Пятница, Апрель 26Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Афсонаҳо

Афсонаҳои халқи тоҷик ва нафақат

Ҷазои ҳилагар

Ҷазои ҳилагар

Афсонаҳо
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада бо сангпушту мӯрча вохӯрд. -Ту кӣ? – пурсид аз сангпушт! (далее…)
Бузу гӯсфанду гӯсола

Бузу гӯсфанду гӯсола

Афсонаҳо
Як бузи кӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт: -Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур (далее…)
Нахӯтак

Нахӯтак

Афсонаҳо
Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт. Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе так-так мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани (далее…)
Вазири зирак

Вазири зирак

Афсонаҳо
Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ cap шуд. Подшоҳ, аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтода, намедонист, ки (далее…)
Хаёлпараст

Хаёлпараст

Афсонаҳо
Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! ҳеҷ коре намекард (далее…)
Лаку Пак

Лаку Пак

Афсонаҳо
Буд, набуд, дар рӯи ин олам Лаку Пак буд. Лак зани Пак буд. Лаку Пак духтари зебое доштанд, вале аклаш норасо. Як рӯзе ба хонаи онҳо хостгор омад. Лак хостгорҳоро дида ба духтараш гуфт: — Духтарам, ба ту хостгор омад. (далее…)

Марди деҳқон ва кӯзаи зар

Афсонаҳо
Як деҳқоне буд. Камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди (далее…)

Рӯбоҳ ва паланг

Афсонаҳо
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки (далее…)

Хирсаки серкор

Афсонаҳо
Рӯзе хирс саҳари барвақт хеста ба ҷангал барои ҳезум меравад. Баъдан ба хона бар мегардад оташ дар мегиронад ва барои кӯдаконаш шӯрбо мепазад ва барои бедор намудани кӯдаконаш меравад ва баъд аз чанде бӯйи шӯрбо ба машомаш мерасад ва давидакунон (далее…)

Навозандагони ҷангал

Афсонаҳо
Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои (далее…)