Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Табрикоти 8-уми март ва монолог дар мавзӯи “Модарҷонам!”

Модарҷонам!
Модарҷони азизам! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8- уми март, табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дарам. Модарҷонам, аз Худованди Муттаъол дуогӯи онам, ки сояи шуморо аз сари мо фарзандон ҳеҷ гоҳ дур накунад ва доимо соябону дуогӯи мо, фарзандон бимонед. Волидаи мушфиқам, шуморо ба шамъ монанд кардан шояд то андозае дуруст бошад. Шояд, зеро бе шумо, ҳам хона сард асту ҳам торик. Модарҷони меҳрубонам, шамъ барои он, ки ба дигарон равшани диҳад, оташе бар сари худ мегирад ва то ин ки дигарон роҳат бошанд, бо оташи ба сари худгирифта, тамоми вуҷудашро месӯзад, парвонаҳое гирди сари ӯ чарх мезананд ва ҳамчунин сӯхта – сӯхта, оҳиста – оҳиста, маҳв мегардад. Модарҷони меҳрубонам, шумо ҳам ба монанди ҳамон шамъ ҳастед, бо вуҷуди он ки шамъ ҳангоми сӯхтан аз худ дуд мебарорад, аммо шумо аз шамъ ҳам пуртоқаттар ҳастед. Оҳе нагуфта, худ ба худ, дарун ба дарун месӯзед. Модарҷони меҳрубонам, барои он ки фарзандат тандурусту бардаму солим ба воя расад, чӣ ранҷҳое, ки кашидаед, ба мисли ҳамон шамъ чӣ азобҳоеро тори сар кардаед ва барои ором хобидани фарзанд, чӣ шабҳое дар сари гаҳворааш то сӯбҳ нолидаед ва барои он ки фарзандат ҷигарбандад аз побанди беморие раҳо шавад, худро чӣ қадар сӯхтаед. Модарҷони меҳрубонам, барои он ки дар пои ман хоре нахалад, худро дар рӯи замини санглох ва хоктӯпа гилем кардӣ, барои он ки то саҳар ором бихобам, дар сари гаҳвораам то саҳар нахуфтӣ, барои он ки атсаи ноҷое накунам, чӣ доруву дармонҳое ба ман додӣ, барои он ки дуруст қадам бинҳода, наафтода роҳ равам, ту чандин бор афтодӣ ва агар ҳам боре афтодам ту маро аз замин бардоштиву ба ҷои он ки маро ҷанг кунӣ, худро маломат кардӣ. Модарҷонам, барои он ки дар оянда шахси тарбиятдида дар миёни мардум ба воя расам, дар зери болинам оятҳо ва китобҳо бузургон мондӣ. Модарҷонам, домони ту биҳиште будааст, тасвинашавандаву бебаён, ки дар тасвири он қалам бар худ оҷизу ҳайрон ва овроқҳо маъюсу ноумед монда буданд. Модарҷони меҳрубонам, аз гирифтани номи поки ту қалам ба худ меларзид, чӣ гуна равшан ва баён кардани ҳарфҳоро аз шиддати ҳаяҷон фаромӯш карда буд. Модарҷони меҳрубонам, дар мадҳи ту забонам лол монда буд, намедонистам аз кадом як қаҳрамоният ҳарф занам. Модарҷонам, ту сазовори ҳазорҳо мадҳу таърифӣ бебаёнӣ, ки аз навиштанаш қалам оҷиз мондааст. Модарҷони меҳрубонам, дар мадҳи ту оҷизу ҳайрону маъюс монда будам, зеро ҳарф бо ҳарф бо ҳам намеомаданд то калима шаванд, калимаҳо ба ҳам намеомаданд то ибора шаванд, ибораҳо бо ҳам намеомаданд, то ҷумла шаванд, ҷумлаҳо бо ҳам намеомаданд, то матн шаванд, матнҳо бо ҳам намеомаданд, то қисса шаванд ва қиссаҳо бо ҳам намеомаданд то афсона шаванд. Модарҷони меҳрубонам, ту сазовори беҳтарин ситоиш ҳастӣ. Модарҷонам, талоши ҳама мардумон дар ин дунёи фонӣ, ки аз барои ба даст овардани Ҷаннат аст, аз Худованди Муттаол талабгор ва дуогӯи онам, ки ин ганҷи нодир ва гаронбаҳоро бароят ҳамчун зани солеҳа ва покдоман, арзонӣ диҳад. Модарҷонам, шоири хушилҳоме низ дар васфат сурудааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Модарҷонам, қарси сапедат кушоиши кору роҳи сафеди мост. Мо гунҷишкакони белона муҳтоҷи дуои туем ва ҳаминро бидон модарҷонам, ки дурии моро аз ҳамдигар дар ҳар куҷое, ки бошем, фақат дуо дилҳоямонро ба ҳам наздик оварда метавонаду халос. Модарҷонам, дар ҳар куҷое, ки бошам, ҳар қадар аз ту дур ҳам ки бошам, аммо дилам бо ту наздик аст. Наздик. Модарҷонам, сарсабзу хуррам гаштани боғ ба боғбон вобаста аст ва барои он ки ниҳолаке нағз сабзаду зуд инкишоф ёбаду ҳосил диҳад, боғбон аввал бехи онро нарм мекунад, пасон об медиҳад ва шоху навдаҳои зиёдатии онро қалам мекунад, то фардо дар сояи он ба роҳат даме дам гирад. Модарҷонам, ту ҳам монанди ана ҳамон боғбон ҳастӣ, барои он ки бе нуқс калон шавам, маро аз ҳар гуна балоҳо муҳофизат кардӣ, одоби бадамро рафъ намудӣ ва барои он ки дар зиндагӣ дастгират шавам, бо умеде парваридӣ. Модарҷонам, барои он ки ба ниҳолак офате нарасад, боғбон онро аз ҳар гуна офат ҳимоя мекунад. Модарҷонам, барои он ки мо ҳам нағз инкишоф ёбем, эҳтиёҷ ба дуои ту дорем. Модарҷонам! Модарҷонам бароят чӣ хуш гуворро буд, аввалин маротиба ҳарф задани ман. Тӯтӣ барин ҳарф задан, аммо аз он худ чӣ фаҳм кардан, надонистан. Модарҷонам, чӣ хуш буд, аввалин боре, ки ба забон модар гуфтам, туро муроҷиат кардам, туро. Модарҷонам, аз шунидани ин калима яъне модар гуфта муроҷиат намуданам, хурсандият ҳадду канор надошт, медонистам, медонистам. Маро гирифта бо завқ, бо шодӣ ва хурсандии бе ҳад, бар синаи худ пахш мекардӣ, дар куртаи худ намеғунҷидӣ, гӯё дилат сахт – сахт тапиш хӯрда, дар ҷояш такон хӯрда, ба берун баромадан мехост ва хурсандии туро ба оламиён расониданӣ мешуд ва аз сарӯ рӯям бе ист бӯса мекардӣ, ашки шодӣ мерехтӣ, ба даргоҳи Яздони пок даст бардошта шукрона мекардӣ ва кӯдакона навозишам мекардӣ, медонистам, медонистам. Модарҷонам, ман аз забонат калимае омӯхтам ва ту хурсанд шудаву гул – гул мешукуфтӣ. Лол бод забонам, агар забонатро, кунам фаромӯш. Модарҷонам, дастпарвадае аз гулҳои гулистонат чӣ хуш навиштааст:

Забонамро газад сад мору ғундал,
Забонатро агар созам фаромӯш.
Бори дигар идат муборак!
Модарҷони меҳрубонам!
Бо арзи сипос ва эҳтироми
бепоён, ______________.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.