Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон

Туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳалли ташкилёфта (ТҶМ) –ин раванди инкишофи ҷамъиятҳои маҳалли ба ёрии пешкаш намудани хизматрасониҳои туристи дар асоси истифодабарии захираҳои маҳалли фаҳмида мешавад.Туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳалли ташкилёфта (ТҶМ) –ин раванди инкишофи ҷамъиятҳои маҳалли ба ёрии пешкаш намудани хизматрасониҳои туристи дар асоси истифодабарии захираҳои маҳалли фаҳмида мешавад.
Мақсади асосии созмон додани ҷамъиятҳои маҳалли ин – тавассути туризм беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми маҳалли бо истифода аз захираҳои табии ва рекриотсионии ҳамон минтака мебошад.
Таърихи пайдоиши ТҶМ ба соли 1989 рост меояд.
Принсипҳои туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳалли ташкилёфта.
– Тавассути рушди иқтисоди зиёд намудани сатҳи даромадноки минтака бо роҳи инкишофи туризм;
– Инкишоф додани масъулиятҳои иктисоди ва иҷтимоии туризм;
– Такя намудан ба шахсони манфиатдори маҳалли;
– Пешбурди ҳавасмандгардонии ҷамъият;
– Беҳтар намудани сатҳи зиндаги;
– Хифз ва нигоҳдории фарҳанги маҳалли;
– Мусоидат намудани барои омузиши фарҳанги;
– Эҳтироми фарҳангҳои дигар;
Воситаҳои инкишофи туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳалли ташкилёфта.

Баргузор намудани тадқиқотҳои маркетинги, яъне истеҳсол намудани маҷмуи молу хадамот (маҳсулоти туристи), конеъ гардонидани эҳтиёчи харидорон (туристон).
Пешбурди маҳсулоти маҳалли, яъне коркарди маҳсулоти туристи, маҷмуи хизматрасониҳое, ки талаботҳои туристонро қонеъ мегардонад ва аз ҷониби онҳо маблаг пардохт мешавад;
– захираҳои табии ёдгориҳои таърихи – фарҳанги ва бостони;
– таҷҳизот воситаи ҷойгиркуни, тарабхонаҳо;
– наклиёт;
3. Баланд намудани сатҳи дониши аъзоёни ҷамъият, яъне баргузор намудани семинарҳо ва трепингҳо барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аъзоёни ҷамъият.
Ки метавонад аъзои ТҶМ шавад.
– Шахсоне, ки соҳиби хона мебошанд, яъне омили ҷобаҷокунии туристон. Бояд, кайд кард, ки воситаи ҷобаҷокуни метавонад яке аз омилҳои диққат ҷалбкунандаи туристон бошад, дар ҳолате, ки он ягон намуди фарқкунанда ва ғайриодди дошта бошад;
– Шахсоне, ки соҳиби нақлиёт мебошанд. Ба ин гуруҳ шахсоне, ки соҳиби асп ва дигар намуди ҳайвонот, ки ҳамчун воситаи нақлиёт (ҳаракат ) истифода мешаванд, дохил мешаванд;
– Роҳбаланди маҳалли. Ба ин гуруҳ шахсоне, ки дар барои ҷугрофия ва таърихи пайдоиши минтака, ҷойҳои тамошобоб, объектҳои туристи маълумот доранд дохил мешаванд.
– Устоҳо ва ҳунармандон. Ба ин гуруҳ шахсони ҳунарманд аз қабили кулолгарон, челонгарон, дузандагон ва ғайра дохил мешавад.
Унсурхои ТҶМ.

Захираҳои табии ва фарҳанги;
– захираҳои табии ва фарҳанги бояд хуб ҳифз шаванд;
– иқтисодиёти маҳалли ва истеҳсолот аз самаранок истифодабарии захираҳои табии вобаста мебошад;
– фарҳанг, урфу одат ва анъана;
2. Ташкилотҳои ҷамъияти;
– ҷамъият бояд қоидаву қонунро дарк намояд;
– ҷамъиятро бояд шахси босаводу бомаданият оқилона идора намояд;
– худи ҷамъият барои инкишофи худ фаъолона иштирок намояд;
3. Идоракуни;
– ҷамъият қойдаҳои хоси худро дорад ва атрофиён дар асоси он фарҳанг ва туризмро идора менамоянд;
– ташкилотҳои маҳалли ва меҳанизмҳои мавҷуд будаи туризм метавонанд, туризмро бо ҷамъият алоқаманд намуда барои инкишофи он мусоидат намоянд;
– софдилона тақсим намудани даромад;
4. Фаъолият ва хизматрасонии туристи;
– ҳавасманд гардонии раванди муносибатҳои байни мардуми маҳалли ва меҳмонон;
– зиёд намудани сатҳи маълумотноки ва шиносои бо фарҳанги миллатҳои гуногун;
– дарк намудани ҳифзи муҳити экологи ва муҳити табии.
5. Чорабиниҳои ТҶМ;
– гузаронидани сайр (треппинг) – ҳо ва экскурсияҳо;
– омузиши тарзи зисти маҳал;
– иштирок дар чорабиниҳои маҳалли (ҷашни аруси, оину анъана ва ғайра ) –и дохили ва беруни;
– баргузор намудани озмунҳо (кулолгари, косиби, ресондаги, дузандаги, моҳидори ва ғайра).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.