Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳум ва вазифаҳои асосии туроператор

Туроператор созмонест, ки ба ташаккули маҷмўи хизматрасониҳо барои туристон ва бандубасти хатсайрҳо машгул аст…Туроператор созмонест, ки ба ташаккули маҷмўи хизматрасониҳо барои туристон ва бандубасти хатсайрҳо машгул аст. Туроператор хатсайрҳои туристиро тарҳрезӣ намуда, амалигардонии сайр ва пешниҳоди хизматрасониҳоро таъмин менамояд инчунин таҳияи маводҳои таблиғотӣ – иттилоотӣ ва муайян намудани нархи хатсайрро ба уҳда дорад ва хатсайрҳоро ба турагентҳо бо мақсади ба туристон фурўхтан пешниҳод менамояд.
Турагентҳо махсулотҳои туристиро ба мизоҷ дар шакли комплексӣ (инклюзивтур) ё интихоби озодӣ хизматрасонӣ (сайрҳои фармоишӣ) пешкаш менамояд. Нақшаи ҳаракати хизматрасонии туристӣ дар расми поён оварда шудааст.
Туроператор якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд:
– вазифаи нархгузорӣ дар бозори туристӣ. Имконияти ҳар як туроператор дар бахши нархгузорӣ гуногун буда, аз рўи як қатор омилҳои субъективӣ ва объективӣ муайян мегардад. Туроператорҳои бузург дар бозори туристӣ ба ҳайси нархгузар баромад менамоянд. Омили дигаре, ки ба нархгузорӣ таъсир мерасонад, ин дороии шабакаи бузурги оҷонсӣ, қарордод бо содиркунандагони хизматрасонӣ, истифодаи технологияи навтарин ва ғайра мебошад;
– вазифаи ҳаракатдиҳандаи маҳсулоти туристӣ – шакли муҳимтарини фаъолии маркетинги туроператор ба шумор меравад. Маҳз тавассути фаъолияти маркетингӣ туроператор ба дигар субъектҳои бозори туристӣ (ба туристон, турагентҳо, рақибон, сохтори ҳокимият) оид ба динамикаи тағйироти конъюктураи бозори туристӣ (нарх, номгўи хатсайрҳо, шакли ҳамкориҳо, усули навини фурўш) маълум мегардад. Дар баробари ин усулҳои бешумори маркетингӣ ба монанди PR (робита бо ҷомеа), таблиғот, ҳавасмандкунии фурўш, фаъолияти намоишӣ истифода мешавад;
– вазифаи иттилоотӣ. Яке аз вазифаҳои муҳими туроператор ин дар бозор паҳн намудани иттилоот оид ба хусусиятҳои хоси хатсайр, иқтидори туристии курортҳо ва марказҳои туристӣ, оид ба фарҳанг ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, раванди ҳуҷҷатнигорӣ ва ғайра маҳсуб меёбад;
– вазифаи навоварии туроператорон ин кўшиш ва амали ташкилоти тиҷоратӣ ҷиҳати устувор мондан дар дигаргуншавии шароити бозор мебошад. Барои ин кор назорати (мониторинг) конъюнктураи бозори туристӣ ва таҳияи маҳсулоти наве, ки ба таври максималӣ ба талаботҳои туристон ҷавобгў мебошад, лозим аст. Ғайр аз ин ташкили фурўши бисёрсамтаи маҳсулоти туристие, ки эҳтиеҷ ба сохтори дигаргунии кори шабакаи очонсӣ надошта бошад. Маҳсулоти нав бояд имкони минбаъда ба шакли муҷаҳҳаз шуда омада бошад. Ин хусусият ё сифат имконият медиҳад, ки туроператор дар масъалаи фурўш пешоҳанг (лидер) бошад ва дар рақобат тоб оварда тавонад. Дар ҳар ҳолат муборизаи туроператорон барои ба даст овардани мизоҷ ва манфиатҳои тиҷоратии худ ба восеъгардии фаъолият (теъдоди самтҳои пешниҳодшуда) ва пойдории (теъдоди намудҳои сайр дар як самти туристӣ) номгуӣ хадомоти туристӣ боис мегардад. Оператороне, ки дар бозори минтақавии туристӣ мавқеи устуворро ишғол намудаанд ба воридшавии маблағи зиёд ба буҷаи минтақа ё кишвар аз ҳисоби пардохти андоз сабаб мешаванд. Гузашта аз ин туроперпторҳо, соҳаи фароғат, ҳамлу нақл ва ғайра мегарданд. Дар солҳои охир туроператорон имконияти реалӣ барои фишори мустақим ва ғайри мустақим овардан ба муассисаҳои дигари бахши иқтисодӣ пайдо намуданд. Туроператорон самтҳои фаъолияти меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, муассисаҳои хўроки умум ва пешниҳоди хадамати туристиро муайян месозанд.
Ҳамин тавр туроператорон дар ҷаҳони муосир кафили таъминкунандаи мизоҷони зиёд барои як қатор инфрасохтори индустрияи туристӣ гардидаанд ва ин имкон дод, ки онҳо ба як нерўи асосӣ дар бахши иқтисодӣ табдил ёбанд.
Инак дар бозори туристӣ туроператорон ва турагентхо фаъолият менамоянд, ки дар таъсири байниҳамдигарии ҳамоҳангшуда иштирок мекунанд. Натиҷаи ин ҳамоҳангӣ – маҳсулоти туристие, ки талаботи гурўҳҳои гуногуни мизоҷонро таъмин менамояд, мебошад. Фарқиятҳои асосии туроператор аз турагент дар ҷадвали зер оварда шудааст.

Ҷадвали 10. Вазифаҳои туроператор ва турагент.

Туроператор
Турагент

Як қисми маҳсулоти туристиро пешкаш менамояд. Даромади он аз ҳисоби фарқи нархи харид ва нархи фурўш ташаккул меёбад. Дар бисёр маврид туроператор хадомоти ҷудогонаро дастрас намуда, аз онҳо маҳсулоти туристии комплексӣ бо фишангҳои нархгузорӣ ташкил медиҳад.

Ҳамчун фурўшандаи чакана амал менамояд, даромади он аз ҳисоби ҳақи хизмат аз фурўши маҳсулоти туристии бегона сурат мегиранд. Турагент нархи воқеии туроператорон ё истеҳсолкунандагони хизматгузор арза менамояд.

Доимо захираи маҳсулоти туристиро барои фурўш дорад.

Дархости маҳсулоти муайян ё хизматрасониро дар холе, ки мизоҷ хоҳиши харидорӣ намудан дорад, менамояд.

Ҳамзамон туроператорон метавонанд вазифаи турагентҳоро иҷро намоянд, яъне фурўши сайрҳои дигар операторонро ба роҳ монанд.

Дар бозори туристӣ одатан чор типии туроператорон мавҷуд мебошад, ки мавқеи онҳо дар бозори номбурда муайян мегардад.

Туроператорони бозори аммавӣ – ин типи туроператор нисбатан маъмул мебошад. Ў пакети туристиро ба марказҳои машҳури туристӣ ва курортҳо мефурўшад. Интиқоли мизоҷон тавассути ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ ё хатсайрҳои фармоишӣ (чартер) амалӣ мегарданд.
Туроператорони махсусгардонидашудаи сегменти (самт) бозори туристӣ – типи аз ҳама паҳншудатарини туроператорӣ мебошад. Онҳо метавонанд ба 5 категория тақсим шаванд:
а) Туроператороне, ки пакети туристиро барои мизоҷони муайян пешниҳод менамоянд (масалан барои ҷавонон, олимон, ҷуфти хонавода (завҷайн), барои тоҷирон ва ғайра);
б) Туроператороне, ки пакети туристиро ба самтҳои муайян пешкаш менамоянд (масалан ба Англия, Фаронса, Маҷористон, Швейтсария, Австрия);
в) Туроператороне, ки сукунатро дар марказҳои муайяни туристӣ пешниҳод менамоянд (масалан, Малйорка, Пхукет, Хургада, сохилҳои Костадел-Сал, Анталия ва ғайра);
г) Туроператороне, ки мизоҷони худро дар намуди нақлиёти муайян интиқол медиҳанд (масалан, киштиҳо, қатораҳо, ҳавопаймо ва ғайра);
д) Туроператороне, ки хатсайрҳои хусусиятнокро пешниҳод менамоянд (масалан, сайри боғи милии Серенгетӣ дар Кения, туризми кўҳнавардӣ дар Непал, лижатозии кўҳӣ дар Алп ва ғайра).

Туроператорони бозори дохилӣ – пакети туристии худро дар дохили кишвар ба фурўш мебароранд, яъне ин инфодагари он аст, ки сайрҳои туристӣ дар дохили мамлакат амалӣ мегардад.
Туроператорони бозори беруна – пакетҳои туристии мураттабнамудаи худро дар кишварҳои гуногун ва махсусан дар кишварҳое, ки теъдоди бештари туристон меоянд, ба фурўш мебарорад. Дар ин ҷо якчанд намудҳои туроператоронро фарқ мекунанд:
барои туроператорони хоричӣ хизматгузории гуногунро ташкил намуда ва онҳо ба ҳайси менеҷер баромад менамоянд;
бевосита ба истиқбол ва интиқоли (трансфер) туристон ба меҳмонхона махсусгардонида шудаанд;
як қатор хизматрасониҳоро ба монанди гуфтушунид бо ширкатҳое, ки автобус ва меҳмонхона доранд, сайрҳои маърифатӣ, фароғат ва ғизоро бо арзиши паст, пешниҳод мекунанд;
ба хизматгузории гурўҳҳои этникии муайян, масалан сокинони мамлакатҳои араб, ҷопониҳо ва ғайра махсусонида шудаанд.
Ҳамин тавр туроператор дар бозори туристӣ мавқеро миёни истехсолкунандаи хизматрасонӣ ва истеъмолкунандагони он қарор мегирад. Вазифаи асосиаш ба истеъмолкунанда дар шакли комплексӣ маҳсулоти туристӣ пешниҳод намудани хизматрасонии алоҳидаи истеҳсолкунандагон мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.