Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (cинфи 8)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ҷиҳати овозии забонро кадом бахши илми забоншиносӣ меомӯзад?
А) синтаксис;
Б) морфология;
В) фонетика;
Г) фразеология;

2. Таркиби калима аз кадом қисматҳо иборат аст?
А) мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол;
Б) пешоянд, мубтадо, асос;
В) реша, пешванд, пасванд, асос, бандак;
Г) исм, сифат, шумора;

3. Илме, ки ҳиссаҳои нутқро меомӯзад, чист?
А) фонетика;
Б) синтаксис;
В) морфема;
Г) морфология;

4. Илми синтаксис (наҳв) чиро меомӯзад?
А) ибора ва ҷумла;
Б) ҳарф ва овоз;
В) ҳиссаҳои нутқ;
Г) сохти калима;

5. Ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно, ки бо ёрии бандаки изофӣ алоқаманд мешавад, чиро ташкил медиҳанд?
А) ҷумла;
Б) ибора;
В) ҷумлаи мураккаб;
Г) таркиб;

6. Ибораи китоби шавқовар ба кадом хели ибора мансуб аст?
А) исмӣ;
Б) сифатӣ;
В) масдарӣ;
Г) зарфӣ;

7. Дар ибораи гул барин нозук калимаҳо бо кадом навъи алоқаи тобеъ байни ҳам алоқаманд шудаанд?
А) изофӣ;
Б) вобастагӣ;
В) ҳамроҳӣ;
Г) мувофиқат;

8. Калимаҳои синоним, грамматика, секунҷа, минус бештар дар кадом услуб истифода мешаванд?
А) илмӣ;
Б) публистӣ;
В) бадеӣ;
Г) гуфтугӯйӣ;

9. Саръазои ҷумла кадомҳоянд?
А) пуркунанда;
Б) мубтадо ва хабар;
В) мухотаб;
Г) муайянкунанда;

10. Ҷумла чиро мефаҳмонад?
А) фикри томро;
Б) муҳокимаро;
В) мафҳуми мураккабро;
Г) хулосаро;

11. Дар байти устод Мирзо Турсунзода:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
ҷонишини “мо” ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадааст?
А) хабар;
Б) мубтадо;
В) муайянкунанда;
Г) ҳол;

12. Агар пайвандаки кадом ҷумлаи пайрав аст?
А) мақсад;
Б) сабаб;
В) шарт;
Г) хабар;

13. Дар ҷумлаи Имрӯз ҳаво хеле гарм аст, калимаи имрӯз кадом аъзои ҷумла аст?
А) ҳол;
Б) хабар;
В) мубтадо;
Г) муайянкунанда;

14. Ҷои мухотаб дар ҷумла чӣ гуна аст?
А) мобайн;
Б) аввал;
В) охир;
Г) аввал, мобайн ва охири ҷумла.

15. Муайянкунанда чанд хел мешавад?
А) 3;
Б) 2;
В) 5;
Г) 6;

16. Кадом аъзои ҷумла ба аъзои дигар ҷумла тобеъ намешавад?
А) ҳол;
Б) мубтадо;
В) муайянкунанда;
Г) пуркунанда;

17. Хели ҷумлаи зеринро аз ҷиҳати сохт муайян кунед:
Имрӯз ҳаво мӯътадил аст.
А) содаи дутаркиба;
Б) содаи хуллас;
В) содаи дутаркибаи тафлисӣ;
Г) содаи тафлисӣ;

18. Дар байти устод Айнӣ:
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
ифодаи эй фақирон, чӣ нақшро адо кардааст?
А) мубтадо;
Б) хабар;
В) мухотаб;
Г) нидо;

19. Мухотаб аз аъзои ҷумла бо кадом аломат ҷудо карда мешавад?
А) аломати савол;
Б) дефис;
В) вергул ва хитоб;
Г) нуқтавергул;

20. Дар забони тоҷикӣ чанд аъзои пайрави ҷумла мавҷуд аст?
А) 5;
Б) 3;
В) 6;
Г) 2;

21. Он аъзои ҷумлае, ки сухан дар бораи он меравад, чист?
А) хабар;
Б) мубтадо;
В) ҳол;
Г) пуркунанда;

22. Ҷумлае, ки яксанд саръазо ва аъзои пайрав дошта, як аъзои ҷумлаанд, кадом намуди ҷумла аст?
А) ҷумлаи чидааъзо;
Б) ҷумлаи дутаркиба;
В) ҷумлаи хуллас;
Г) ҷумлаи мураккаб;

23. Асоси ҷумларо чӣ ташкил медиҳад?
А) мубтадо, хабар;
Б) муайянкунанда;
В) ҳол;
Г) пуркунанда;

24. Агар сухан шахсе айнан оварда шавад, чӣ номида мешавад?
А) нутқи айнан нақлшуда;
Б) нутқи муфассал;
В) нутқи мазмунан нақлшуда;
Г) муколама;

25. Аъзои ҷумла ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
А) яктаркиба ва дутаркиба;
Б) хуллас ва тафлисӣ;
В) саръазо ва аъзои пайрав;
Г) пайвандакдор ва бепайвандак;

26. Дар ҷумлаи зерин кадом аъзо чида шудааст?
Дар фасли зимистон обҳои кӯлҳо, ҷӯйҳо, ҳавзҳо ях мекунанд.
А) мубтадо;
Б) хабари номӣ;
В) пуркунанда;
Г) ҳоли макон;

27. Юсуф ба хона баргашт. Пуркунандаи ин ҷумла кадом аст?
А) Юсуф;
Б) ба хона;
В) баргашт;
Г) бе пуркунанда аст.

28. Аъзои пайрави ҷумла, ки тарз, замон, макон, сабабу мақсад ва миқдору дараҷаи амали хабарро мефаҳмонад, чӣ ном дорад?
А) пуркунанда;
Б) ҳол;
В) хабар;
Г) муайянкунанда;

29. Мубтадо ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
А) чӣ гуна?, чӣ хел?;
Б) кӣ?, киҳо?, чӣ?, чиҳо?;
В) чӣ кор карда истодааст?, чӣ шуд?;
Г) чанд?;

30. Ҷумла аз ҷиҳати ифодаи мақсад ва оҳанг чанд хел мешавад?
А) 4;
Б) 5;
В) 2;
Г) 1;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.