Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Ҳаёти фарҳангии давраи Сомониён

Имрӯз ба шарофати пешрафти илмҳои гуногун таҳқиқи фарҳанги халқи тоҷик дар давраи асрҳоиIX-X имконпазир гаштааст. Дар асрҳои IX-X фарҳанги халқи тоҷик хеле тараққӣ ёфт. Сулолаи Сомониҳо, ки аз ҳамватанони худ дастгирӣ меҷуст, анъана, хату савод, забони модарӣ ва адабиётро парвариш ва инкишоф додҲаёти фарҳангии давраи Сомониён
Имрӯз ба шарофати пешрафти илмҳои гуногун таҳқиқи фарҳанги халқи тоҷик дар давраи асрҳои IX-X имконпазир гаштааст. Дар асрҳои IX-X фарҳанги халқи тоҷик хеле тараққӣ ёфт. Сулолаи Сомониҳо, ки аз ҳамватанони худ дастгирӣ меҷуст, анъана, хату савод, забони модарӣ ва адабиётро парвариш ва инкишоф дод. Пешрафти фарҳанги маҳаллии Мовароуннаҳру Хуросон, ки дар заминаи анъанаҳои бисёрасраи ниёгони тоҷикон амал мекард, ба густариши ҳамагони забони форсии дарии тоҷикӣ мусоидат намуд. Назм ва насри бадеию илмӣ ба ин забон пешрафти босуръат пайдо кард. Инкишофи илмҳои риёзӣ, нуҷум, ҷуғрофия, кимиё, тиб, таърих ва адаб босуръат идома меёфт.
Шаҳрҳои асосӣ Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Бунҷакат, Ҳулбук, Термез ва ғайра ба марказҳои калони фарҳанги давр табдил ёфтанд. Олимон аз аксар кишварҳои мусулмонӣ ба пойтахти маркази фарҳангии Шарқ гирд меомаданд. Дар Бухоро китобхонаи хеле ғание бунёд гашт, ки он бо номи Сивон-ул-ҳикмат (Ганҷинаи ҳикмат) машҳур буд. Дар он ҷо китобҳо доир ба илмҳои гуногун мафҳуз буда, дар баёни онҳо китобҳои нодир ҳам ҷой доранд. Дар бозори китобфурӯшии Бухоро китобҳои нодир ва асарҳои хуби илмии ҳамондавраро пайдо кардан мумкин буд.
Тавсифи ҳаёти фарҳангӣ ва илмии ин давраро маълумоти Алҷоҳиз пурра мекунад: дар рӯи замин санъати волое аз (соҳаи) адабиёт, фалсафа, ҳисоб, ҳандаса, мусиқӣ, косибӣ, фиқҳ, суннат (маърифат)-е нест, ки дар он Хуросонҳо бар донишмандони асосӣ ва уламо ғолиб наомада бошанд.
Дар ҳайёти фарҳангии асрҳои IX-X илм ба комёбиҳои бузург ноил гашт. Шумораи олимон доир ба соҳаҳои гуногуни илм афзуд. Дар соҳаи таърих ва адабиётшиносӣ Абдуллоҳ ибни Муслим Марвазии Диноварӣ, машҳур ба ибни Қутайба (солҳои 828-889)-муаллифи “Китоб-ул-маориф” (китоб дар бораи шеъру шоирон), Абубакри Наршахӣ (вафоташ 959)-муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абӯллӣ Муҳаммад Балъамӣ, Абӯлмуайяди Балхӣ, муаллифи китоби “Аҷоиб-ул-Булдон” (аҷоиботи шаҳрҳо) ба забони дарӣ, “Шоҳнома”, “Гашоспнома” машҳур буданд. Аз ҷониби ҷуғрофияшиноси номаълум асари бузурги “Ҳудуд-ул-олам” тасниф шуд.
Мовароуннаҳру Хуросон маркази инкишофи илмҳои риёзӣ ва нуҷум буданд, ки онҳо дар заминаҳои ҷамъбасти чандасраи таҷрибаи объёрӣ ва техники маҳаллӣ, ҳисоби антиқию ҳиндӣ ба миён омаданд ва пешрафти минбаъдаи илмҳои риёзиро дар Осиё ва Аврупо таъмин карданд. Дар миёни олимон риёзидони бузург, мунаҷҷим ва ҷуғрофиядон Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмиро (тақрибан солҳои (780-850) таъкид кардан мумкин аст. Худи истилоҳи логарифм (таҳрифшудаи ал-Хоразмӣ) ва алгебра (алҷабр-калимаи аввали сарлавҳаи асари ал-Хоразмӣ доир ба ал-ҷабр) ба илм ба пешрафти асрҳои ҳамин олим ворид гаштанд. Вай муодилаи дараҷаи якум ва дуюмро таҳқиқ намуд. Аҳмад ибни Абдуллоҳ Алмарвазӣ, машҳур ба Алҳабаш Алҳосиб (вафоташ тақ. 870) дар ҳисобҳояш тангенс, котангенс ва ҷадвали онҳоро ифода кардааст. Мунаҷҷим Абӯмаъшар ,Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ (ваф. 886) қариб чил асар офаридааст. Асари “Ҷомеи Мабодин-нуҷум”-ро Аббӯлабос Аҳмад Алфарғонаӣ (асри IX) тасниф кардааст. Олими машҳур Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри X) афзори нуҷуми зовиясанҷро кашф намуд ва онро дар асрҳои миёна барои муайян кардани вазъи аниқи сайёраҳо ва ситораҳои дар ҳудуди онҳо пайдошаванда истифода мебурданд. Абӯловафо Муҳаммад ал-Бузаҷонӣ (солҳои 940-998) як сил-силаи масъалаҳои геодезиро ҳал карда, тригонометрияро бонизом баён намуд.
Илми тиб низ тараққӣ кард. Олиму табибони мӯътабар чун Абӯбакр Рабеъ Аҳавайнии Бухороӣ (асри X) ва Ҳаким Майсарӣ (асри X) асарҳои зиёде ба забони модарии дарӣ (тоҷикӣ) таълиф намудаанд.
Алломаҳои бузурги Шарқӣ асарҳои миёна Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯрайҳони Берунии Хоразмӣ, ки дар илм нақши фаромӯшнашаванда гузоштаанд, дар ҳамин давр фаъолият доштанд.
Ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро таваллуд шуда, дар Бухоро ҳамаи илмҳои замонаашро омӯхта, ҳанӯз дар солҳои наврасӣ ба фаъолияти илмию табибӣ шурӯъ кардааст. Вай бузургтарин файласуф, табиатшинос, табиб, риёзидон, шоир ва муҳаққиқи нодиру мустақил мегардад. Ӯ доир ба ҳамаи соҳаҳои давраи худаш осори илмӣ боқӣ мондааст. Ибни Сино баёнгарӣ тамоюли пешқадами давраш буда, кӯшиш менамуд, ки майлу рағбатро ба омӯзи табиат бедор кунад, афкори таҳқиқию эҷодиро тақвият бахшад, комёбиҳои илми пешинаро аз назари танқидӣ баррасӣ карда, онро танзим намояд ва инкишоф диҳад.
Ибни Сино садҳо асар таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо “Китоб-уш-шифо”-асари фалсафии 18-ҷилда ва “Алқонун-фи-т-тиб” (қонуни тиб) энсиклопедияи тиббии 5-ҷилда мебошад, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд. Онҳо дар Шарқу Ғарб машҳур гаштаанд, бо забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб асрҳои зиёд “Ал-қонун” китоби дарсӣ ва табобатӣ буд. Андешаҳои фалсафии Ибни Сино зиддиятнок буданд, дар онҳо тамолюли моддигароӣ ва динию ангорагароӣ ҳамбастагӣ доштанд. Рӯҳониёни мусулмон Ибни Синоро барои андешаҳои бидъатомезаш таъқиб мекарданд. Вай 18-уми июни соли 1037 дар Ҳамадон вафот намуд.
Алломаи дигари бузург Абӯрайҳони Берунӣ (937-1048) доир ба риёзиёт, нуҷум, илми табиӣ, илми набот, ҷуғрофия, заминшиносӣ, илми ҷамоҳир, таъриху мардумшиносӣ асарҳои зиёде боқӣ мондааст. Дар байни осори Берунӣ “Осор-ул-боқия” доир ба тақвими халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз он ҷумла суғдиёну хоразмиён, китоби калоне оиди Ҳиндустон доир ба таърихи ибтидои асрҳои миёнаи ин кишвар бисёр машҳуранд. Қисмате аз рисолаи “Мифтоҳ-ун-нуҷум” оиди баёни муқаррарии асосҳои риёзиёт ва нуҷум боқӣ мондааст. Ҳамчунин доир ба риёзиёт ва ҷуғрофия рисолаи калони “Қонуни Масъудӣ”-ро офаридааст.
Абӯрайҳони Берунӣ дар Шарқи Миёна бори аввал имкони дар атрофи Офтоб чарх задании Заминро, яъне низоми гелиосентрии оламро пешгӯӣ кардааст. Вай бисёр ҳодисаҳои муҳими табиатро аз диди моддигароии соддалавҳона шарҳ дода, нуҷумро рад ва ба ҳамин минвол мавқеи идеализм ва динро объективан суст менамояд. Умуман, ба ҷаҳонбинии вай шаккокии оқилона хос аст. Ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Берунӣ низ пешқадам буда, вай ба адовати байни халқҳо муқобил буд.
Дар асрҳои IX-X адабиёт ва алалхусус назм хеле инкишоф ёфт. Ин қарнҳо давраи шукуфоӣ ва эътирофи расмии адабиёти тоҷик мебошад, ки хеле пеш пайдо шуда буд. Эҷодиёти як зумра шоирон аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абӯлқосим Фирдавсӣ, Абӯлҳасан Шаҳиди Балхӣ ва дигарон ба замони Сомониҳо таалуқ доранд.
Асосгузори эътироф гаштаи адабиёти классики тоҷик, зодаи деҳаи Панҷрӯдак, ҳозира деҳаи Панҷакент Рӯдакӣ мебошад. Вай ба шарофати истеъдоди шоирона, овози хуб, маҳорати мутрибӣ дар асбоби тоҷикии чанг соҳибшуҳрат гашт. То замони мо аз осори бузурги шеърии Рӯдакӣ пораҳои хурде камтар аз ду ҳазор мисраъ боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати олӣ дар эҷоди анвои шеърии ҳамон замон мебошад. Қасидаҳои Рӯдакӣ аз тасвири пурҷилои табиати кишвари азиз, тараннуми хушиҳои ҳаёт оғоз ёфтааст. Вай дар лирикааш ишқи поки инсонӣ, хирад, дониш, шараф, олиҳимматӣ, ростӣ, башардӯстӣ ва эҳтироми баланд ба меҳнатро васф кардааст.
Рӯдакӣ шоири мутафаккир буд, ки дар аксар шеърҳои вай нақши андешаҳои фалсафӣ ҳувайдост. Баъзе шеърҳои шоир аз ҳусни таваҷҷӯҳи вай ба қарматия шаҳодат медиҳад. Рӯдакӣ анвои асосии шеъри асримиёнагии тоҷик: маснавӣ, қасида, ғазал ва рӯбоиро ба камолот расондааст. Рӯдакӣ ба муқобили нобаробарии иҷтимоӣ эътироз баён кардааст.
Бузургтарин шоири давр, адабиёти классики форсу тоҷик Абӯлқосим Фирдавсӣ мебошад. Вай дар деҳаи Тӯси Хуросон, дар оилаи ашроф таввалуд шуда, маълумоти хубе гирифтааст. Андешаи ватандӯстонаи эрониён барои ташкили давлати мустақил, эҳёи анъанаҳои поймолшудаи халқи азиз, бузургии он ва эҳсоси ифтихори шахсӣ Фирдавсиро ба офаридани шоҳасари мӯҳташами ҷаҳонӣ “Шоҳнома” водор намуд. Вай онро соли 994 анҷом дода ва соли 1010 дуюмбора таҳрир намудааст.
Фирдавсӣ дар асараш достонҳои қаҳрамонии халқҳои Суғд, сакоиҳо, хоразмиён, бохтариён, уструшаниён, аз он ҷумла қиссаҳо дар бораи Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр ва амсоли он, роҷеъ ба шӯришҳои халқӣ бо сарварии Кова, Маздакро истифода кардааст. Фирдавсӣ ҳамчунин аз ёдгориҳи фарҳанги моддии муҳити Хуросону Мовароуннаҳр хеле зиёд баҳра бурдааст. Силсилаи корнамоиҳои Рустам ва навҳагарӣ бар марги Сиёвушро бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт дар байни тасвирҳои деворҳои Панҷакенти қадимӣ кашф кардаанд. Дар харобаҳои шаҳри Бунҷакат паннои калони чӯбини кандакоришуда бо тасвири саҳнаи муборизаи қувваи некӣ дар сурати Фаридуну Кова бо ҳомии бадӣ – шоҳи хунхор Заҳҳок пайдо шудаанд. Достони корнамоии Рустам дар матнҳои Суғдӣ, қиссаҳои асримиёнагӣ дар бораи Сиёвуш, Фариддун, Коваи оҳангар ва ёдгориҳои ёдшудаи санъати тасвирии мусаввараҳои Панҷакент ва кандакориҳои Бунҷакат, бешубҳа, сарчашмаҳои эронию тоҷикии пайдоиши мазмуну мундариҷаи “Шоҳнома” мебошанд. Таъсири Фирдавсӣ ба инкишофи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик хеле зиёд аст. Ашъори вай борҳо ба забонҳои гуногуни Шарқу Ғарб тарҷума гардидааст.
Эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва як зумра шоирони асрҳои IX-X шоҳиди пешрафти фавқуллодаи адабиёт, заминаҳои амиқи халқии он ва ба арсаи ҷаҳонӣ ҳанӯз дар асри X баромаданаш мебошад.
Дар асрҳои IX-X инкишофи фарҳанги мусиқӣ идома ёфта, заминаҳои онро ҳанӯз дар давраи қадимтарин ниёгони мо гузошта буданд. Тоҷикон аз қадим дорои маҳорати баланди навозандагӣ буда, сил-силаи намунаи санъати мусиқии навъу намудҳои гуногун (тантанавӣ, ҳарбӣ, ғиноӣ, мотамӣ ва ғ.) офарида шуданд. Эҷоди мусиқии классики анъанавии шифоӣ ва достонҳои мақомию созӣ оғоз ёфт, ки онҳо дар шакли “Дувоздаҳмақом” ва баъдан шакли такмилаш дар “Шашмақом” ҷамъбаст гардидаанд. Миқдори зиёди асбобҳои торӣ, нафасӣ ва зарбӣ, ҳамчунин номи суруду оҳангҳои асри IX-X маълуманд. Заминаҳои назариявии санъати мусиқӣ ташаккул ёфта, асарҳои Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯлабоси Бахтиёр ва дигарон маълум аст.
Шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороишӣ хеле васеъ инкишоф ёфтаанд. Дар бораи сатҳи баланди ҳунари меъморон, бинокорон, устоҳо, ороишгарон бинои мақбараи Сомоноён, ки дар асрҳои IX-X сохта шудааст, шаҳодат медиҳад. Мақбара аз хишти пухта бино гардида шакли мураббаъ дорад ва гунбазпуш аст. Дар гӯшаҳо аз берун сутунҳои бечорякӣ дорад, дар байни ҳар як намои чоргона тоқҳои воридӣ бо гунбазҳои равоқ мавҷуд аст. Дар мақбара соддагӣ ва ҳашамати шакл бо ороиши рушдёбанда, яъне рукаши деворҳо ки аз пораҳои хиштин иборатанд, омезиш ёфтаанд. Ин ороиш ҳам ҷиддӣ ва содда аст, дар он нақшу нигори мураккаб ва навиштаҷот нест. Дар усули меъмории мақбара ҳам анъанаи пешин ва ҳам таъсири меъмории замони феодалӣ мавҷуд аст.
Ёдгории бузурги меъмории дигаре, ки марҳилаи меъмории бошукӯҳро тавсиф медиҳад, мақбараи Араб-Отаи деҳаи Тими наздики Катақӯрғон мебошад. Мақбара бинои якҳуҷра, мураббаъ ва пештоқи дорои ороиш аст. Мақбараи кӯчакӣ якҳуҷайрагии охирин амири Сомониҳо Абӯиброҳим Исмоили Мунтасир дар наздикии шаҳри Каркӣ ба мақбараи Тим монанд аст. Ин мақбараи мурабаъшакл тақрибан соли 1005 аз хишти пухта сохта шудааст. Сохтори марказасози мақбара бо сутунҳои хаштқирраи паҳлуӣ вайро бо мақбараи Сомониҳо қарин мегардонад. Вале мавҷҷудияти пештоқ, ҳамчун шакли мушаххас ва ҳанӯз такмилёфтаи меъморӣ, гузариш аз тахтасангҳои алоҳида ба хиштҳои ороишӣ вайро ба доираи биноҳои қарни минбаъдаи XI наздик менамояд.
Мақбараи Арабода ва Мунтасир пешрафти меъмории асрҳои миёна, алалхусус, таҳаввули мақбараҳо аз сохти марказӣ ба пештоқӣ мавқеи муайянеро ишғол меунад. Дар ин меъмориҳо ҷараёне мегардад, ки дар он тарзи сохти марказӣ ба мақбараи Сомониҳо монанд, бо намои ҷой махсус вуҷуд дошта, пештоқи меъморӣ дигаргун гаштааст, ки он минбаъд аз ҷиҳати таносуб хеле инкишоф ёфтааст.
Сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи дар шаҳрҳо сохтани масчидҳои ҷомеъ, мақбараҳо, манораҳо, бозорҳои пӯшида маълумот медиҳанд. Дар меъмории давраи Сомониҳо танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда хишти пухтаро истифода мебурданд. Дар бинокорӣ аксаран хишти хом истифода мегардад. Ба биноҳои аз хишти хом сохта шудаи ин давра корвонсарои Хиркиз дар Термез, ду бинои Қизқалъа дар Марви бостонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Биноҳои Бухоро асосан аз хишти хом, чӯб ва синҷдор сохта шуда буданд. Намунаҳои олиҷаноби ҷузъҳои меъморӣ ва ороишӣ дар мавзеъҳои Болооби Зарафшон боқӣ мондаанд. Инҳо ёдгориҳои соҳаи кандакорӣ-меҳроби деҳаи Искодар, сутунҳо аз деҳаи Оббурдон, Куруд ва ғайра мебошад, ки нақшу нигори наботӣ ва тасвири ҳайвонҳо дорад.
Гаҷкории аз ҷиҳати бадеӣ олии қасри шоҳони Хутталӣ дар Ҳулбак бо нақшу нигори муқарнас аз тоқчаҳои оддии ҳандасӣ то гулбуриҳои мураккаб девори нақшини бузургро ташкил медиҳад. Ёдгории хуби бо ин усули бадеӣ бунёд шуда панели олиҷаноб гаҷкоришудаи асри X мебошад, ки дар Афросиёб (димнаи Самарқанди бостонӣ) пайдо шудааст ва нишонаҳои анъанаи бою қадимаро доро аст. Банду басти панел аз себаргаҳо, шаклҳои ҳандасии баргдор, доираҳои дорои ҳалқа ва ситораҳои шашқирра ва монанди он иборат аст. Биноҳои Бухоро низ бо гаҷкорӣ зиннат ёфта буданд.
Дар асрҳои IX-X ислом ва идеологияи мусулмонӣ ба таври қитъӣ устувор гашт. Гарчанде ислом дини маъмули давлатӣ ҳисобида мешуд, вале дар баробари густариши он ҷамоаи зардуштиён, монавиён ва масеҳиён амал менамудаанд. Аз ин рӯ, дар ҳаёти маънавии ҷамъият муборизаи шадиди ғоявӣ мушоҳида мегардад.
Дар нимаи аввали асри X дар Хуросону Мовароуннаҳр тарғиботи қарматия қувват гирифт. Қарматия ҳамчун фирқаи дини мусулмонӣ дар охири қарни IX дар ҷануби Байнаннаҳрайн дар заминаи ҷунбишҳои зидди феодалии кишоварзон пайдо шуда, баъд дар дигар кишварҳо густариш ёфта аст. Аз ҷиҳати идеологӣ қарматия бо исмоилия қаробат дорад, инчунин дар вай унсури тасаввуроти динии то исломӣ, аз он ҷумла маздакия мавҷуд аст. Қарматҳо моликияти хусусӣ будани заминро инкор намуда, бозгашт ба ҷамоаҳои деҳотиро тарғиб мекарданд, ки дар онҳо баробарии умумӣ танҳо дар байни аъзоҳои озоди он эътироф мегардид. Онҳо ичунин ҷонибдори ҳифзи ғуломӣ буда, тақсими барорбари воситаҳои истеъмолот мақсади ниҳоияшон буд. Кишоварзони аз ҷониби ашрофон истисморшафанда ғояҳои қарматия, алахусус, тарғиби ҷамоаи баробариро бисёр тез қабул намуданд.
Қарматия аз аввали пайдоишаш ҷунбиши аниқан пурихтилоф буд. Оммаи мардум ба ин ҷунбиш тамоюли эътироз бар зидди тартиботи нави ҳокимияти марказӣ бахшид. Аз ин рӯ дар дохили қарматия, ки зоҳиран ҳамчун як ҷараёни ягона амал мекард, тамоюли халқию деҳқонии онро аз ашрофиаш ва дар идеалогия унсурҳои хирадгароӣ ва фалсафаи аниқаро аз ирфон фарқ карлан лозим аст.
Ҳамин тариқ, дар асрҳои IX-X халқи тоҷик ба як қатор комёбиҳои фарҳангии беназире ноил шуданд, ки дар давраи инкишофи минбаъдаи ин халқ таъсири бузге расонидааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.