Четверг, Август 22Вместе создадим светлое будущее!


Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Омўзиши фосилавӣ – ин чизи нав нест. Омўзиши ғоибона солҳои зиёд вуҷуд дорад ва васеъ паҳн гардидааст. Инчунин таълимот тариқи телевизион вуҷуд дорад.
Дар марҳилаи ҳозира омўзиши фосилавӣ бо истифодабарии шабакаи Интернет паҳн шуда истодааст. Потенсиали веб-технологияҳо диққати омўзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд, зеро ин технологияҳо захираҳои таълимотиро, ки дар тамоми ҷаҳон ҳаст, муттаҳид мекунад.
Интернет, воситаи алоқа ва технологияҳои компутерӣ омўзиши компутериро шавқовар мегардонад. Лоиҳа ва кашфиётҳои нав ба нав дар ин соҳа пайдо шуда истодаанд. Акнун намудҳои муҳими системаҳои таълимиро дар асоси истифодабарии компутерҳо дида мебароем.
Яке аз аввалин кашфиёт дар ин соҳа ин – «китобҳои интернетӣ» ба ҳисоб меравад. Омодагии версияҳои электронии лексияҳо ва китобҳо – ин ҳама роҳи осон ва фаврӣ ба Интернет аст. Дар ин ҳолат дониш дар соҳаи барноманависӣ зарурият надорад ва ё донистани забони махсуси HTML. Махсус барномаҳои ёрирасон вуҷуд доранд, ки аз редактори матнӣ ба HTML мегузаронанд.
Аз ҳисоби тараққиёти тези технологияҳои муосир системаҳои таълимӣ дар асоси веб-технологияҳо хеле паҳн шудаанд. Азбаски Интернет барои тамоми ҷаҳон дастрас аст, ў таҷҳизоти қиматро талаб намекунад, компутери фардӣ бо ҳамагуна системаи оператсионӣ, веб-браузер, модем ва алоқаи телефонӣ имконият медиҳанд барои пайвастшавӣ ба Интернет ва гирифтани дониш тариқи Интернет.
Системаҳои таълимотӣ дар асоси веб-технологияҳо асинхронӣ мебошанд ва барои ҳамин иштироки яквақтаи омўзгор ва талабагонро талаб намекунанд. Лексияҳое, ки пешакӣ омода шуда буданд тариқи шабака дода мешавад. Ҳар як шахс метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти бо худаш қулай омўзад. Ғайр аз ин вай имконияти додан и саволро ба омўзгор тариқи почтаи электронӣ дорад.
Се сабаби асосии шавқи зиёди ба омўзиши дистансионӣ тариқи Интернет вуҷуд дорад:

    • Вуҷуд доштани талабот ба ахбороти аниқ.
    • Технология барои қонеъ гардонидани ин талабот вуҷуд дорад.
    • Ҳамаи соҳаҳои фаъолият омўзиши фосилавиро ҳамчун бозори нави муҳим ва фаъолияти корӣ дида мебароянд.

Албатта камбудиҳо низ бо тариқи омўзиши фосилавӣ вуҷуд доранд. Дар замони ҳозира аз нуқтаи назари техникӣ ду омили асосӣ ба тараққиёти омўзиши фосилавӣ таъсир мерасонад:

    • пайвастшавӣ ба Интернет ва сифати алоқа;
    • омўзиши фосилавӣ бояд интерактивӣ бошад.

Почтаи электронӣ e-mail ин воситаи универсалии гуфтугўи компутерӣ мебошад. Он ба почтаи муқаррарӣ монанд аст: ҳар як истифодабарандаи Интернет дар шабака почтаи худро бо суроға дорад ва ба он бо ёрии компутер хат фиристода мешавад. Фарқият фақат дар он ки хати электронӣ пас аз фиристодан дарҳол меояд.
Ҳамин тавр, бо почтаи электронӣ натанҳо хат, инчунин расм, видеоматериал, аудиоматериал, файлҳо фиристода мешавад, ки он бениҳоят қулай мебошанд.
Яке аз тахсилоти фосилавй ба забони русй дар сайти Intuit.ru ташкил карда шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.