Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Суғуртаи таваккали туристӣ

Зуҳуроти гуногуншаклии таваккали туристӣ, оқибатҳои ногувор ва ғайриимкон будани пурра бартарафнамоии он, зарурати ташкили суғуртаро ба миён меорад…Зуҳуроти гуногуншаклии таваккали туристӣ, оқибатҳои ногувор ва ғайриимкон будани пурра бартарафнамоии он, зарурати ташкили суғуртаро ба миён меорад.
Таваккал ҳамчун восиатаи баамалоии суғурта мегардад. Зери мафҳуми суғурта ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳангоми баамлоии ҳодисаҳои гуногун фаҳмида мешавад.
Ҳифзи суғуртавӣ аз ҳисоби фондҳои пулие, ки аз ҳисоби пардохти маблағи муайяни суғурташавандагон амалӣ мегардад.
Суғурта метавонад ихтиёрӣ ва ё ҳатмӣ бошад. Суғуртакунонӣ тибқи қонуни суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Қоидаҳои суғурта ва суғуртакунонӣ тибқи кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қоидаи мазкур аз маълумотҳои зер иборат аст:
– оид ба субъектҳою объектҳое, ки суғуртакунонида мешаванд:
– ҳодисаҳои суғуртавӣ;
– таваккали суғуртавӣ;
-муқаррароти муайянсозии маблағи суғурта;
– тарофаи суғурта;
– пардохти ҳаққи суғурта;
– муқаррароти бастани шартномаи суғурта, иҷроиш ва қатъи он;
– ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;
-муайянсозии ҳаҷми зарар ё хисорот;
– муқаррароти муайянсозии пардохти суғурта;
– ҳолатҳои инкори пардохт дар суғурта.
Дар соҳаи туризм чунин намудҳои асосии суғурта пешбинӣ мешавад:
– суғуртаи масъулияти ташкилотҳои туристӣ;
– суғуртаи шахсии туристон;
– суғуртаи амволи туристон.

Расми 34. Суғурта дар туризм.

Таснифоти суғурта 23 навъро дар бар мегирад, ки бархе аз онҳо ба тиҷорати туристӣ дохил мешаванд:
– суғуртаи ҳаёт дар ҳолати марг;
– суғурта аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ;
– суғуртаи тиббӣ;
– суғуртаи воситаҳои нақлиёти заминӣ (ғайр аз воситаҳои роҳи оҳан);
– суғуртаи амволи шахсони ҳуқуқӣ (ғайр аз воситаҳои нақлиётӣ ва суғуртаи кишоварзӣ);
– суғуртаи амволи шаҳрвандон (ғайр аз воситаҳои нақлиёт);
– суғуртаи бор;
– суғуртаи масъулияти шаҳрвандии дорандагони воситаҳои нақлиёт;
– суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зиён дар натиҷаи норасои мол, ко рва хизматрасонӣ;
– суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зиён ба шахсони сеюм;
– суғуртаи масъулияти шаҳрвандон барои иҷро нанамудан ё пурра иҷро намудани уҳдадорӣ тибқи қарордод;
– суғуртаи таваккали соҳибкорӣ;
– суғуртаи таваккали молиявӣ.
Қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ, ки бо туристон баста шудааст, аз ҷониби ширкати туристӣ бояд ҳатман иҷро гардад.
Дар ҳолати иҷро нагардидани шартҳои қарордод аз ҷониби туроператорон онҳо уҳдадоранд то таъминоти молиро ба онҳо, яъне туристон амалӣ намоянд.
Дар ҳоле, ки ширкати туристӣ уҳдадории худро иҷро наменамояд турист ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ пардохти ҷуброни суғуртаро талаб намояд.
Дар талабнома инҳо ишора мешаванд:
– ному насаби турист, инчунин маълумот дар бораи дигар фармоишгар;
– санаи судур, муҳлати фаъолиятӣ ва ҳуҷҷатҳои талаботие, ки ба сифати таъмини масъулияти туроператорон пешниҳод мегардад;
– шумораи қарордод дар бораи фурўши маҳсулоти туристӣ ва санаи бастаи он;
– номгўи туроператоре, ки ба он таъминоти молиявӣ вогузор шудааст;
– номгўи турагентҳо (агар қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ миёни туристон ва турагентҳо баста шуда бошад, он аз номи туроператори супоришдиҳандаи фаъолияткунанда иҷро мешавад, на аз номи худаш);
– иттилоот оид ба иҷро нагардидани уҳдадориҳои туроперраторон ё турагентон, ки дар қарордоди фурўши маҳсулоти туристӣ нишон дода шудааст;
– ҳаҷми воситаҳои пулӣ, ки ба интиқол додани онҳо пардохт карда мешаад.
Ба талаботҳо турист зам менамояд:
– нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ў (пешниҳоди асли ҳуҷҷатҳо);
– нусхаи қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ (бо пешниҳоди нусхаи аслӣ);
– ҳуҷҷатҳое, ки хисороти воқеии туристонро дар натиҷаи иҷро нанамудани уҳдадориҳои туроператорон ё турагентон тасдиқ менамоед.
Суғуртакунонии таваккали масъулияти туроператорон аз ҳисоби худи онҳо амалӣ мешавад. Объекти суғуртакунонии масъулияти туроператорон манфиатҳои моли он мебошад. Манфиати моли он бо таваккали уҳдадории ҷуброни хисороти турист алоқаманд мебошад ва он дар натиҷаи иҷро нанамудани уҳдадорӣ аз рўи қарордод ҷиҳати фурўши маҳсулоти туристӣ басташуда, ба миён меояд.
Қарордоди суғуртаи масъулияти туроператорон бояд чунин бандҳоро дар бар гирад:
– муайяннамоии объекти суғурта;
– муайяннамоии ҳолати суғурта;
– ҳаҷми маблағи суғурта;
– муҳлати амали қарордоди суғурта;
– муқаррарот ва муҳлати пардохти маблағи суғурта;
– муқаррарот ва муҳлати баррасии туристон оид ба ҳолати суғуртавӣ;
– муқаррарот ва муҳлати пешниҳоди туристон ҷиҳати пардохти ҷуброни суғурта аз рўи қарордод аз ҷониби туроператорон;
– номгўи ҳуҷҷатҳое, ки турист уҳдадор аст бобати асоснокнамоии талаботи хуш ба сўи суғуртакунанда ҷиҳати ҷуброни хисороти воқеӣ, пешниҳод намояд.
Дар аксар кишварҳои олам суғуртакунонии масъулияти шаҳрвандии ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ мебошад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо автотуристон бояд бо худ суғуртаи «корти сабз» (greencard) дошта бошанд.
Ҳаҷми пардохти суғурта аз рўи дараҷаи автомобил, давомнокии сафар ба мамлакате, ки ҳангоми сафар садамаи нақлиётӣ рўх додаст, вобаста аст.
Дар кишварҳои аврўпоӣ корти муайяни (полис) суғуртаи байналмиллариро метавон ба даст овард, ки он имконияти расондани хизматҳои гуногуни таъҷилӣ ва сифатнок ба вуҷуд меорад. Дорандагони корти муайяни (полис) суғуртаи байналмилалии ширкати суғуртавии франсавии GESA Assictance тўли дар хориҷа будан бидуни пардохти иловагӣ чунин пешниҳодотро меорад:
– ёрии таъҷилии ҳатмии тиббӣ;
– пардохти хароҷотҳо барои табобат;
– кўмаки дандонпизишкӣ;
– хадамот бобати интиқол тавассути воситаҳои техники тиббӣ;
– овардани пайвандони туристи ҷабрдида ба ҷои ҳодиса ва интиқоли онҳо ба ҷои аслӣ;
– кўмак ва ҳимояи ҳуқуқӣ.
Дар аксар кишварҳои олам инчунин шаҳрҳои бузурги туристӣ хадамоти кўмак ба туристон амал менамояд. Онҳо аз рўи имконият туристонро аз ҳодисаҳои фавқулода ҳимоя намуда, ба онҳо ҳамагуна кўмаку дастгириҳоро ҷиҳати бартараф намудани ҳодисаҳои нохўш ва номатлуб, пешниҳод менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона ин гуна марказҳо ё хадамот вуҷуд надорад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҷараёни суғуртакунонӣ дар ташаккули туризм нақши муассир дорад. Тарзи дурусти суғуртакунонӣ метавонад дифои туристонро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохўш дифоъ намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.