Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 10)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд?
А) Соли 1924;
Б) соли 1941;
В) соли 1989;
Г) соли 1996;

2. Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳо дохил мешавад?
А) сомӣ;
Б) туркӣ;
В) муғулӣ;
Г) ҳинду-аврупоӣ;

3. Калимаҳои зада, реша, ҳол, ҳарф, овоз ба кадом илм мансубанд?
А) ҷуғрофия;
Б) физика;
В) адабиёт;
Г) забон;

4. Кадом соҳаи илми забоншиносӣ таркиби овозии забонро меомӯзад?
А) лексикология;
Б) морфология;
В) фонетика;
Г) синтаксис;

5. Дар кадом аз ин сатрҳо танҳо садонокҳо сабт шудаанд?
А) а, б, г, р, м, ф;
Б) я, ё, е, ъ, в, г;
В) а, о, у, ӯ, и, э;
Г) в, р, а, г, л, д;

6. Кадоме аз ин овозҳо ҳиҷосозанд?
А) а, и, о, у, ӯ;
Б) б, ғ, г, и, ш;
В) а, р, к, л, м;
Г) и, д, н, о, п, х;

7. Овозҳое, ки дар талаффузи онҳо ҳавои аз шуш бароянда ба монеа дучор мешавад, ба кадоме аз инҳо таалуқ доранд?
А) садонокҳо;
Б) ҳамсадоҳо;
В) аломатҳо;
Г) фонемаҳо;

8. Воҳиди асосии нутқро чӣ меноманд?
А) овоз;
Б) ҳарф;
В) калима;
Г) ҷумла;

9. Кадоме аз ин ибораҳо ба маънои маозӣ омадааст?
А) ангури ширин;
Б) ранги сиёҳ;
В) сухани ширин;
Г) ҳавои хунук;

10. Он ҳиссаи калимаро, ки маънои асосӣ дар он аст, чӣ меноманд?
А) сифат;
Б) пешванд;
В) реша;
Г) асос;

11. Бандаке, ки калимаҳоро бо ҳам алоқаманд мегардонад, кадом аст?
А) бандаки феълӣ;
Б) бандаки изофӣ;
В) бандакҷонишин;
Г) бандаки хабарӣ;

12. Дар кадоме аз ин гурӯҳҳо ҳиссаҳои мустақили нутқ омадаанд?
А) исм, зарф, сифат;
Б) нидо, феъл, ҷонишин;
В) исм, зарф, пешоянд;
Г) феъл, шумора, пасоянд;

13. Кадом ҳиссаи нутқ номи ашёро мефаҳмонад?
А) исм;
Б) сифат;
В) нидо;
Г) ҳиссача;

14. Калимаҳои инсон, шер, моҳӣ ба кадом гурӯҳи исмҳо дохил мешаванд?
А) исмҳои хос;
Б) исмҳои маънӣ;
В) исмҳои ҷондор;
Г) исмҳои беҷон;

15. Дар кадом сатр исмҳои беҷон сабт шудаанд?
А) модар, ватан, мурғ;
Б) Зокир, дафтар, хона;
В) зина, бародар, гов;
Г) китоб, санг, дарахт;

16. Душанбе, Зарафшон, Панҷ, Фарангис ба кадом намуди исмҳо мансубанд?
А) исми хос;
Б) исми маънӣ;
В) исми беҷон;
Г) исми ҷинс;

17. Кадом гурӯҳи исмҳо дар нохунак навишта мешавад?
А) номҳои одамон;
Б) номҳои ҷуғрофӣ;
В) воқеаҳои таърихӣ;
Г) номи асару рӯзномаву маҷаллаҳо;

18. Кадом намуди исмҳо ба саволи кӣ? ҷавоб мешаванд?
А) исмҳои хос;
Б) исмҳои шахс;
В) исмҳои ғайришахс;
Г) исмҳои ҷондор;

19. Пасванди –истон дар калимаҳо Тоҷикистон, гулистон, кӯҳистон, боғистон чиро ифода менамояд?
А) исмҳои маънӣ;
Б) исмҳои ҷинс;
В) исми макон;
Г) исми шахс;

20. Дар калимаҳои заргар, оҳангар, коргар ҳиссаи гар кадом қисми калима аст?
А) реша;
Б) бандак;
В) пешванд;
Г) пасванд;

21. Вожаҳои СММ, ҶТ, ВКД, ОДҲ, ДМТ, ДДОТ аз ҷиҳати сохт ба кадом гурӯҳи исмҳо мансубанд?
А) сода;
Б) ихтисора;
В) сохта;
Г) мураккаб;

22. Калимае, ки аломати ашёро ифода мекунад, чӣ ном дорад?
А) зарф;
Б) сифат;
В) ҳиссача;
Г) пайвандак;

23. Кадом намуди сифат аз ду ва ё се реша иборат аст?
А) сифати сода;
Б) сифати мураккаб;
В) сифати сохта;
Г) сифати таркибӣ;

24. Калимаҳои зардча, сиёҳтоб, хушрӯяк кадом шакли сифатро мефаҳмонанд?
А) шакли таъкидӣ;
Б) дараҷаи оддӣ;
В) дараҷаи олӣ;
Г) хурдиву навозиш;

25. Таърифи зерин ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст: Калимаҳое, ки миқдору тартиби ашёро мефаҳмонанд…
А) зарф;
Б) шумора;
В) ҷонишин;
Г) исм;

26. Аломати сакта ба гурӯҳи кадом намуди ҳамсадоҳо таалуқ дорад?
А) ҳамсадоҳои ташдид;
Б) беҷаранг;
В) ҷарангдор;
Г) ҳамсадоҳои халқӣ;

27. Калимаҳое, ки ба ҷойи исм, сифат ва шумора кор фармуда мешаванд, чӣ ном дорад?
А) зарф;
Б) феъл;
В) пасоянд;
Г) ҷонишин;

28. Кадом ҳиссаи нутқ амалу ҳолати ашёро мефаҳмонад?
А) пайвандак;
Б) ҳиссача;
В) ҷонишин;
Г) феъл;

29. Ҳиссаҳои мустақили нутқ чандтоянд?
А) 4;
Б) 6;
В) 8;
Г) 10;

30. Вожаҳои хондан, гуфтан, навиштан ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) феъл;
Б) зарф;
В) пешоянд;
Г) ҳиссача;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.