Воскресенье, Февраль 17Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Зодруз муборак

Салому дуруди бепоён дӯстам«Ном?».

Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самимиқалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дарқалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад.Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед. Аз даргоҳи Худованд ба Шумо: тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам.
Мавлудат муборак бошад дӯстам !!!
Боэҳтироми беҳудуддустат«Ном?»
***
Эй дусти азиз ҷашни зодруз муборак,
Ин рузи хучаставу дилафруз муборак.
Муборак зодрузат бошад эй дуст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дуст.
Боэҳтироми камолдустат«Ном?»
***
«Амма»-и мехрубон! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.
***
Азизтар азҷонам«Ном?»,зебоигии ишқ, покии садоқат, авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш… инҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст.Туқалбе ба бузургии дарёву рӯҳе ба вусъати осмонҳо дори. Умедворамҳамеша шодоб, хандону солим бошӣ. Зодрӯзат муборак ай ишқам!
Ҳар субҳтуро сафо расонад,
Ҳам давлати бебаҳо расонад.
Бар рузи таваллудат азизам,
Сад бори дигар Худо расонад.
Боэҳтироми беҳудуд ошиқи шайдоят«Ном?»
***
Ёди аёми зебое ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯхат шодоб, ончи шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рузгорат хуш бод. Тавллудат эй«Ном?»,хоҳар (апа)-и меҳрубонам муборак!
Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
Бо самимият ва эҳтироми беандоза хоҳар(апа)-ат«Ном?»
***
Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо
Бо ту зиндагӣбоғеҳаст,бе ту сарду зиндон.
Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо.
Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по…
Падар таваллудат муборак!
***
Имрӯз беҳтарин рӯз аст … чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид то модари ман боши ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре ки ҳарчи бихоҳам уро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!
Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоя)-тон,«Ном ё якчанд номҳо?»
***
Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Таваллудат муборак модар!
Муборак зодрузат модари ҷон
Набинад гам вуҷудат модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гуям дурудат модари ҷон.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоятон),«Ном ё якчанд номҳо?»
***
«Ном?»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.
***
«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.
Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»
***
«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.
Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

Зодруз муборак


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.