Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 7)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ибораҳои гули сари сабад, соя аз девор тарошидан, дил бой додан чӣ хел ибораанд?
А) озод;
Б) фразеологӣ;
В) ҷуфт;
Г) такрор;

2. Калимаҳои амир, амлокдор, элликбошӣ аз ҷиҳати истеъмол чӣ хел калимаанд?
А) нав;
Б) маҷоз;
В) наввожа;
Г) таърихан маҳдудшуда;

3. Ифодаҳои таркибан ва мазмунан рехтаву устуворро дар илми забоншиносӣ чӣ меноманд?
А) ибораи озод;
Б) ибораи фразеологӣ;
В) таркибӣ;
Г) ҷумла;

4. Калимаҳое, ки дар истеъмол хоси ягон маҳал ҳастанд, чӣ ном доранд?
А) лаҳҷавӣ;
Б) адабӣ;
В) соҳавӣ;
Г) архаистӣ;

5. Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои аслан тоҷикиро муайян кунед:
А) хона, об, замин;
Б) қишлоқ, қаймоқ;
В) чароғ, кулоҷ;
Г) бензин, каросин, мошин;

6. Дар намунаҳои зерин калимаҳои маъмул дар кадом қатор оварда шудаанд?
А) аскар, лашкар;
Б) кирм, арз, стадион;
В) роҳ, хондан, дидан;
Г) сабақ, харита, килк;

7. Ибораҳои фразеологӣ бештар барои кадом услубҳои забон хосанд?
А) оммавӣ;
Б) гуфтугӯйӣ;
В) бадеӣ ва гуфтугӯйи;
Г) китобӣ;

8. Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои соҳавиро муайян кунед:
А) хона, об, замин, ҳаво;
Б) дӯст, душман, зебо, хуб;
В) абрешим, пилла, тор, нах;
Г) хондан, омадан, гирифтан;

9. Калимаи то кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) нидо;
Б) пешоянд;
В) пешоянду пайвандак;
Г) ҳиссача;

10. Калимаи ҳама ба кадом хели ҷонишин мансуб аст?
А) шахсӣ;
Б) таъинӣ;
В) шуморагӣ;
Г) саволӣ;

11. Категорияи шумора ва номуайянӣ хоси кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм;
Б) сифат;
В)феъл;
Г) зарф;

12. Калимаҳои чунки, гар, гарчи, азбаски, лекин ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд;
Б) пасоянд;
В) зарф;
Г) пайвандак;

13. Калимаҳои сеяк, чоряк, шашяк, ҳафтяк ба кадом навъи шумора таалуқ доранд?
А) аслӣ;
Б) таркибӣ;
В) касрӣ;
Г) тахминӣ;

14. Бандакҳои феълии -ам, -и, -ем, -ед, -анд ба кадом ҳиссаҳои нутқ хос меоянд?
А) бо асосҳои феъл;
Б) бо исмҳо;
В) бо ҳиссаҳои номии нутқ;
Г) бо ҳамаи ҳиссаҳои нутқ;

15. Ҷамъбандӣ категорияи кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат;
Б) исм;
В) шумора;
Г) зарф;

16. Шумораҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
А) ду;
Б) се;
В) чор;
Г) якчанд хел;

17. Калимаҳои нафар, дона, сар дар мисолҳои ду нафар талаба, як дона қалам, панҷ сар гӯсфанд чӣ вазифаҳоро адо кардаанд?
А) нумератив;
Б) мубтадо;
В) вазифа надорад;
Г) пуркунанда;

18. Ҷонишинҳои ман, ту, шумо кадом навъи ҷонишинҳоянд?
А) соҳибӣ;
Б) ишоратӣ;
В) шахсӣ;
Г) таъинӣ;

19. Аз мисолҳои зерин феълҳои гузарандаро нишон диҳед:
А) пурсидан, гирифтан;
Б) хобидан, истодан;
В) гуфтан, додан;
Г) рафтан, омадан;

20. Кадом зарфҳо аз зарфҳои зерин дараҷаи қиёсӣ доранд?
А) ҳамаи зарфҳо;
Б) миқдору дараҷа;
В) замону макон;
Г) тарзи амал;

21. Кадоме аз ин феълҳо, феълҳои замони гузаштаи дурро далолат мекунад?
А) омада монд, рафтааст;
Б) омадааст, мерафт;
В) рафта буд, рафта будааст;
Г) меомад, омада буд;

22. Дар ин мисраи устод Рӯдакӣ калимаи гар кадом ҳиссаи нутқ аст?
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…
А) ҳиссача,
Б) пайвандак;
В) нидо;
Г) исм;

23. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ аст?
А) 8;
Б) 12;
В) 9;
Г) 10;

24. Калимаҳои навъи хондан, дидан, сӯҳбат кардан мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) исм;
Б) зарф;
В) феъл;
Г) сифат;

25. Калимаҳои мисли, монанди, ҳамчун мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) зарф;
Б) сифат;
В) пешоянд;
Г) пайвандак;

26. Ҳиссаҳои нутқ дар кадом қисмати забоншиносӣ омӯхта мешавад?
А) лексикология;
Б) фонетика;
В) синтаксис;
Г) морфология;

27. Калимаҳои ки, то, зеро, ва, аммо бо кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд;
Б) пайвандак;
В) ҳиссача;
Г) исм;

28. Ҳиссаҳои номустақили нутқ чандтоянд?
А) 4;
Б) 8;
В) 2;
Г) 5;

29. Феъл дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?
А) мубтадо;
Б) муайянкунанда;
В) хабар;
Г) ҳол;

30. Феъл чанд шахс дорад?
А) панҷ;
Б) ду;
В) се;
Г) як;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.