Суббота, Декабрь 14Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 9)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд?
А) соли 1924;
Б) соли 1964;
В) соли 1989;
Г) соли 1996.

2. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст?
А) 30;
Б) 35;
В) 32;
Г) 38;

3. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ мавҷуд аст?
А) 10;
Б) 12;
В) 6;
Г) 16;

4. Чанд ҳиссаи номии нутқ мавҷуд аст?
А) 4;
Б) 6;
В) 10;
Г) 5;

5. Аъзои ҷумларо кадом қисми забоншиносӣ меомӯзад?
А) фонетика;
Б) услубшиносӣ;
В) синтаксис;
Г) морфология;

6. Ҳиссаҳои нутқро кадом қисми забоншиносӣ меомӯзад?
А) синтаксис;
Б) грамматика;
В) фразеология;
Г) морфология;

7. Овозҳои нутқро кадом қисмати забоншиносӣ меомӯзад?
А) имло;
Б) лексикология;
В) фонетика;
Г) фразеология;

8. Аъзои ҷумла ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
А) 3;
Б) 2;
В) 4;
Г) 10;

9. Як фикри тамомшударо чӣ меноманд?
А) ибора;
Б) имло;
В) ҷумла;
Г) бандак;

10. Аъзои пайрави ҷумла кадомҳоянд?
А) хабар, ҳол, мубтадо;
Б) мубтадо, хабар;
В) пуркунанда, ҳол, хабар;
Г) пуркунанда, муайянкунанда, ҳол;

11. Кадом аъзои ҷумла ба ҷойи исм меояд?
А) хабар;
Б) ҳол;
В) пуркунанда;
Г) мубтадо;

12. Ҷумлаҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
А) сода ва мураккаб;
Б) сода ва сохта;
В) сохта ва мураккаб;
Г) сода ва таркибӣ;

13. Ҷумлаи мураккаб ба чанд хел ҷудо мешавад?
А) 3;
Б) 2;
В) 4;
Г) 6;

14. Сарҷумла дар куҷои ҷумла омада метавонад?
А) аввал;
Б) мобайн;
В) дар аввал, мобайн, охир;
Г) охир;

15. Сарҷумла чӣ мехоҳад?
А) эзоҳ;
Б) хулоса;
В) савол;
Г) баён;

16. Воситаҳои асосӣ дар ҷумлаи мураккаб чиҳоянд?
А) пайвандак ва вергул;
Б) вергул ва тире;
В) пайвандак ва қавс;
Г) тире ва қавс;

17. Бе иштироки кадом аъзо ҷумла сохта намешавад?
А) саръазо;
Б) мубтадо;
В) аъзоҳои пайрав;
Г) пайвандакҳо;

18. Дар ҷумлаи Офтоб медурахшад калимаи офтоб ба кадом аъзои ҷумла мансуб аст?
А) хабар;
Б) пуркунанда;
В) ҳол;
Г) мубтадо;

19. Ҷумлаи Ман омадам, ту набудӣ ба кадом намуди ҷумла мансуб аст?
А) ҷумлаи сода;
Б) ҷумлаи амрӣ;
В) ҷумлаи туфайлӣ;
Г) ҷумлаи мураккаб;

20. Дар зери мубтадо кадом набуди хат кашида мешавад?
А) мавҷнок;
Б) ду хати рост;
В) як хати рост;
Г) тире – тире;

21. Дар ҷумлаи Хондани вазифаи асосии мост калимаи хондан кадом аъзои ҷумла аст?
А) хабар;
Б) ҳол;
В) пуркунанда;
Г) мубтадо;

22. Кадом калима ё ибора аъзои ҷумла шуда наметавонад?
А) хабар;
Б) мухотаб;
В) аъзои туфайлӣ;
Г) ҳол;

23. Аъзои ҷумларо чигуна таҳлил менамоянд?
А) морфологӣ;
Б) синтаксисӣ;
В) фонетикӣ;
Г) грамматикӣ;

24. Дар ҷумлаи Ситораҳо чашмак мезананд? калимаи ситораҳо ба кадом аъзои ҷумла мансуб аст?
А) хабар;
Б) муайянкунанда;
В) мубтадо;
Г) ҳол;

25. Кадом калимаҳо ташдид доранд?
А) арра, зарра;
Б) замин, борон;
В) холла, барра;
Г) акка-ака;

26. Кадом ахъхзои ҷумла хелҳои гуногун дорад?
А) хабар;
Б) мубтадо;
В) ҳол;
Г) муайянкунанда;

27. Офтоб баромад. Ин чӣ гуна ҷумла аст?
А) саволӣ;
Б) ҳикоягӣ;
В) амрӣ;
Г) хитобӣ;

28. Калимаи гулзор ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст?
А) исм;
Б) сифат;
В) нидо;
Г) пасоянд;

29. Таъбирҳоро кадом соҳаи забон меомӯзад?
А) фонетика;
Б) морфология;
В) фразеология;
Г) синтаксис;

30. Зарф дар ҷумла кадом аъзо мешавад?
А) мубтадо;
Б) пуркунанда;
В) ҳол;
Г) хабар;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.