Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Сочинение

Сочинение InfoPage.TJ

Ҳеҷ кас ва Ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст!

Маърӯза & Иншо
Ҳеҷ кас ва Ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст!Бояд ќайд намуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанї, ки 1418 шабонарўз давом кард, санҷиши бузургтарин барои халќҲои ИттиҲоди Шўравї буд. Дар ин ҷанг 34 миллиону 476 Ҳазор нафар шаҲрвандони СССР, ки намояндаи 151 миллат буданд, иштирок карданд. Дар набардҲо 27 млн. одамон ќурбон шуданд, ки аз онҲо 8873000 ҷанговарон дар майдони ҷанг, 8150000 дар лагерҲои фашистон ва 9987000 нафар дар ҷойи кору зисташон ҷони худро аз даст доданд. Аз Тоҷикистон 260 Ҳазор ба ҷанг рафта, 90579 нафар дар майдони ҷанг ќурбон гаштанд. Аз вилояти Суѓд 69 Ҳазор ба фронт рафта 27800 нафарашон барнагаштаанд. Аз шаҲри Конибодом бошад, 6000 нафар ба ҷанг даъват шуда, ќариб 3700 нафарашон дар майдони ҷанг Ҳалок гардиданд. (далее…)

Забондонӣ аз луғатдонист

Маърӯза & Иншо
Ҳар як фан истилоҳот, ибораю ифодаҳои худро дорад ва аз ин рӯ, луғатомӯзӣ ба ҳамаи фанҳо мутааллиқ аст.Масалан, омӯзгори география дар ҳар як дарсаш аз чанд вожаи нав истифода менамояд, ки барои хонандагон мафҳум нестанд ва ин вожаҳоро шарҳ бояд дод. Ба ин васила шогирдон боз чанд калимаю ифодаи навро аз худ менамоянд.Луғатомӯзӣ як қисмати муҳиму ҳамешагии дарсҳои тамоми омӯзгорон мебошад, вале аз ин ҷиҳат масъулияти омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бештар аст. Махсусан, дарси забонро бе луғатомӯзӣ тасаввур кардан имкон надорад. (далее…)

Забони мо – ифтихори мо

Маърӯза & Иншо
Забон ояд ба кас чун шири модар, Аз ин рӯ асли ҷон аст асли ҷон аст.Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барон ҳар як инсони комил баробари пайдо шудаии ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. (далее…)

МАКТАБ – МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Маърӯза & Иншо
Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, Мурги масти орзу аз ошёни мактаб аст. Аклу дониш, илму ирфон, дафтару мехри китоб, Бахри мо хидматрасон аз ганчи кони мактаб аст. (далее…)

Хислатҳои номатлуб – доғи ҷомеа

Маърӯза & Иншо
Одамият агар ки беадаб аст, одам нест.Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон – фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натичагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад. Маҳз, ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад. (далее…)

Адиб Шиҳобиддин Собир

Маърӯза & Иншо
Адиб Шиҳобиддин Собир бини Исмоили Тирмизӣ аз шоирони маъруфи асри 12 милодӣ аст. Собир дар охири салтанати султон Ҷалолиддин Абдулфатҳ Маликшоҳи салҷуқӣ аз Тирмиз ба Хуросон омада, чанд сол дар мадрасаи Низомияти Ҳирот таҳсили илм намуд. Мероси боқӣ гузоштаи адиб Собир аз қасида, ғазал, қитъа, рубоиёт иборат аст. Девони ашъораш соли 1334 ҳиҷрӣ дар Теҳронба табъ расидааст. (далее…)

Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд

Маърӯза & Иншо
Ақрабаки соат қарибии ҳаштро нишон медиҳад. Ҳама шитоб доранд, ҳар кас кўшиш дорад ба нақлиёти ҷамъиятӣ пештар нишинад ва ба ҷои кори худ ҳозир шавад то аз маъмурияти худ сарзаниш нашунавад. (далее…)