Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми бемориҳои сироятии саёҳатчиён

Тибқи ахбороти СҶТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ) ҳар сол дар ҷаҳон аз бемориҳо 51 млн. нафар мефавтанд, ки аз он 16, 5 млн (ё 32, 4%) аз бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ мемиранд…Тибқи ахбороти СҶТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ) ҳар сол дар ҷаҳон аз бемориҳо 51 млн. нафар мефавтанд, ки аз он 16, 5 млн (ё 32, 4%) аз бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ мемиранд. Ҳамин тавр дар замони мо ҳам бемориҳои сироятӣ яке аз сабабҳои асосии марги одамон мебошад.
Дар нимаи дуюми асри XX ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ яку якбора боло рафт. Ин боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои сироятӣ дар муддати кўтоҳ ба тамоми кишварҳои олам гардид. Рушди мубодилаи туристӣ дар падидоии занҷираи нави эпидимиологӣ сабаб гардидааст.
Суоле ба миён меояд, ки «бемории сироятии саёҳатчиён» аз бемориҳои маъмулӣ чӣ тафовут дорад. Хусусияти асосии фарқкунандаи «бемории сироятии саёҳатчӣ» дар он аст, ки дар ин ҳол турист ҳамчун барандаи сироят аз як кишвар ё минтақа ба дигар кишвару минтақа баромад намуда, боиси паҳншавии ин гуна бемориҳо дар дигар ҳудудҳо мегардад.
«Бемории маъмулӣ дар он зоҳир мегардад, ки он барои аҳолии маҳаллӣ ҳамчун ҳодисаи муқарарӣ мебошад». Ба ин гуна бемориҳо табларза, лейшманиоз (бемориҳои одаму ҳайвонот, ки тавассути микроорганизмҳо ба бадан ворид мешавад) дохил мегаванд.
Туристон одатан ба бемориҳои сироятии ислоҳи хунин, зардпарвин вируси А на фақат дар саёҳат балки дар ҷои истиқоматӣ низ мубтало мегардад.
Ҳамин тариқ дар аснои сафар, ки шароити зист тағйир меёбад, эҳтимоли гирифтори ба бемории сироятӣ афзоиш меёбад.
Қариб 8%-и туристон баъди ташриф аз кишварҳои рў ба инкишоф дар аснои сафар ва баъди сафар муроҷиат ба ёрии тиббӣ менамоянд.
Ба гурўҳи бемориҳои хатарноки сироятӣ вабо, бемории сил, зардпарвин, вараҷа ва ғайраҳо шомиланд.
Вазъияти шиддатнок, ки ин бемориҳои хавфнок ба вуҷуд овардаанд, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Ҳар сол ТУТ СММ рўйхати кишварҳое, ки дараҷаи баланди бемориҳои хавфноки сироятӣ доранд- ро нашр намуда, ташрифи туристонро ба ин кишварҳо тавсия намедиҳад.
Тибқи руйхати ТУТСММ рўйхати кишварҳое, ки дар он ҷо бемориҳо хавфнок ба монанди ВНМБ (СПИД) вуҷуд доранд, махсусан кишварҳои Африқои Марказӣ, кишварҳои зиёди Осиёи Ҷанубӣ- Шарқӣ шомиланд.
Ба кишварҳое, ки дараҷаи баланди эпидимиологӣ доранд Ҳиндустон, Миср, Марокаш ва Гамбия дохил мешаванд.
Ғайр аз ин вазъияти ногувор аз рўи нишонаҳо дар кишварҳои Тунис, Кения, Туркия, Индонезия, Чин ва Тайланд ба чашм мерасад.
Дар ҳамаи ин кишварҳо туристонро мебояд, дар масъалаҳои оби нўшокӣ, хўрока диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар тарабхонаҳои хурди Ҳиндустон, Чин ва дигар кишварҳои Ҷануби Шарқии Осиё, -ошпазон чандон ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ аҳамият намедиҳанд. Аз ин барои истеъмоли ғизо туристонро мебояд аз тарабхонаи вазъи беҳдошташ хуб истифода баранд.
Ҷадвали 12. Паҳншавии бемориҳои гузаранда дар минтақаҳо, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муқаррар гардидааст.

Минтақа

Вараҷа

Филя-риидоз

Таблар-заи Денге

Энсефа-лити Ҷопонӣ

Зардпар-вин

Лейшма-ниоз

Сироятии венерикӣ

Онхосер-коз

1.

Африқо

++

++

+

+

+

+

+

2.

Америкаи Ҷанубӣ

++

+

+

+

+

+

3.

Осиё

++

+

+

4.

Австралия ва Океания

++

++

+

+

+

+

+

+

5.

Аврупо

+

+

6.

Америкаи Шимолӣ

+

+

+

7.

Тоҷикистон

+

Эзоҳ:

+/ паҳншавӣ дар як қатор кишварҳои минтақа
++/ паҳншавӣ дар ҳама ҷо

Вобаста ба хатари бемориҳои сироятии дар боло номбаргардида ширкатҳои туристие, ки ба содироти туристон ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногун машғуланд, мебояд чунин талаботҳоро риоя намоянд:

Миёни ҷонибҳои фиристандагон ва қабулкунандагони туристон қарордод оид ба суғуртаи тиббии туристон мавҷуд бошад;
Ба ҳамаи туристон ёрии таъҷилии тиббӣ расонанд;
Оид ба бемории вазнин ё фавти турист ҳатман ба консулгарӣ ва пайвандон хабар диҳанд. Барои ин роҳбарони гурўҳҳои туристӣ, бояд суроға ва телефонии туристонро дошта бошанд;
Роҳбарони ширкатҳои туристие, ки дар самти равоннамоии шаҳрвандон ба хориҷа фаъолият меноманд, уҳдадоранд, ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ҳаргуна чорабиниҳо намоянд;
Менеҷерони ширкатҳои туристӣ ҳангоми равон намудани туристон ба кишварҳое, ки бемориҳои хавфноки сироятӣ доранд, вазифадоранд дастурамал оид ба вазъияти фазои солими кишвар ба туристон дастрас намоянд.
Туристоне, ки ба кишварҳои иқлими тропикӣ дошта ворид мешаванд бо худ чунин васоит ва маводи тиббиро дошта бошанд, ба монанди:
– маводҳое, ки барои поён намудани ҳарорати бадан заруранд (аспирин, параситамол ва ғ);
– маводҳои рафъкунандаи дард (аналгин, баралгин, ситрамон, ношпа ва ғ);
– зиддиалергӣ (супрастин, тавигил ва ғ);
-маводи бартарафкунии дарунравӣ (тетратсилин, имодиум, фуразолидон, энтрол, фталазол ва ғ);
-маводи антибиотикӣ (доксисиклин ё левометситин ва ғ);
-маводҳои зидди бемориҳои занбуруғӣ (нистатин);
-маводҳои зиддитабларза (мефлохин ё лариам);
-воситаҳои ҳифоҷатии пўст аз офзанӣ;
-хамира зидди сўхтани пўст;
-воситаи муҳофизатии газанди ҳашаротҳо;
-докаи ҷароҳатбандии покиза, ҳароратсанҷ ва ғ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.