Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Абдураҳмони Ҷомӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу-тоҷик буд. Номи асосии у Абдурахмон, лакабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7-ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Абдураҳмони Ҷомӣ шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу-тоҷик буд. Номи асосии у Абдурахмон, лакабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.

Зиндагинома
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7-ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад; «Рузе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба хакикат шогирди падари худем, ки забон аз вай омухтаем».

Таҳсил
Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медихад. У дар назди Мавлоно Ҷунайди усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаони», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро , ки оид ба илмӣ баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантик аз олимони машҳури замон Хоча Алии Самаркандӣ ва Шахобиддин Мухаммади Чоҷарми сабак мегирад. Ҷомӣ аз кудаки зеҳни бурро ва акли расо дошт. У дорои хислати аҷибе буд; ба хар як чиз , ба хар як ходиса аз нуктаи назари танкиди, кунҷкови назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. У монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойхо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ катъи буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин ру, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз уҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Ҳамсаи мутахайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад. Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷу. Ҳоло онхо дар хучраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чоҷарми вориди хуҷра шуд. Шогирдон-Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд , Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Чавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машхур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Қушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.
Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гирифтаанд, -андеша мекард, роҳ мечуст устод. Пас фикру тадбир он аст , ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекори андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу руз мутолиа кунам ва ба дарсгуии шогирдон нағзтар тайёр шавам. Мавлоно Муҳаммади Чоҷарми шогирдонро ба мӯҳлати 40-руз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ чавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо карор доданд, ки ҳар руз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.
Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40-руз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чоҷарми ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои нихоят душворро тайёр мукард. Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод чавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт; Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гуям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон хам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам. Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд. Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. У на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд. Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт. У бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист , сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханхояш муҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад. Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. У аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошгарӣ (ваф.1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фиркаро кабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ—Саъдиддини Қошгари Ҷомӣ роҳбари маслаки Нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ мӯридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомузонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.

Мероси адабӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. У қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои уро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегуяд;
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субхонӣ.
Буд аз чил зиёд таснифаш,
Ру дар эъчоз кард таълифаш.
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дустонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арузу қофия, мусиқи иншо шудаанд, киммату арзиши зиёд дорад. Асари тарҷумаҳолии у «Нафахотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он, фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаю мактабҳои Афгонистон, Ирок, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад. Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳануз дар ҳамон замон шӯҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегуяд;
Агар ба форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истикбол.
В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гуяд,
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»
Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Бахористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирикӣ—ғазал, қасида, рӯбоӣ, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавкеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал –«Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм –«Воситатуликд» 493 ва дар девони сеюм—«Хотиматулхаёт» 296 газал омадааст, ки миқдори умуми онҳо 1805 ғазалро ташкил медихад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегуяд;
Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдоӣ,
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис аз шуури доноӣ.
Зикри дунон наёби андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсои.
Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ хаҷман хурд буда, аз 8 то15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзуъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луччатуласрор», «Ҷилоурруҳ» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қиммату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар қасидаи «Луччатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кудакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд;
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳи амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ гоҳ гадо нест, у шоҳ аст;
Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, у шаҳи баҳру бар аст.
Дар эҷодиёти Ҷомӣ рӯбоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханвари дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдуст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ бор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст;
Ҳар писар, к-у аз падар лофар, на аз фазлу хунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шоҳи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Сафарҳои Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. У шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохурд, суҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. У ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбари карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод. Ҷомӣ дустони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, суҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дусти ҷони, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсоли вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шуру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. У дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст;
Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омад эй ҷони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо хама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.