Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Банакшагири

Банакшагири барои коркард ва иҷрои масъалаҳои хал талаби ТҶМ мусоидат менамояд. Банакшагири танҳо баъди гузаронидани тадкиқот ва баҳодиҳи муайян карда мешавад.Банакшагири барои коркард ва иҷрои масъалаҳои хал талаби ТҶМ мусоидат менамояд. Банакшагири танҳо баъди гузаронидани тадкиқот ва баҳодиҳи муайян карда мешавад.
Самтҳои гузаронидани банакшагири;
1.потенсиали ҷамъият, ки омилҳои зеринро дарбар мегирад;
– тавсияи фархкунандаи ҷамъият, яъне маърифатнокии мардум дар бораи ҷамъият;
– ҷойҳои диққат ҷалбкунандаи табии ва фарҳанги;
– созмон додани ТҶМ бо истифода аз сарвари ( роҳбар )-и муносиб;
– истеҳсолот ва захираҳои ҷамъият – устувор аст ё не;
– ҳодисаҳои табии ба монанди обхези, сел ва ғайраҳо.
2. Потенсиали бозори ТҶМ омилҳои зеринро дарбар мегирад;
Инсон бо кадом максад сафар мекунад;
– ҷисмони. барои истироҳат ва муолиҷа;
– фарҳанги, барои шиносои бо фарҳанги миллатҳои дигар;
– иҷтимои, барои дидани хешу табор ва дустон;
-маънави, барои зиёрати ҷойҳои муқаддас;
-барои дуршави аз муҳити ҳарруза .
3.Нақши сиёсати давлати ва ҳукумати маҳалли барои дастгирии ТҶМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорату идораҳои зерин дохил мешавад .
-Вазорати итқисод ва савдо;
-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Вазорати корҳои хориҷи ;
-Ҳукуматхои маҳлли ;
-Ҷамоатҳо.
Уҳдадориҳои давлат
-идораи минтакаҳои туристи ;
-инкишофи инфрасохтори нақлиёт ;
– пешбурди маҳсулоти туристи ;
-омузиши мутахассисони соҳаи туризм ;
Омилҳо барои иҷрои лоиҳа ва маблағгузори зарур.
-хайати кормандон бояд праблемаҳои туризмро фаҳманд ;
-доро будани ҳайати кормандон аз патенсиали кор кардан дар идораҳои давлатӣ;
-доир карда тавонистани вохуриҳо ва тренингҳо;
-доро будан бо буҷа барои инкишофи сармоя ва рушди инфрасохтори маҳалли ;
-таъмин намудани маркетинг ва хизматрасониҳои ТҶМ;
Омилҳои мавҷудияти захира (патенсиал).
-захираи иқтисоди, яъне бартараф намудани бекори ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, саҳмгузори барои инкишофи минтака ва рушди давлат;
-захираи ҷисмони, яъне беҳтар намудани вазъи саломати ва бартараф намудани нобаробариҳои гендери;
– захираи иҷтимои ва фарҳанги, яъне тарзи дурусти ҳифзи ҷойҳои диқат ҷалбкунанда ва объектҳои туристи ;
-захираи табии, яъне самаранок ва дуруст истифодабарии захираҳои табии;
Мақсади иинкишофи туризм дар асоси ҷамъиятхои маҳалли ташкилёфта, дар Тоҷикистон.
Ин истифодабарии патенсиали ҷамъиятҳои маҳалли, шароти табии –иқлими, инфрасохтор ва қаламрави ҷойҳои истироҳат, таърихи фарҳанги, урфу одат, барои инкишофи фаъолияти соҳибкори дар соҳаи туризм, баланд бардоштани сатҳи зиндаги ва гирифтани дароматҳои иловаги, барои мустаҳкам ва инкишофи ҷамъият .
Таҷрибаи мамлакатҳои дигар барои инкишофи ТҶМ
-Дар накшаи инкишофи ТҶМ таҷрибаи бой мамлакатҳо ва минтакаҳои зерин доро мебошад: Непал, Ҳиндустон, Хитой, Амрикои Лотуни, дар Федератсияи Руссия, мамлакатҳои Аврупои Гарби, Осиёи Ҷануби ва Шарқи, ки барои қабул ва хизматрасони туристон машгул мебошад, онҳо метавонанд, инфрасохтори мувофиқ, мутахассисонро ҷалб намоянд, ки барои инкишофи туризм маълумотҳои заруриро омузонидан, ҳозир онҳо метавонанд туристонро қабул ва хизматрасони намоянд.
-Дар зери мафҳуми «Туризми хоҷаги сабз» (зелёный сельский туризм) ин намуди хизматрасонии туристон, ки дар Аврупои Шарқи ва Маркази инкишоф ёфтааст. Ташаббускори аз поён сар мешавад, шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар хонаҳои худ туристонро қабул намоянд. Ин намуди туризмро дар мамлакатҳои ШМА ва Англия истифоад мебаранд, ки он «Bed & Breakfast» ноигузори шудааст ва васеъ истифода бурда мешавад.
Таҷрибаи мамлакатҳо ва минтакаҳои Осиёи Миёна
Ин намуди туризмро дар мамлакатҳои Осиёи Миёна пеш мабаранд. Бояд қайд кард, ки дар Қиргизистон аллакай ин намуди туризм инкишоф ёфтааст, дар каламрави дарёи Иссик –Қул ва дар минтақаи Ҷелалабод.
Дар Узбекистон, мисол дар чорчубаи ТАСИС барномаи «Лоиҳаи байни давлати оиди муҳофизати биогуногуни (био разнообразия), Гарби Тен-Шан», ки дар он фаъолияти туристи барои ҷалб намудани маҳаллҳои ҷамъияти ташкил шудааст, омухта истодаанд.
Барои тайёр намудани лоиҳа матералҳои байналхалқии семенари «Community Based Tourism couse», ки дар шаҳри Бишкек аз 17-21декабри соли 2001; «Экотуризм инструменти (асбоби) мустаҳками рущди асри 21барои мамлакатҳои СНГ, ки иқтисодиёти гузариш доранд ба монанди Хитой ва Манголия», ки дар Алма –Ата 17-18октябри соли 2001; «Маркетинг дар туризми экологи », ки дар шаҳри Тошкент аз 7-8июни соли 2002гузашта буд, истифода бурда мешавад.
Чуноне, ки зикр намудем Тоҷикистон имконияти хело васеъи истифодабарии потенсиали туристи худро дорад. Аз ин лиҳоз ҳамаи намуди туризмро дар он инкишоф додан мумкин аст. Яке аз намудҳои туризме, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон истифода бурда аз он фоидаи иловаги гирифтан мумкин мебошад, ин туризм дар асоси ҷамъиятиҳои маҳаллии ташкилёфта
(ТҶМ) аст. Махсусан дар шароити ҳоҷагидории қишлоқу деҳот ин намуди туризм хеле мусоид мебошад. Тавассути рушди ТҶМ ва истифоадбарии потенсиали захираҳои маҳаллии аҳолии, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, савияи донишу баҳодиҳии онҳо, тафаккури ҷаҳонбинии онҳо ба атрофиён дигар мешавад.
Мисол ҳангоми ташрифории сайёҳ мардум метавонад, ҳаёти ҳар рузаи худро ба ў нишон дода, бо кадимияти фарҳанги худ, урфу одат, анъанаот, касби ҳунари худ уро ошно созад. Ҳамчунин ТҶМ –ро унсури муҳофизаткунандаи табиат меноманд, яъне аҳоли бо дарке, ки сайёҳ барои ҳаловат бурдан аз табиат меояд дигар дарахтони гирду атрофии худро,
муҳити экологии иҳотакунандаи худро несту нобуд накарда, онҳоро ҳифз ва нигоҳубин менамояд.

Махсусан имруз, ки аксари мардуми деҳот ва қишлоқҷойи Тоҷикистон бекор ва танҳо ба хоҷагидори(деҳкони) машгуланд, мо метавонм ин роҳи нави ба дастоварии даромади иловагиро ба онҳо нишон дода ба мардум роҳи беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳоро пеш гирем. Ҳар як нуктаи гирду гушаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз деҳот ва кишлоҷойҳои зиёде иборат буда, ҳар яки онҳо таърих, урфу одат, анъанаоти хоси худро доро мебошанд. Бо назардошти ин агар ба мардум ба таври дуруст фаҳмондадихии ТҶМ –ро бимонем, бовари комил дорем, онҳо ба ин фаъолият дарк мезананд, ва бо хар роҳҳо вазъияти ҷамъияти худро беҳтар намуда барои гани гардонидани буҷа хиссагузор хоҳанд шуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.