Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Заҳирии Самарқандӣ

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тољик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адибии ӯ маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд китобӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будаастЗаҳирии Самарқандӣ

Аз дӯст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В –аз ёр ба ҳар љавре безор шуд.

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тољик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адибии ӯ маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд китобӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаљљаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ӯ «Саиъ-уз-Заҳир фӣ љамъ-из-заҳир» («Гуфтори Заҳир барои маљлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ӯ-«Ағроз-ус-сиёст фӣ аъроз-ирриёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- Љамшед то шоҳони асри ХII – Санљар ибни Маликшоҳ, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ, ки ӯро дар таърихи адабиёти форс тољик хамчун насрнавис машҳур кард, «Синбоднома» мебошад. «Синбоднома» бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таърихи хеле қадима дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 м то 224 м.) таалуқ дорад.Аммо сарчашмаи имрӯзаи «синбоднома» ривояти паҳлавии асар буда, дар асри VIII аз паҳлавӣ ба араби тарљума шуда, ба таркиби китоби «Ҳазору як шаб» даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни араби он ба суриёни ва дар асри XI матни суриёнӣ ба забони юнонӣ ва баътар ба забониҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гуркӣ, лотинӣ, варонсавӣ, италиявӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ, ва ғайра тарљума шудааст. Дар адабиёти форс-тољик чанд таҳрири мустақили манзуму мансури «синбоднома» вуљуд дорад. Аввалин таҳрири «синбоднома» ба калами устод Рӯдакӣ таалуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқи мондааст. Таҳрири дуюми ба адиб ва тарљумони асри X Абулфавориси Самарқандӣ. Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абуфавориси Фанорӯзӣ супориш додаст, ки ӯ китоби «синбоднома» -ро аз забони паҳлавӣ ба тољики тарљума кунед.
Абулфавориси Фанорӯзӣ 950-951 «синбоднома» -ро аз паҳлавӣ ба тољики тарљума кардааст. Матни тарљумаи Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри ХI Азрақии Ҳиравии шоир матни тарљумаи Фанорӯзиро ба назм даровардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тарљумаи Фанорӯзиро аз нав таҳрир кардааст,ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953дар Теҳрон ва соли 1971Дущанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синбод» ба табъ расидаат. Мазмуни мухтасари «синбоднома» чуни аст:
-Дар сарзамини Ҳинд Қурдисном подшоҳи одилу донное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехӯрд. Аз қазо дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълимуи тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Хаким гузоштааст. Шоҳзода дар илму дониш рӯз то рӯз комил мегащт ва аз рӯи одат, дар назди дарбониён имтиҳон месупорид, барои ҳамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, рӯз љони шоҳзода дар хатар аст, ки ӯ то ҳафт рӯз бо кассе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои щоҳ, ки кайҳо боз ошиқу мафтуни ӯ гашта буд, ба назди шоҳзода рафта арзи дил карда, Шоҳзода ишқи канизакро рад карда,таъкид намуд, ки баъди ҳафт рӯзи хомуши ба назди шоҳ рафта бевафони канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси љон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. Ӯ ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳм кард. Подшоҳ аз хабар ба хашм омада ва ба қатли щоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода бархоста, дар бевафои занон ва зарари беандешагӣ ҳикоятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иљрои қатли шоҳзодаро бегуноҳии худро исбот кунад.
Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеъии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорӯзи бо сабки маснӯъи пуртакаллуф таҳрир када, гоҳ-гоҳе дар мавридҳои муовиқ шеърҳои тољикию арабиро љой додаст.
Заҳирии Самарқандӣ дар замин асар ақидаҳои иљтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кадааст.

«Ҳасан Тилаев»


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.