Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Шеърҳо ва табрикотҳо барои зодрӯз

Зодрузи ту бӯи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ бирасӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
Мавлуди накӯи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.
Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта,
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз,
Ки як муй аз сари ту кам нагардад.
Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегӯем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем.
Бубини умр то яксаду ҳаштод мегӯем,
Туро бо зодрузат мо муборакбод мегӯем.
*     *     *
Дар синаат базми тарабу сур бошад,
Ҷонат зи ғами ранҷу бало дур бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст,
Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад.
Мавлуди хуҷастаат бахор асту баҳор,
Иқбол ба бар намуда давлат икбол ба канор.
Дар рӯзи таваллудат таманно дорем.
*     *     *
Осоиши умри мо шумоед,
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед,
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.
Таманно мекунем бо қалби саршор,
Шуморо бод бахти хуш мададгор.
*     *     *
Шукри оби чашмасорон мекунам,
Шукри дашту куҳсорон мекунам.
Шукри нону хок мегӯям мудом,
Шукри номи поки Яздон мекунам.
То чаҳон бошад, ҳамеша шод бош,
Бош дилшоду зи ғам озод бош.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош.
*     *     *
Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Икболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздонӣ бувад нигорат.
*     *     *

Салому дуруди бепоён дӯстам, «Ном».
Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед. Аз даргоҳи Худованд ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам.
Мавлудат муборак бошад дӯстам !!!

Бо эҳтироми беҳудуд, дустат «Ном».

*     *     *

Эй дӯсти азиз ҷашни зодруз муборак,
Ин рӯзи хуҷаставу дилафруз муборак.
Муборак зодрузат бошад эй дуст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дуст.
Бо эҳтироми камол, дустат «Ном».

*     *     *

«Амма»-и меҳрубон! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонед. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

*     *     *

Азизтар аз ҷонам «Ном», зебоигии ишқ, покии садоқат, авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш… ин ҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст. Ту қалбе ба бузургии дарёву рӯҳе ба вусъати осмонҳо дорӣ. Умедворам ҳамеша шодоб, хандону солим бошӣ. Зодрӯзат муборак ай ишқам!

Ҳар субҳ туро сафо расонад,
Ҳам давлати бебаҳо расонад.
Бар рӯзи таваллудат азизам,
Сад бори дигар Худо расонад.

Бо эҳтироми беҳудуд, ошиқи шайдоят «Ном».

*     *     *

Ёди аёми зебое, ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯҳат шодоб, он чӣ шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рузгорат хуш бод.
Таваллудат эй, «Ном», хоҳар (апа)-и меҳрубонам муборак!

Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.

Бо самимият ва эҳтироми беандоза, «Ном».

*     *     *

Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо,
Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст, бе ту сарду зиндон.
Ҳарчӣ дорам аз ту дорам, туи баҳори орзуҳо.
Ҳанузам агар аз дастам нагирӣ, меафтам аз пой…
Падар таваллудат муборак!

*     *     *

Имрӯз беҳтарин рӯз аст… чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид, то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид, то модари ман бошӣ, ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре, ки ҳарчӣ бихоҳам ӯро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!

Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.

Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоятон), «Ном ё якчанд номҳо».

*     *     *

Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Таваллудат муборак модар!

Муборак зодрузат, модари ҷон,
Набинад ғам вуҷудат, модари ҷон,
Танат бедард боду хотират шод,
Ки ман гӯям дурудат, модари ҷон.

Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоятон), «Ном ё якчанд номҳо».

*     *     *

«Ном»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чӣ дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.

*     *     *

«Ном»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо».

*     *     *

«Ном»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

*     *     *

Азизам ба хотири ҳама оромише, ки аз ту дорам Худоро шукр мегуям. Ба эҳтироми тамоми хубиҳоят беҳтаринҳоро бароят орзу мекунам. Таваллудат муборак!

*     *     *
Худои атласиҳо бо ту бошад,
Паноҳи бекасиҳо бо ту бошад.
Тамоми лаҳзаҳои хуби як умр,
Ба ҷуз дилвопасиҳо бо ту бошад.
Таваллудат муборак!
*     *     *
Хоҳам ба ту бахти ширини лаззати ӯ,
Хоҳам ба ту тоҷу тахти давлати ӯ.
Хоҳам, ки ҳамеша сарбаланду шод бошӣ,
Хоҳам, ки бо ту бошад дустони ту ҳамеша,
Хоҳам набинад озор ин ҷони ту ҳамеша.
Хоҳам, ки ханда бошад ҳамеша ҳамроҳи ту,
Хоҳам, ки гул бируяд ҳамеша дар роҳи ту.
Эй дусти азиз рузи таваллудат муборак,
Мавлуди саиди ҷашни зодрузат муборак.
Орзуи ман ҳамин аст, ки дарду ғам набинӣ,
Аз умри ҳазорсола умри кам набинӣ.
Хоҳам, ки ту некному ҷовидон бимонӣ,
Боши баҳори умру ту бехазон бимонӣ.
Эй дусти азиз рузи таваллудат муборак,
Мавлуди саиди ҷашни зодрузат муборак!
*     *     *

Тавлиди ту тавлиди ман аст, ман тамоми тули сол бедор мондаам, ки мабодо рузи тавлиди ту тамом шавад ва ман дар хоб бимонам. Ва натавонам ба ту бигуям, таваллудамон муборак! Рузи тавлиди ту рузи судури шиносномаи ишк аст. Ишки ман, таваллудат муборак!

*     *     *
Дар боғи ҷаҳон, дилам гуле мехоҳад,
Имруз гули сапедаат меруяд..
Имруз дилам диле диле мехонад,
Чун милоди туро Худо муборак гуяд.
Таваллудат муборак!
*     *     *
Бо ман бошӣ дустат дорам,
Танҳо бошӣ дустат дорам.
Имруз рӯзи милоди туст,
Ҳар ҷо бошӣ дустат дорам.
Таваллудат Муборак!


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.