Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Таснифот ва намудҳои амалиётҳои туроператорӣ

Дар таҷрибаҳои рўзмарра баъзан фарқиятро миёни туроператор ва турагент муайян кардан мушкил аст…Дар таҷрибаҳои рўзмарра баъзан фарқиятро миёни туроператор ва турагент муайян кардан мушкил аст. Албатта, ташкилоти туристӣ метавонад дар як вақт ҳам ба сифати турагент баромад намояд ва ба туристону турагентҳои дигар маҳсулоти худро фурўшад. Ҳамзамон ин ширкат ҳамчун турагент хатсайрҳои дигар ширкатҳоро харидорӣ намуда, ҷиҳати фурўш ба туристон пешниҳод менамояд. Марҳилаҳои ташкили фаъолияти туроператор оид ба тарҳрезии хатсайр дар расми зер оварда шудааст (Расми…)

Фаъолияти туроператори муосир пеш аз ҳама ба иҷроиши самароники фурўши хатсайрҳо равона гардидааст. Хусусиятҳои хоси туроперейтинг ҳамчун намуди фаъолияти туристӣ чунинанд:
– ин фаъолият мустақиман бо коркард ва таҳияи барномаҳои туристӣ алоқаманд аст;
– ҳамоҳангии операторро бо содиркунандагони хизматгузории туристӣ бевосита талаб менамояд;
– аз операторон заҳмату талошҳои зиёдеро ҷиҳати таъмину коркарди ҳар пурпакет талаб менамояд;
– тахмин намудани теъдоди шабакаи оҷонсӣ аз оператор;
– иштироки бевоситаи операторро дар ташкили сайр ва назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои бо сифати хизматрасонии туристӣ талаб менамояд.
Туроперейтинг аз ҳамоҳангии корҳои даврӣ, ки бо мураттабнамоӣ ва фурўши хатсайри мушаххас алоқаманд аст, иборат мебошад.
Тахминан даври кории операторро ба зинаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
– тарҳрезинамоии хатсайр – дар асоси тадқиқотҳои маркетингии талаботи бозори туристӣ мураттаб мегардад;
– лоиҳабандии хатсайр – дар асоси хусусиятҳои ҳамоҳангии туроператор ва пешниҳодкунандаи хадамоти туристӣ таҳия мегардад;
– ҳаракати сайр – дар асоси таблиғот робита бо мардум, ярмаркаю намоишҳо ва ғайра амалӣ мегардад;
– фурўши маҳсулоти туристӣ хам ба мизоҷони бевосита ва ҳам тавассути миёнравҳо амалӣ карда мешавад;
– фурўши хатсайр ин ташкили сафар ва хадамоти ба пакети туристӣ шомилбуда.
Гарчанде туроперейтинг намуди гуногунсамти фаъолияти меҳнати инсон ба ҳисоб рафта, зарурияти таснифоти худи он ва туроператорон аз рўи аломатҳои гуногунашон ба миён меояд. Пеш аз ҳама дар асоси географияи туропейрентинг мумкин аст туроператорони аутгоинг, инкаминг ва инсайдро ҷудо намуд.
Туроператори аутгоинг (равонкунанда, ташаббусӣ) дар тарҳрезӣ ва роҳандозии сайрҳои ҳуруҷии байналмилалӣ махсус гардонида шудааст, яъне шаҳрвандони кишвари ҳудро ба хориҷа равон менамояд.
Ин намуди туроперейтинг ҳеле мураккабу заҳматталаб буда, сармоягузорро талаб менамояд. Мушкилоти аутгоинг дар муҳимияти омўзиши мушаххаси ҳатсайрҳои фурўхта шуда ва ба даст овардани иттилооти муҳим инъикос мегардад.
Сабаби дуюми мушкилоти аутгоинг ин муҳимияти робитаи касбӣ бо шарикони ҳориҷӣ (меҳмонҳонаҳо, ташкилотҳои саёҳатию нақлиётӣ) буда, аз кормандони ғайр аз донистани забони ҳориҷӣ инчунин ба инобат гирифтани омилҳои зеринро талаб менамояд:
– минтақаҳои соатӣ – тафовут дар вақт ба иҷроишӣ ғайритаъҷилии дархост оварда мерасонад;
– хусусиятҳои ташкили фаъолияти меҳнатии аҳолии мамлакат ресипиентҳо (танаффус, рўзҳои истироҳат, идҳо ва ғайра);
– сатҳи рушди воситаи алоқа дар кишвари ресипиент;
– ҳусусиятҳои хориҷӣ (сатҳи масъулиятнокии онҳо, касбият ва ғайра);
– аз назари географӣ дур ҷойгир будани шарикон, ки дар ташкили сафари ҳизматӣ мушкилӣ мекашанд.
Вобаста ба фаъолии ҳамкории туроператори аутгоинг бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ туроператорҳои байналмилалиро ба флайтерҳо ва нон-флайтерҳо тасниф менамоянд. Флайтер – туроператори аутгоинг, яъне иҷорагирандаи фаъоли ҳавопаймое, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ тааллуқ доранд. Бо ибораи дигар туроператорон имконияти ташкили ҳатсайрҳои фармоиширо бо пурра пардоҳт намудани маблағи билети ҳавопаймо ва ворид намудани ин ҳароҷот ба арзиши роҳҳат, пайдо менамояд.
Вобаста ба шакли ҳамкории флайтерҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавон флайтерҳои мутлақ ва флайтерҳои мусбиро ҷудо намуд.
Флайтери мутлақ – туроператорест, ки тибқи шартномаи фармоиши ҳавопаймоӣ пурра маблағи фармоишро пардохт менамояд.
Флайтери нисбӣ – туроператори нисбатан ҳурд буда, имконияти пурра пардоҳт намудани ҳадамоти ҳавопаймоӣ ва ҳизматрасониҳои иловагиро надорад. Ин туроператор қисман ҳавопайморо ба иҷора мегирад.
Ҳар як туроператор – мутахассис дар ташкили намуди мушаххаси хатсайр ё фаъолият дар ин ё он самти географӣ мебошад. Фаъолияти тахассусии он дар бозори истеъмолӣ метавонад маълум бошад. Вобаста ба истифодаи воситаҳои нақлиёти дар ташкили сайр туроператор метавонад дар фурўши сайрҳои.
Аз рўи принсип бояд донист, ки кадом сайрҳо гурўҳӣ номида мешавад. Бахусус одатан сайрҳои 15-20 нафараро гурўҳӣ меноманд. Гузашта аз ин сайрҳои гурўҳӣ гуфта, сайрҳоеро меноманд, ки ба туроператорон на ин ки дастраси билетҳои алоҳида, балки иҷораи яклухти воситаи нақлиёт мувофиқ аст. Инчунин туроператорон ба туроператорони ҳақиқӣ ва миёнарав ҷудо мешавад. Туроператори ҳақиқӣ сайрҳои туристиро тавассути бастани шартномаҳои мустақим бо истеҳсолкунандагони хизматрасонӣ дар хориҷи кишвар ва ё дигар минтақаи давлати худ амалӣ менамояд.

Чун қоида туроператорони ҳақиқӣ бо туристи инфиродӣ (инклзивтур) кор менамоянд. Туроператори миёнарав бошад дар хориҷ шарики худро дорад. Одатан туроператори миёнарав маҳсулоти туристиро барои оммаи васеи туристон ташкил менамоянд. Нақшаи фаъолияти туроператорон дар расми зер оварда шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.