Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Проблемаҳои хизматрасонии нақлиётӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ

Дар шароити гузариш ба иктисоди бозорӣ ва ташаккулёбии муносибатҳои бозорӣ, дар натаҷаи таъғирёфтани тамо­ми омилҳо ва меъёри инкишоф ба нисбати таъғироти сифатӣ ва умуман инкишофи иқтисодии бозорӣ зарурати ташкил додани назарияи нави моҳият, мавқеъ ва аҳамияти комплекси нақлиёт ва ҳаммонандии фаъолият, инкишоф ва талаботи ҷобаҷогузории хоҷагии, халқ ва ҷамъият пайдо шуд.Дар шароити гузариш ба иктисоди бозорӣ ва ташаккулёбии муносибатҳои бозорӣ, дар натаҷаи таъғирёфтани тамо­ми омилҳо ва меъёри инкишоф ба нисбати таъғироти сифатӣ ва умуман инкишофи иқтисодии бозорӣ зарурати ташкил додани назарияи нави моҳият, мавқеъ ва аҳамияти комплекси нақлиёт ва ҳаммонандии фаъолият, инкишоф ва талаботи ҷобаҷогузории хоҷагии, халқ ва ҷамъият пайдо шуд.
Инкишофи хизматрасонии наклиёти Ҷумҳурии Точикистон дар ҳолати мураккаби мушкилоти алоқамандии омилҳои дохилӣ ва берунӣ – таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-географӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ ва стратегӣ мегу­зарад.
Дар шаҳрҳо проблемаҳои ташкили нақлиёти мусофиркаш зиёд аст. Дараҷаи пасти ташкили техникии ҳолати нак­лиёти шаҳрӣ ба нақша нагирифтани нуқтаҳои сераҳолие, ки камбудии ҷиддӣ дар сохтмони шаҳрҳо, масоили таъминоти наклиёти шаҳрӣ, аз ҳамин ҷумлаанд.
Масоили мушкилтарин барои Ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дар муносибатҳои нақлиёт аз давлатҳои дигар, аз ҷумла Давлатҳои муштаракулманофеъ, махсусан дар савдои берунӣ мебошад.
Дар шароити дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои ҷаҳонӣ бевосита ҳаҷми савдои хориҷӣ нисбати тақсимоти байналхалқии меҳнат зиёд мешавад. Дар ин шароити зимни муносибатҳои байни давлатии нақлиёт, То­ҷикистон кӯшиш менамояд, дар кашонидани борҳои дигар давлатҳо, махсусан давлатхое, ки сусттараққикарда мебо­шанд ва нақлиёт дар он давлатҳо инкишоф наёфтааст, ширкати фаъол дошта бошад.
Яке аз мушкилоти муҳимтарини комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдоиши таносуби самараноки дараҷаи инкишофи иқтисоди миллии Тоҷикистон ва комплекси нақлиётии он ба шумор меравад.
Номутаносибии комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқтисодиёти миллии он, на танхо боиси афзоиши хароҷоти наклиётӣ, балки сади роҳи мунтазам ва мутаносиб инкишоф ёфтани соҳаҳои дигари хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.
Мураккаби нақлиёт ҳамчун соҳаи хоҷагии халқ ва таърихи инкишофи он, нишон медиҳад, ки вай бояд як микдор захираи иқтидор дошта бошад, ки тавонад инкишофи озоди қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро таъмин намояд.
Дар шароити ҳозира комплекси нақлиётӣ ба тамоми зинаҳои. биосфера, атмосфера, ҳавзаҳои об таъсири зиёд мерасонад. Таъсири манфии воситаи нақлиётӣ ба муҳити атроф пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳаракатдиҳандаҳои дарунсӯз миқдори зиёди моддаҳои зарарнокро аз худ хориҷ карда ба атмосфера мепартоянд. Дар ин бобат, аз ҳама зиёд, нақлиёти автомобилӣ зиёновартар аст. Ҳар як автомобил дар як сол ба ҳисоби миёна 2тонна сӯзишворӣ истифода мебарад, ва қариб 1 тонна моддаҳои зарарнокро аз худ хориҷ намуда ба атмосфера мепартояд.
Таъсири манфии нақлиёт ба киштзор ҳам мерасад. Газу партовҳои аз нақлиёт баромада, киштзорро ифлос намуда, ба растаниҳо зарари зиёд дорад.
Аз таҳлили ҳолат ва масоилҳои инкишофи комплекси нақлиёт дар Чумхурии Тоҷикистон ба хулоса омадан мумкин ки комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ аз ҷиҳати ташкилӣ-техникӣ қафомонда мебошад.
Ҳалли масъалаҳои ин coҳa ба ҳал намудани вазифаҳои инкишофи иқтисодии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани дараҷаи инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мадании аҳолии Тоҷикистон вобаста мебошад.
Дар қатори тадбирҳои аввалиндараҷа барои инкишофи комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ, дар навбати аввал коркарди барномаи сиёсати давлатии нақлиёт, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, тайёр намудани воситаҳои наклиётӣ бо ба ҳисоб гирифтани шароитҳои маҳаллӣ ва географӣ зарур аст.
Дар шароити ҳозира дар ҳалли ин вазифаҳо ҳамкории байналхалқӣ метавонад мавқеи муҳимро иҷро намояд.
Барои ин, пеш аз ҳама, ба асосҳои методологии такмил додани хизматрасонии нақлиётии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ диққат додан зарур аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.