Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Амир Низомиддин Шайх Аҳмад (Суҳайлӣ)

У аз 11 – солаги ба гуфтани шеър шуруъ карда, дар 12 – солаги бо ташаббуси Озари ба худ тахаллус интихоб кардааст. Тахсилоти илмии Суҳайли дар Ҳироту Самарканд гузашта, вай кариб бист сол мулозиму вазири Султон Хусайни Бойкаро ( 1469 – 1506 ) буда, дар охири умр аз мулозимат даст мекашад. Соли 900/1494 Хусайн Воизи Кошифи \” Анвори Сухайли” – ро ба у бахшида таълиф мекунадАмир Низомиддин Шайх Аҳмад (1444 – 1502) мутахаллис ба Суҳайлӣ (баъзан Сухайл низ тахаллус кардааст) ва мулаккаб ба Шайхам Суҳайлӣ аз хамсухбатони Чоми ва Навои буда, соли 848 /1444 дар Хирот таваллуд шудааст.
Тарҷумаи ҳол
У аз 11 – солаги ба гуфтани шеър шуруъ карда, дар 12 – солаги бо ташаббуси Озари ба худ тахаллус интихоб кардааст. Тахсилоти илмии Суҳайлӣ дар Ҳироту Самарканд гузашта, вай кариб бист сол мулозиму вазири Султон Хусайни Бойкаро ( 1469 – 1506 ) буда, дар охири умр аз мулозимат даст мекашад. Соли 900/1494 Хусайн Воизи Кошифи “ Анвори Сухайли” – ро ба у бахшида таълиф мекунад. Суҳайлӣ 14 сентябри соли 1502 дар Хирофот вафот кардааст.
Эҷодиёт
Аз мероси адабии Суҳайлӣ то ба замони мо девони ашъор, ки бештар аз 2500 байтро фаро мегирад ва аз касидаву газал, китъаву рубои, таркиббанду тарчеъбанд ва мустазоду фард иборат аст ва достони “ Лайли ва Мачнун ” боки мондааст. Ба кавли Давлатшох Сухайли девони турки хам доштааст, ки имруз нопайдост.
Аз “ Лайли ва Маҷнун”
“Лайли ва Мачнун”- ро Амир Шайхам Сухайли 2 октябри соли 1484 тамом кардааст ва он мувофики гуфти муаллиф 2065 байтро фаро мегирад. Вале нусхаи ягонаи бокимондаи он (Оксфорди Англия) шомили 2029 байт аст.
Оғози ишқбозии Қайс
Машшотаи ин арӯси пурҳол,
Бар рӯйи сухан чунин ниҳад ҳол.
К-он меҳри сипеҳри ошноӣ,
В-он сарви риёзи дилрабоӣ,
Чун гашт ба сони тӯтӣ аз ноз
Бо оинаи сухан сабақсоз.
Ҳарчанд ки гуфтӣ устодаш,
Ногуфта гирифта буд ёдаш.
Табъе чу зулоли Хизр софе,
Ишқ мегуфту кӯйи вофӣ.
Абҷад дари ҷидди ӯ кушодӣ,
Ҳаввас ҳавасаш ба бод додӣ.
Бо он ки чу сарви ноз меруст,
Озодии хештан намеҷуст.
Ҷуз аҳли сабақ касе, ки дидӣ,
Аз бими халоси худ рамидӣ,
К-ӯ холлу амаш будӣ зи хешон,
Ғам ҳосилаш омадӣ аз эшон.
Чанде чу бар ин сифат баромад,
Чандон суханаш ба дил даромад.
К-имрӯз бад-он ки нукта суфтӣ,
Фардо сабақе ба нукта гуфтӣ.
Аз ҳайрати он лаби сухансоз
Монданд суханварон даҳан боз.
То оташи меҳри он назора
Дар хирмани Қайс зад шарора.
Афканда зи турраи гираҳгир
Дар гардани ҷони Қайс занҷир.
Султони сипоҳи ишқи он моҳ,
Мулки дили Қайс ҷуст ногоҳ.
Чандон ки сипоҳро назар кард,
Ғавғои сипоҳи ишқ сар кард.
Ғам бо сипаҳе чунон ки донӣ,
Ҷон дода барои ҷонситонӣ.
Тороҷ ба лашкари гаронсанг,
Ҳар лашкарияш ба ҳеш дар ҷанг.
Ҷавр аз тарафе, ҷафо зи сӯе,
Айл ҳашамею ҳою ҳуе.
Лашкар ба чунин ҳарорату тафт,
Меомаду мегузашту мерафт.
То шаҳри вуҷуди Қайс яксар,
Шуд хусрави ишқро мусаххар.
Ҷуз лашкари ишқи шаҳриёраш
Дайёр намонд дар диёраш.
Ишқе ба чунин сифат кӣ дидӣ?
Таърифи сипоҳи ӯ шунидӣ?
Мулки дили Қайс карда тасхир,
Гаҳ наъраи «дор»-у гаҳ дами «гир»
Ӯ содадили ситамнадида
Заҳри ғами ишқ ночашида.
Ноёфта иттилоъ бар хеш
Будаст зи хусравон фаро беш.
Бартар зи худе наёфта дар шаҳр,
Нашнида ба сони хеш дар даҳр.
Шоҳаншаҳи ақрабову пайванд,
Бар модару бар падар Худованд.
Бар халқи ҷаҳон ҷаҳоншоҳ ӯ,
Бар аҳли қабила подшоҳ ӯ.
Зоҳир шудани дилбастагии Қайс ва Лайлӣ
Он, к-аз Араб аст қиссапардоз,
Кард аз арабона ин садо соз.
К-атфоли араб чу ҳола бастанд,
Яъне ки ба гирди маҳ нишастанд.
Машғули сабақ шуданд ҳар як,
Ҷуз Қайси рамида в-он дигар як.
К-ӯ низ чу Қайс зор будаст,
Дилдодаву беқарор будаст.
Аз Қайс ба ишқ буда дар пеш,
Дар ғусса зиёда дар алам пеш.
Мусҳаф, ки пайи сабақ кушода,
В-андар пайи ҳам варақ кушода.
Баҳри сабақаш набуда ин ҳол,
Медид барии ошоқӣ фрл.
Кораш ба назар нуҳуфта будаст,
Лекин ба касе нагуфта будаст.
Доим раҳи офият сипарда
Парҳезу вараъ ба кор бурда.
Оре, санаме, ки дил рабояд,
Дар ситри ифоф хуш намояд.
Ҳарчанд дукони ҳусн гарм аст,
Гулгунаи чеҳратоб шарм аст.
Аз ғазалиёт
Ба гулгунҷомае дил додам боз,
Ба дасти қотиле афтодаам боз.
Ба якрангии он қаттолшева
Чи хун, к-аз дидаҳо накшодаам боз.
Ҳавои бандагии сарви нозе
Фитода дар сари озодаам боз.
Сӯи абрӯйи шӯхе кардк имо,
Ҳилоли абрӯи саҷҷодаам боз.
Шудам аз хеш чандон, бас кун, эй ишқ.,
Ки боз ояд ҳарифи бодаам боз.
Ҷудо з-он маҳ чиҳо, к-аз оҳу нола
Ба суйи чарх нафристодаам боз.
Нахоҳам чун Суҳайлӣ вусмаву холл,
Ки мадҳуши ҷамоли содаам боз.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.