Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


30 саволҳо аз фанни забони тоҷикӣ (синфи 11)

Саволҳое, ки дар зер оварда шудаанд, ҳар яки шумоён метавонед бо тарзи онлайн-тест дониши худро санҷед ва сайқал диҳед, барои дохил шудан, пахш намоед: “Онлайн-тест”

1. Ташдид бештар дар кадом намуди калимаҳо во мехӯрад?
А) мураккаб;
Б) таркибӣ;
В) даҳиҷоӣ;
Г) сохта;

2. Дар забони адабии тоҷик чанд услуб ҳаст?
А) 3;
Б) 5;
В) 4;
Г) 2;

3. Ҳиссаҳои маънидори калимаро чӣ меноманд?
А) фонема;
Б) морфема;
В) ибора;
Г) ҷумла;

4. Калимаи ман дар кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм;
Б) сифат;
В) зарф;
Г) ҷонишин;

5. Калимаҳое, ки танҳо аз як реша сохта шудаанд, чӣ ном доранд?
А) сода;
Б) таркибӣ;
В) ҳамреша;
Г) якмаъно;

6. Маънои умумии грамматикии шумора чист?
А) ном;
Б) аломат;
В) адад;
Г) ҳаракат;

7. Ибораи як соат барвақт ба кадом роҳи алоқа сохта шудааст?
А) ҳамроҳӣ;
Б) вобастагӣ;
В) тартиби калимаҳо;
Г) бандаки изофӣ;

8. Маънои луғавии наҳв чист?
А) луғат;
Б) сохтан;
В) овоз;
Г) сӯй, роҳ, монанд;

9. Ҷумлае, ки дар он фикр бо ҳиссиёту ҳаяҷон ифода ёфта бошад, аз рӯйи оҳанг чӣ гуна ҷумла аст?
А) амрӣ;
Б) хитобӣ;
В) саволӣ;
Г) таъкидӣ;

10. Калимаи Рашт чӣ гуна исм аст?
А) исми ҷинс;
Б) исми кулл;
В) исми хос;
Г) исми ҷамъ;

11. Калимаи меояд кадом замони феъл аст?
А) оянда;
Б) гузашта;
В) ҳозира;
Г) ҳозира – оянда;

12. Антонимҳо чӣ гуна калимаҳоянд?
А) наздикмаъно;
Б) гуногуншакл;
В) сермаъно;
Г) зидмаъно;

13. Феъл чанд шахс ва шумора дорад?
А) 4 шахсу 1 шумора;
Б) 1 шахсу 2 шумора;
В) 3 шахсу 2 шумора;
Г) 2 шахсу 3 шумора;

14. Дар ибора чанд роҳи алоқаи калимаҳо вуҷуд дорад?
А) изофӣ ва таркибӣ калимаҳо;
Б) изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ;
В) тартиби калима;
Г) изофӣ ва ҳамроҳӣ;

15. Ҷумла чӣ гуна воҳиди наҳвист?
А) бадеӣ;
Б) илмӣ;
В) иртиботӣ (коммуникативӣ);
Г) гуфтугуӣ;

16. Бештар кадом ҳиссаҳои нутқ ба ҷойи мубтадо меоянд?
А) сифат, феъл;
Б) зарф, нидо;
В) шумора;
Г) исм, ҷонишин;

17. Ҷумлаи содаи яктаркиба ба кадом хелҳо ҷудо мешавад?
А) номӣ, феълӣ;
Б) аслӣ, нисбӣ;
В) тасрифӣ ё ғайритасрифӣ;
Г) номӣ, хабарӣ;

18. Калима, ибора ва ҷумлае, ки ҳамчун илова истеъмол мегардад, чӣ ном дорад?
А) аъзои туфайлӣ;
Б) аъзои истисноӣ;
В) ҷумлаи хуллас;
Г) ҷумлаи тафлисӣ;

19. Калимаҳои ҳайҳот, дареғо, уф кадом ҳиссаи нутқ мебошанд?
А) ҳиссача;
Б) зарф;
В) пайвандак;
Г) нидо;

20. Пайвандаки аммо, вале, лекин кадом хели пайвандак аст?
А) хилофӣ;
Б) тобеъкунанда;
В) пайвасткунандаи ҷудоӣ;
Г) пайвасткунандаи пайи ҳам;

21. Калимаи пагоҳ кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат;
Б) исм;
В) зарф;
Г) нидо;

22. Ҷонишинҳо чанд навъ мешаванд?
А) 4;
Б) 6;
В) 5;
Г) 8;

23. Феълҳои ғайритасрифиро чӣ мегӯянд?
А) феълҳои шахсӣ;
Б) феълҳои номуайян;
В) феълҳои тасрифӣ;
Г) масдар;

24. Ҳиссаҳои маънодори калима кадомҳоянд?
А) реша, пешван, пасванд ва асос;
Б) мухотаб;
В) мустазод;
Г) фонема, морфема, ҷумла;

25. Ҳиссаҳои номии нутқ кадомҳоянд?
А) зарф, нидо;
Б) феъл, сифат, шумора;
В) исм, сифат, ҷонишин, шумора;
Г) ҳиссача, пайвандак;

26. Вожаҳои наздик талаффузро чӣ меноманд?
А) омоним;
Б) паронимҳо;
В) синоним;
Г) антоним;

27. Аломати грамматикии масдар кадом пайвандак аст?
А) –зор;
Б) –гар;
В) –ан;
Г) –истон;

28. Калимаҳои назмшиносӣ, поэтика, риёзиёт ба кадом услуби забони тоҷикӣ мансубанд?
А) услуби гуфтугуйӣ;
Б) услуби илмӣ;
В) услуби бадеӣ;
Г) услуби коргузорӣ;

29. Ҳиссачаҳо аз рӯйи сохт чанд хел мешаванд?
А) мураккаб, таркибӣ;
Б) танҳо, ҷамъ;
В) сода, таркибӣ;
Г)муайян, номуайян;

30. Забони тоҷикӣ ба кадом гурӯҳи забонҳо дохил мешавад?
А) ҳинду аврупоӣ;
Б) аврупоӣ;
В) эронӣ;
Г) тоҷикӣ – дарӣ;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.