Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (мухт. ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) — яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.
Мақоми донишгоҳ мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Маълумоти мухтасар
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз кӯҳантарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад аз оғози фаъоляти худ, ки он нахуст чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти Олии Педагогии шаҳри Ленинобод) (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ соҳиб гардид. Донишгоҳ бо номи академикҳо, олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ситорашиноси номӣ Пӯлод Бобоҷонов, муаррихи мумтоз Нӯъмон Неъматов, табиатшиноси маъруф Юсуф Носиров, донишмандони машҳур Сайдулло Абдуллоев, Раззоқ Ғаффоров, нахустин доктори илмҳои фалсафа дар Осиёи Миёна Мунзифа Ғаффорова, муаррихи шинохта Ғафур Ҳайдаров, олим ва адиби номӣ Атахон Сайфуллоев, ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Ибодат Раҳимова, генералҳо Қодир Ҳобилов, Абдураззоқ Юсупов, Темурҷон Раҳимбоев, дипломатҳо Абдулаким Қаюмов, Ислом Ёқубов, Низомиддин Зоҳидов, шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирӯз, Ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Зебо Аминзода, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Рассоми халқии ИҶШС Зулфия Баҳриддинова ва даҳҳо дигарон ифтихор дорад, ки дар донишгоҳ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас қадам ба қуллаҳои баланди илму эҷод ва шӯҳрату эҳтиром расидаанд ва бузургу соҳибном гаштаанд.
Теъдоди умумии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ 721 нафар мебошанд. Докторони илм, профессорон – 40 нафар, номзадҳои илм – 278 нафар, сармуаллимон – 216 нафар , муаллимон – 187 нафар мебошанд. Шумораи донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар донишгоҳ 17 731 (соли 2015) нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 9114 нафар (3669 буҷавӣ) дар шӯъбаи рӯзона ва 8617 нафар дар шуъбаи ғоибона (2267 буҷавӣ) нафар таҳсил менамоянд. Донишгоҳ бо 20 мактаби олии кишварҳои хориҷии дуру наздик, аз ҷумла бо Донишгоҳи кишоварзии Пекин (Чин), Донишгоҳи омӯзгории Синтзян (Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Маскав (Русия), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлектронии Харков (Украина), Донишгоҳи байналмилалии Хомиатул-Мустафо (Эрон), Донишгоҳи Деҳлӣ (Ҳиндустон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гамбург (Олмон) ва як қатор донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тибқи шартнома равобит ва ҳамкориҳои илмиро ба роҳ мондааст.
Таърих
Донишгоҳ соли 1932 дар ш. Ленинобод таъсис ёфтааст. Донишкадаи педагогии Ленинобод иборат аз ду шӯъба – кимиёву биология ва физикаю риёзӣ буд ва дар он 26 наф. донишҷӯён таҳсил мекарданд. Баъд аз 50 сол, дар соли 2011 дар ДДХ аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр мекарданд. Теъдоди донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи донишгоҳ зиёда аз 12000 наф. ташкил мекард.
Факултетҳо
• Математика
• Физикаву-техника
• Санъати тасвирӣ ва технология
• Илмҳои табиӣ
• Филологияи русӣ
• Филологияи ӯзбекӣ
• Омӯзгорӣ (педагогӣ)
• Забонҳои хориҷӣ
• Забонҳои шарқ
• Таърих ва ҳуқуқ
• Филологияи тоҷикӣ
• Молия ва иқтисоди бозор
• Санъат
• Геоэкология
• Тарбияи ҷисмонӣ
• Телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ
• Таҳсилоти ғоибона
• Донишкадаи менеҷмент ва технологияи компютерӣ
Сарварони донишгоҳ
Муҳаммадҷон Шарипов – солҳои 1932-1934
Ӯғулой Шамсиддинова – солҳои 1934-1935
Юсуф Эшонов – солҳои 1935-1936
Ҳабибулло Неъматуллоев – солҳои 1937-1938
Лев Ефимович Месенжников – солҳои 1938-1942
Чикорин К.В. – солҳои 1942-1944
Мақсудҷон Мирмуллоев – солҳои 1944-1946
Саид Холматов – солҳои 1946-1951
Раҳмат Ҳомидов – солҳои 1951-1959
Пӯлод Ҳамроқулов – солҳои 1959-1965,
Карим Иброҳимов – солҳои 1965 – 1970
Абдусаттор Қобилов – солҳои 1970 – 1973
Саттор Қайюмов – солҳои 1973 – 1986
Саидмуҳаммад Каримов – солҳои 1986 -1994
Абдувоҳид Розиқов – солҳои 1994 -1995
Сайдулло Абдуллоев – солҳои 1995 – 2001
Носир Салимов – солҳои 2001 – 2010
Низомиддин Зоҳидов – соли 2010
Ваҳҳоб Набиев – солҳои 2010 – 2012
Ғафур Ҳасанович Усмонов – 2012 – 2014
Анвар Темурович Мақсудов – 2014

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.