Б) феъл;
В) шумора;
Г) сифат;

18. Сифат чанд хел мешавад?
А) ду хел мешавад: сода, сохта;
Б) як хел мешавад: мураккаб;
В) се хел мешавад: сода, аслӣ, таркибӣ;
Г) як хел мешавад: аслӣ;

19. Сифат аз ҷиҳати сохт чанд хел мешавад?
А) чор хел мешавад: сода, сохта, мураккаб, таркибӣ;
Б) як хел мешавад: сода;
В) се хел мешавад: сода, аслӣ, таркибӣ;
Г) ду хел мешавад: сода, аслӣ;

20. Сифат дар ҷумла ба вазифаи чӣ меояд?
А) ба вазифаи мубтадо;
Б) ба вазифаи ҳол;
В) ба вазифаи хабар;
Г) ба вазифаи муайянкунанда;

21. Феъл чиро мефаҳмонад?
А) аломати ашёро;
Б) номи ашёро;
В) амал, ҳолат, ва ҳаракати ашёро;
Г) шумораи ашёро;

22. Дараҷаҳои сифат кадомҳоянд?
А)қиёсӣ, олӣ;
Б) оддӣ, қиёсӣ, олӣ;
В) сода, сохта;
Г) олӣ, муқоисавӣ;

23. Бо тағйир ёфтани шакли феъл тобиши нав гирифтани амал чӣ ном дорад?
А) сиға;
Б) бандак;
В) замон;
Г) масдар;

24. Феъл чанд сиға дорад?
А) як сиға дорад: амрӣ;
Б) чор сиға дорад: амрӣ, ҳозира, гузашта, оянда;
В) ду сиға дорад: шартӣ, хабарӣ;
Г) чор сиға дорад: хабарӣ, шартӣ – хоҳишмандӣ, амрӣ ва эҳтимолӣ;

25. Замонҳои феъл кадомҳоянд?
А) амрӣ;
Б) ҳозира – оянда;
В) гузашта, ҳозира, оянда;
Г) хабарӣ;

26. Аъзои ҷумла кадомҳоянд?
А) исм, сифат, феъл;
Б) муайянкунанда, пуркунанда;
В) ҳол;
Г) мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол;

27. Аъзои ҷумла ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
А) ба ду гурӯҳ: саръазо ва аъзоҳои пайрав;
Б) ба як гурӯҳ: саръазо;
В) тақсим намешаванд;
Г) ба ду гурӯҳ: мустақил ва номустақил;

28. Саръазои ҷумла кадомҳоянд?
А) муайянкунанда, пуркунанда;
Б) ҳол, хабар;
В) мубтадо, хабар;
Г) пуркунанда, мубтадо;

29. Аъзои пайрави ҷумла кадомҳоянд?
А) пуркунанда, ҳол;
Б) муайянкунанда, пуркунанда, ҳол;
В) хабар, мубтадо;
Г) ҳол, мубтадо;

30. Феъл аз рӯи сохт чанд хел мешавад?
А) 4 хел;
Б) 3 хел;
В) 2 хел;
Г) 1 хел;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.