Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Таҳлили имконият ва шароити хизматрасонии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моҳият ва хусусияти фаъолияти бозори туристӣ. Бозор- воситаи мутақобилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи маҳсулот дар шакли хариду фурўши мол мебошад. Ғайр аз ин соҳаи амалӣ гардонии муносибати пулию молӣ ва ҳамаи маҷмўи воситаҳо ва усулҳои ташкилии меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохтор ва дигар фаъолияти муносибатҳоро таъмин менамояд. Зери мафҳуми бозори хизматрасонӣ, системаи муносибатҳои хариду фурўши тоҷирон озодии иқтисодӣ ва харидорон фаҳмида мешавад.Моҳият ва хусусияти фаъолияти бозори туристӣ. Бозор- воситаи мутақобилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи маҳсулот дар шакли хариду фурўши мол мебошад. Ғайр аз ин соҳаи амалӣ гардонии муносибати пулию молӣ ва ҳамаи маҷмўи воситаҳо ва усулҳои ташкилии меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохтор ва дигар фаъолияти муносибатҳоро таъмин менамояд. Зери мафҳуми бозори хизматрасонӣ, системаи муносибатҳои хариду фурўши тоҷирон озодии иқтисодӣ ва харидорон фаҳмида мешавад. Бозори хизматрасонӣ аз рўи ду хусусият аз дигар бозорҳо фарқ мекунад:

Хизматрасонӣ то лаҳзаи фароҳам шудан, вуҷуд надорад, яъне то бархўрдор шудан аз хизматрасонӣ қиёс ё баҳо додан номумкин аст. Аз ин лиҳоз қиёс намудан танҳо баъди ба даст даровардани фоида анҷом мегирад;
Хизматрасонӣ ба зоти худ дараҷаи баланди номуайянӣ дорад, зеро муштариро дар вазъияти номусоид мегузорад ва барои фурўшандагон интиқоли хизматрасонӣ дар бозор мушкил мегардад.
Дар мафҳуми васеъ бозори туристӣ ин ҷое мебошад, ки дар он хариду фурўши маҳсулоти туристӣ (роҳхатҳои сайр, хизматрасонии ҷудогонаи туристӣ ё маҳсулот барои туристҳо) анҷом мегирад. Бояд зикр намуд, ки чунин созиш на ҳама вақт дар як ҷо анҷом мегирад. Он метавонад, бидуни ҷалби фурўшанда ва харидори маҳсулоти туристӣ сурат гирад. Масалан, тариқи барқияҳо, факс, занги телефон ё аз рўи чек ва ғайра. Ин шаҳодати он аст, ки бозори туристӣ бо ҷои муайян ва минтақаи географӣ маҳдуд намегардад.
Як зумра коршиносон бозори туристиро ба ҳайси фишанги ҳамоҳангсозии манфиатҳои харидорон ва фурўшандагони маҳсулоти туристӣ мебинад. Ғайр аз ин, бахши арз намудани маҳсулоти он ва иқдомоти муносибатҳои иқтисодӣ байни харидорон ва фурўшандагони маҳсулоти туристӣ ба вуҷуд меояд.
Бозори туристӣ –ин соҳаест, барои муносибатҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ байни истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ, ки арза ва тақозоро дар раванди таъмини хариду фурўши он муттаҳид месозад, ба ҳисоб меравад. Бозор ҳамон вақт фаъолият менамояд, ки агар чунин шартҳо риоя гарданд:
– рақобати озод, яъне дар мавриде, ки ҳамаи ширкаткунандагони бозор кўшиш менамоянд, то ба ҳадафҳои худ расанд (фурўши мол, ки аз он ҳар чӣ бештар даромад гиранд) ё ин ки хариди мол бо харҷи камтар);
– мавҷудияти қоидаҳои асосӣ ҷиҳати сифат ва маҳсулоти истеҳсолшудаи бехатар ва инчунин хизматрасонии пешкашшуда;
– имконияти интихоби озоди истеъмолкунанда.
Бо ибораи дигар бозори туристиро метавон ҳамчун соҳаи фурўши маҳсулоти туристӣ ва муносибатҳои иқтисодие, ки дар байни харидорон ва фурўшандагони он сурат мегирад муаррифӣ кард, яъне байни туристҳо, турагентҳо ва туроператорон. Аз ин лиҳоз, субъекти бозори туристӣ истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ (туристҳо, истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ (ширкатҳои туристӣ) ва ҳукумат (танзими бозори туристии беруна тибқи сиёсати давлатӣ) мебошад. Гузашта аз ин нуқтаи назари дигаре дар мавриди субъектони бозори туристӣ мавҷуд мебошад, ки мувофиқи он ба ин субъект дохил мешаванд;
Турист- истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ мебошад. Ҳар як шахси воқеӣ, ки ин маҳсулотро истифода ва бо мақсади ба дастовардани хизматрасонии туристӣ ҷиҳати истифодаи шахсӣ қарор медиҳад, ба шумор меравад;
Туроператор- шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, тарҳрезкунандаи хидмати туристӣ мебошад. Ғайр аз ин туроператор дар ташаккул, интиқол ва фурўши чаканаи маҳсулоти туристӣ дар намуди қарордоди генералӣ, ваучерҳо ва созишномаҳо дар асоси қонунгузорӣ амалӣ мегардонад;
Турагент- шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, дар амалӣ гардонидани интиқол ва фурўши чаканаи маҳсулоти туристӣ дар шакли қарордодҳо, роҳхатҳои дар асоси қонун омода шуда ва ғайраҳо саҳмгузор мебошад. Ғайр аз ин, барои равон намудани туристон аз макони доимӣ ва як қатор санадҳои хуруҷии туристонро амалӣ мегардонад;
Конграгент- шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, иҷрокунандаи хизматрасонии туристӣ дар мамлакат ё минтақаи муваққатии будубош мебошад. Амалкунандаи созишномаҳои байналмиллалӣ дар асоси меъёрҳои қонунгузории мамлакат ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки барои фаъолияти хуби мунтазами бозори туристӣ ва таъсири мутақобилаи самаранокии он бо субъектҳо инфрасохтори муносиб зарур мебошад. Зери мафҳуми инфрасохтори бозор маҷмўи иншоот, муассисаҳо ва хадамот, ки дар амалигардонии муносибатҳои хоҷагидорӣ, иқтисодӣ ва ғайра миёни субъектҳои асосӣ мусоидат менамоянд, фаҳмида мешавад. Инфрасохтори бозори туристӣ 5 қисми асосии таркибиро ташкил медиҳад:

Воситаҳои ҷойгиркунонии туристҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиркунонии дастаҷамъӣ;
Иншоотҳои индустрияи хўроки умум –тарабхонаҳо, ҷойхонаҳо, ҷойҳои таъмини ғизои умум;
Муассисаҳои нақлиётӣ- муассисаҳое, ки бо хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд;
Объектҳои дорои хусусияти маърифатӣ, беҳдоштӣ, динӣ, варзишӣ, таърихию фарҳангӣ ва ғайра дошта. Инчунин объектҳои дигари таиноте, ки барои пешниҳоди хизматрасонии туристӣ равона гардидааст;
созмонҳое, ки хизматраснии гид-тарҷумон, корҳои сайёҳӣ ва дигар санадҳои расмиро ҷиҳати убур (гузаштан) намудани сарҳади байни кишварҳо анҷом медиҳад.
Бозори туристӣ як системаи иқтисодиест, ки дорои чор унсури бо ҳам мутақобила дорад, ба монанди: арзаи туристӣ, тақозои маҳсулоти туристӣ, арзиши нарх ва рақобат (расми 12).
Омўзиш ва таҳлили бозори туристӣ водор менамояд, ки типҳои гуногуни бозор ҷудо карда шавад. Омўзиши бозори ҳар як кишвари муайянро, коршиносон аз рўи нишондиҳандаҳои зерин тавсия медиҳанд:
Аҳолӣ. Қисмҳо: сохтори синну солӣ ва ҷинсӣ, шумораи коркунандагон, хонандагон ва нафақахўрон, шумора ва сохтори хонавода, суръати рушд;
Иҷтимоӣ-иқтисодӣ. Қисмҳо: сохтори даромад ва хароҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, низоми рухсатӣ бо назардошти давомнокӣ ва пардохти он, рўзҳои ғайрикорӣ;
Мақсади сафар. Қисмҳо: намуди истироҳат давомнокӣ, мавсимӣ, самти ҳаракат, сохтори хароҷотҳои туристони як кишвар, ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар. Обрўи кишвар ва бехатарии сафар;
Нархҳои хизматрасонии туристӣ. Қисмҳо: сафари инфиродӣ ва гуруҳӣ, саёҳатҳои стандартӣ, хизматгузории алоҳида, аз ҷумла тарофаҳои меҳмонхона, нархҳои ғизо, арзиши ҳамлу нақл, мувофиқати хизматрасонии пешниҳодшуда ба меъёрҳои байналмиллалӣ;
Таркиби бозор. Қисмҳо: ширкатҳои рақобаткунанда, намудҳои арза, барномаи ташрифотӣ, дараҷаи нарх;
Воситаҳои нақлиёт ва инфрасохтор. Қисмҳо: нақлиёти хушкигард, ҳавоӣ ва обӣ, таснифоти хатсайрҳои нақлиётӣ, ҳамлу нақли омехта;
Воситаҳои таблиғот. Қисмҳо: садо ва симо, ВАО-и электронӣ, ахборот, хароҷот барои таблиғ;
Сатҳ ва ҳолатҳои базаҳои моддию техникӣ. Қисмҳо: шумора ва таркиботи воситаҳои ҷойгиркунонӣ, шумораи ҷой ва утоқҳо, муассисаҳои хўроки умум, ҷаззобиятҳои табиӣ ва фарҳангӣ, имконияти ҳаҷми ғунҷоиш;
Ташкил ва сатҳи рушди туризми миллӣ ва байналмиллалӣ. Нақши тураператорҳо ва туроҷонсҳо, созмонҳои ҷамъиятии туристӣ, ҳуҷҷатнигории туристӣ, қоидаҳои вуруд ва ҳуруҷ;
Молҳои тақозои туристӣ. Таҷҳизоти аудио ва видеоӣ, компютерҳо , автомобил, атриёт, соатҳо, сару либос, нўшоба, армуғонҳо ва ғайра.
Омилҳои фаъолияти бозори туристӣ. Ба тақозои туристӣ, умуман ба бозори туристӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд. Тақозо ва туризм чун дигар молҳо ва хизматрасонӣ ба қобилияти истеъмолкунандагон, яъне мавҷудияти воситаҳои пулии аҳолӣ ва хоҳиши онҳо ҷиҳати харҷи он барои саёҳат вобаста аст. Туризм ҳамчун бахши иқтисодӣ метавонад дар чунин ҳолат вуҷуд дошта бошад, яъне мавҷудияти вақти фориғии шаҳрвандон ва воситаҳои моддии кофӣ. Тамоюл ба афзуншавии вақти фориғӣ – омили объективии ба вуҷудоӣ ва рушди тақозо ба туризм мебошад.
Омилҳои асосие, ки ба рушди бозори туристӣ таъсир мерасонанд, инҳоянд: сохтори аҳолӣ, синну сол, сатҳи даромаднокӣ, маълумотнокӣ, шакли шуғл, мутаалиқ ба нажоди муайян, ҷинс, тарзи ҳаёт ва ғайра.
Бозори туристӣ вобаста ба пешниҳоди хизматрасонӣ, қобилияти харидорӣ, салиқа, одат тақсимбандӣ мешаванд. На ҳар як ширкат писанди кули харидорони маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ мегардад. Захираҳои ширакатҳои туристӣ низ беҳудуд нестанд, яъне ҳар як турист хоҳишу салиқаи ба худ хос дорад ва ширкати туристӣ наметавонад ҳамаи хоҳишу талаби туристонро пурра иҷро намояд. Ҳар як ширкати туристӣ вобаста ба имконот ва майлу хоҳиши туристон, се усули пешниҳоди маҳсулоти туристиро амалӣ мегардонад:

Маркетинги оммавӣ – истеҳсолоти оммавӣ, тақсимот, танзими фурўши ягон намуди мол барои ҳамаи харидорон. Мақсади асосии фоидаи маркетинги оммавӣ дар ҳаддал имкон паст будани хароҷот, нарх ва ташаккули бозори аслӣ зоҳир мегардад.
Маркетинги гуногунмолӣ – истеҳсоли ду ва ё зиёда намуди маҳсулот бо хосиятҳо ва сифатҳои гуногун, аммо бо мақсади умумӣ, яъне ташкили гуногунрангӣ барои харидорон мебошад.
Маркетинги мақсаднок – гузаронидани ҳудудбандӣ миёни ҷузъҳои бозор, интихоб як ва якчанд намуди маҳсулоти туристӣ, коркарди мол ва маҷмуаи маркетингӣ барои ҳар як ҷузъ.
Диловаров Р.Д., Ёров Ҷ.Н., Сайфуллоев Н.Н. «Асосоҳои туризм» «Душанбе» 2014 Саҳ.83


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.