Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Сенарияҳо

СЕНАРИЯҲО аз InfoPage.TJ

Сенарияи ҷашни Наврӯз

Сенарияҳо
Эй навбаҳори гулфишон, шод омадӣ,шод омадӣ, Бар покмарзи тоҷикон,шод омадӣ,шод омадӣ. Дар шеърҳои Рӯдакӣ бошад ҳувайдо ҳусни ту, Илҳомбахши шоирон,шод омадӣ,шод омадӣ. Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, меҳмонони олиқадр. Дуруд бар ҳамаи оламиёну одамиён,ба ҳамаи шумоён хайру мақдам гуфта, ба даргоҳи Худованди ҷонофарин ҳазор бор шукр мекунем, ки ба ин рӯзҳои хотирмону пурфайз сиҳату саломат расидем.Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ! Инак ба диёри нозанини мо боз Баҳори оламафрӯз қадам мегузорад, боз чаҳ-чаҳи булбул ва шилдироси ҷӯйбор ба гӯш навои дилнишине мерасонад. Ба ин муносибат мо барномае мураттаб сохтем, ки он аз тантанаҳои айёми бедоршавии табиат Баҳори зиндагӣ, баҳори дилкушо ба шумо шодмонӣ мебахшад. Инак, барномаи тайёрнамудаи мо дар пешкаши Шумо. Марҳабо ба ҷашни Нав

Сенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»

Сенарияҳо
Сенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи (мактаби №) ба номи ____________________________ дар мавзӯи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор» Ҷойи гузаронидан: __________________________ Вақти гузаронидан: _________________________ Санаи гузаронидан: _________________________ Барандаи 1: Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод, Мавҷзан дар зери гардун, қосиди оянда бод. Парфишон гашта ливоят, дар фазои беканор, Шӯҳрати ту бахти моро боз афзоянда бод! Баранадаи 2: Тоҷикистон, Тоҷикистон, мекунам шукри каму бисёри ту, Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту. Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳасти бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст! Барандаи 1: Ассалому алайкум, меҳмонони арҷманд, омӯзгорони гиромиқадр! Ҳамаи мо дар арафаи ҷашни 20-уми

Сенарияи гузаронидани ҷашни “Рӯзи артиши миллӣ”

Сенарияҳо
Барандаи 1 1. Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом Ҳар ки моро дӯст дорад дӯстдоронро салом Ҳар кадоме пеш гуяд, эй сарбозон зинда бош, Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом Салому дуруди моро бипазиред, омузгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар ҳахна бе сабаб нест. Мо имруз ҷамъ омадем, то рӯи саиду фархунда – 21 солагии «Рӯзи артиши миллӣ» – ро ҷашн гирем. Парчами миллӣ бароварда шавад. 3. Ай ҳамватанон зи хоб бедор шавед В-аз мастии кибру ноз хушёр шавед. 5. Хонандагон ба саҳна даъват карда шаванд. 7. Ватан обу хоку ҳавоям туи Ватан чун шиору ливоям туи Чу модар бузургу азизу қарин Ватан ҳарфи поки садоям туи 9. Шеъри ҳифзи Ватан (Суруди садоқат) дар иҷрои хонандагон. 11. Шеъри Ватан дар иҷрои ____________ 13. Хидмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои

Сенарияи гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзуи “Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Сенарияҳо
Барандаи 1: Ай офтоби тобон бишнав саломи моро Ай тутии шакарлаб эй мурғакони хушгап Ай сокили дурахшон бишнав саломи моро Эй халқи Тоҷикистон бишнав саломи моро. Барандаи 2: Зи хок то ба кайҳон бишнав саломи моро Ай соҳиби маҳфил ай ҷони мову ай дил Ай заргари Зарафшон ай куҳкани Бадахшон Бишнав саломи моро Саломи пур аз меҳру сурур нисори шумо бод меҳмонони олиқадр, омузгорони азизу меҳрубон толибилмони муҳтарам ва кули азизони дилу дида. Барандаи 1: Иҷозат диҳед дарси тарбиявиамонро бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоем. Барандаи 2: Ҳеч шодди нест андар ин ҷахон Бартар аз дидори рӯи дустон Ҳеч шодди нест бар дил талхтар Аз фироқи дустони пурҳунар. Барандаи 1: Чи тавре ки дар боло қайд кардем дарси тарбиявии мо бахшида ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ас