Пятница, Апрель 26Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Таърих
Донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 5 апрели соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.04.96 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло (соли 2015), донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.
Таълим
Соли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63% устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон (аз ҷумла ҳамкорон) 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсионӣ (Д 737.011.01) аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои (заб. русӣ: 10.01.10 – журналистика и 10.02.20 – сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам.) амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои (46.06.01– История и археология;- 38.06.01– Экономика;- 42.06.01– Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01–Языкознание и литературоведение.) муҳасилинро қабул мекунад.
Ректорони донишгоҳ
Аз соли 1996 то соли 2004 сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шодравон Абдуҷаббор Сатторов доктори илмҳои таърих, профессор бар зимма дошт. Сипас, Муҳаммадюсуф Имомов доктори илмҳои филологӣ, профессор (2004 – 2011) донишгоҳи мазкурро сарварӣ намуд. Аз 27 августи cоли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Cолеҳов таъин шуд.
Факултетҳо
Факултети иқтисодӣ
Факултети филологӣ
Факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ
Факултети ҳуқуқшиносӣ
Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ
Суроғаи донишгоҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 30.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.