Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Афзоиши ҷинсӣ

Дар афзоиши ҷинсӣ ду фард иштирок мекунад, ки ҳар кадом ҳуҷайраҳои махсус – гаметаҳоро, модина ҳуҷайратухм, нарина – нутфа ба вуҷуд меорад. Ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар ғадудҳои ҷинсӣ инкишоф меёбанд. Андоза, шакл ва сохти ҳуҷайраҳои ҷинсии намудҳои мухталифи наботот ва ҳайвонот аз ҳам фарқ мекунанд. Намуди мухталифи таносули ҷинсии организмҳои якҳуҷайраро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд.Дар афзоиши ҷинсӣ ду фард иштирок мекунад, ки ҳар кадом ҳуҷайраҳои махсус – гаметаҳоро, модина ҳуҷайратухм, нарина – нутфа ба вуҷуд меорад. Ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар ғадудҳои ҷинсӣ инкишоф меёбанд. Андоза, шакл ва сохти ҳуҷайраҳои ҷинсии намудҳои мухталифи наботот ва ҳайвонот аз ҳам фарқ мекунанд. Намуди мухталифи таносули ҷинсии организмҳои якҳуҷайраро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд.

1.Конюгатсия-ҳангоми ин навъи афзоиш ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ҳосил намешаванд ва ҳангоми ба ҳам наздик шудани ду фард масолеҳи ирсии онҳо омезиш мешавад. Бо роҳи конюгатсия инфузория афзоиш мекунад. Ҳангоми протсесси ҷинсӣ-кониюгатсия инфузорияҳо ба ҳам наздик шуда, байнашон купрукчаи протоплазматикӣ пайдо мешавад. Макронуклеус, яъне ҳастаи калон ҳазм мешавад, аз микронуклеус ҳастачаи хурд дар натиҷаи тақсимшавии мейотикӣ ҳастаи кўчанда пайдо мешавад. Баъди конюгатсия инфузорияҳо аз ҳам ҷудо мешаванд

2. Копулятсия-гаметаҳои ҷинсӣ ташкил шуда, онҳо ҷуфт мешаванд. Ҳангоми копулятсия дар организмҳои якҳуҷайра ду фард аз ҷиҳати гаметаҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар марҳалаи аввал, ки изогамия ном дорад, байнашон ҳоло тафовут нест. Дигараш анизогамия ном дорад, ки . гаметаҳо калон ва хурд шуда метавонанд. Оогамия бошад, аз рўи андоза ва шакл фарқ мекунад. Гаметаи модина калон, беҳаракат, гаметаи нарина хурдтар, феълан ҳаракатнок шуда метавонад бо ҳам омезиш шуда зигота ҳосил мекунанд.
Ҳуҷайраҳои ҷинсӣ

Вазифаи гаметаҳо назар ба дигар ҳуҷайраҳо хеле бузург аст. Онҳо ахбори ирсӣ ё меросиро интиқол медиҳанд. Дар ҳастаи гаметаҳо ахбори ирсӣ ҷойгир аст. Ҳуҷайратухмҳо беҳаракат, шаклаш ба мисли кура ё сақо мебошад. Хуҷайратухм аз ҷилд,ситоплазма, хаста ва ҳуҷайраҳои фолликулӣ иборат аст. Андозаашон хеле мухталиф аст, аз наҳанг(29 см. аз рўи диаметр) ҳаст. Диаметри зардаи тухми мурғ доғи сафедеаст, ки дар он ҳаста ҷойгир аст. Ҳастаро қабати тунуке, ки аз донаҳои зарди ситоплазма холист, фаро гирифтааст. Ҷанин маҳз дар ҳамин қисми ҳуҷайратухм инкишоф меёбад, қисми боқимондаи зарда ашёи ғизоист, ки чуҷаи инкишофёбандаро бо ғизо таъмин мекунад. Диаметри ҳуҷайратухми муш 60 мкм., гов 100 мкм. Ҳуҷайратухми одам бо бараш 130-200 мкм. мебошад. Ҳуҷайратухм бо парда пўшида шудааст, ки аз рўи пайдоиш аввалин, дуюмин ва сеюмин мешавад. Ҳуҷайратухми наботот майда ва гирд мебошад. Дар мобайн ҳаста ҷой гирифта ва онро ситоплазма иҳота кардааст. Ҳуҷайратухм дар ғўраки гул инкишоф меёбад.

Нутфаҳо қобилияти ҳаракатро доранд. Аз рўи морфология ва кам будани ситоплазма онҳо аз дигар ҳуҷайраҳо фарқ мекунанд, лекин ҳамаи органоидҳо дар онҳо вуҷуд дорад. Нутфаи аслӣ аз сарак, гарданак ва думча иборат аст. Дар қисми пеши сарак акросома ҷойгир аст, ки аз комплекси Голҷии шаклаш тағйирёфта иборат аст. Ҷои асосиро дар сарак ҳаста мегирад, ки КДН дорад. Дар гарданаки он сентриол ҳаст. Нутфа бо думча ҳаракат мекунад. Андозааш доимӣ аст, нутфаҳои калон дар ғук (тритон) қариб 500 мкм., аз саг, барзагов, асп, гўсфанд аз 4 то 75 мкм. мебошад. Дарозии нутфаи одам аз 52 то 75 мкм. мебошад. Ҳамаи нутфаҳо заряди барқии манфӣ доранд. Ҳангоми алоқаи ҷинсии саг қариб 60 млн., асп 10 млн., одам қариб 200 млн. нутфа ҷудо мешавад.

.

Расми 8 Марҳилаҳои овогенез

Гаметогенез
Просесси ҳосилшавии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ гаметогенез ном дорад. Ҳуҷайраҳое, ки аз онҳо гаметаҳо ҳосил мешаванд, ҳуҷайраҳои сперматогонӣ ва овогонӣ ном дорад
Дар расми 8 марҳилаҳои овогенез оварда шудааст. Ҳуҷайраҳои ҷинсии фарди нарина ба сперматогонияи ибтидоӣ ва аз фарди модина ба овогонияи ибтидоӣ махсус мегарданд. Ҳар ду ба таври митозӣ тақсим мешаванд ва овогонияи дуюминро ба вуҷуд меоранд, ки баъди як қатор тақсимшавии митозӣ андозаи онҳо хурд шуда, тақсимшавиро қатъ мекунанд ва дар ин ҳол дастаи диплоидии хромосомаҳоро нигоҳ медоранд. Баъд аз он давраи сабзиши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ сар мешавад, ки дар фарди нарина бо ҳосилшавии сперматотситҳои тартиби якум ва дар ҳайвоноти модина ба ҳосилшавии овотситҳои тартиби якум анҷом меёбад. Инкишофи минъбадаи ҳуҷайраҳои ҷинсии модина ва нарина хеле фарқ мекунад. Сперматогенез ин тавр рўй медиҳад: сперматотсити тартиби якўм аз мейоз мегузарад.

Баъд аз тақсимшавии якўми мейоз сперматотситҳои тартиби дуюм ҳосил мешаванд, ки адади гаплоидии хромосома-ҳо доранд. Тақсимшавии дуюми мейоз бо ҳосилшавии чор сперматотсит анҷом меёбад, ки ҳар кадоми он ба сперматозоид ибтидо мегузорад. Ҳастаи сперматозоид дар сараки сперматозоид ҷойгир мешавад. Сохтори органоидҳо дигар мешавад ва онҳо ба элементҳое, ки ҳаракати нутфа ва ба ҳуҷайратухм дохил шудани онҳо таъмин мекунанд, мубаддал мегарданд. Овогенез (инкишофи гаметаҳои модина) аз ҳар ду ҷиҳат ба сперматогенез монанд аст, вале баъзе тафовутҳо дорад. Овотситҳои тартиби якўм назар ба сперматотситҳои тартиби якўм зудтар калон мешаванд. Дар ин давра дар таркиби онҳо миқдори зиёди модаҳои ғизоӣ захира мешавад ва пас аз он овотситҳо ба мейоз мегузаранд. Баъди мейози якўм аз ҳар як овотсити якўм оотсити тартиби дуюм ва ҷисмчаи қубие, ки аз оотсити дуюм хеле хурд аст, ба вуҷуд меяд. Тақсимшавии дуюм бо ҳосилшавии овосит ё ҳуҷайра-тухми калон ва се ҷисмчаи дуюмини қутбӣ анҷом меёбад. Ҷисмчаҳои қутбӣ хеле зуд вайрон мешаванд ва як ҳуҷайратухми калон мемонад, ки аз моддаҳои ғизоӣ бой аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.